Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятии аксар кишварҳои олам рух медиҳанд, бешубҳа, бар асари имкониятҳои фароҳамовардаи фанновариҳои муосири иттилоотӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, навъҳои гуногуни мессэнҷерҳо) ба миён меоянд. Яъне, ҳоло тавассути майдонҳои муоширати гурӯҳиву инфиродӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ додугирифти оммавии ҳама гуна иттилоот фароҳам омада, як навъ сафарбарнамоии иҷтимоӣ ё таҳти идора гирифтани мафкураи инсонҳо амри маъмул гаштааст. Ин ҳолат тадриҷан ва ноаён дигаргуниҳои куллиро ба бор овардааст, ки таъсирашон аксар вақт миқёси кишварҳоро осон убур карда, боиси фалаҷшавии низомҳои ҷамъиятӣ мегарданд. Мисоли равшан рӯйдоду ҳаводисе шуда метавонанд, ки соли гузашта дар рафти интихоботҳои президентии баъзе аз кишварҳои олам ва пас аз он сар заданд.
Ҳаводиси сиёсии баамаломада собит намуд, ки таблиғот ё муоширати сиёсӣ аз тариқи интернет дар бисёр ҳолатҳо метавонад натиҷаҳое ҳам дошта бошад, ки ҳатто барои иштирокчиёнаш ғайриинтизоранд. Чунин ҳолат тасаввуротро дар бораи бетарафии фанновариҳои иттилоотии муосир дар идоракунии ҳаёти сиёсии ҷомеа батадриҷ коҳиш дода, инчунин, нишон дод, ки манфиатдорони ин ва ё он гурӯҳи сиёсӣ қудрати бартар нишон додани як рақиби сиёсиро нисбат ба рақиби дигар тавассути олами маҷозӣ дар ихтиёр доранд. Ҳар қадар он дасти ноаён ё қудрати пинҳон дар пушти пардаи шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол гардад, барои фаъолияти ниҳодҳои идоракунии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ паёмадҳои ногувор дошта метавонад. Хусусан, барои кишварҳое, ки роҳи идоракунии демократии ҳаёти ҷамъиятиро пеш гирифтан мехоҳанд.
Ба ибораи дигар, дар шабакаҳои иртиботии интернетӣ, қудрати азими таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеаро нафарону гурӯҳҳое ба даст оварда истодаанд, ки минбаъд метавонанд ба машруияти низомҳои ҷамъиятӣ латма ворид созанд. Зеро мақому манзалати онҳоро на иродаи бадастовардашуда аз мардум, балки тавоноии молиявию қудрати дар ихтиёр доштани манбаъҳои таъсиррасони фанновариҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд. Яъне, ширкатҳои бузурге, ки ин манбаъҳои таъсиррасониро дар ихтиёр доранд, на танҳо имкони сафарбарнамоии доираи васеи электоратро соҳибанд ва онро ба ихтиёри иштирокдорони баҳсҳои фазои виртуалӣ мегузоранд, балки худашон низ ба фишангҳои манфиатдор табдил ёфта истодаанд. Масалан, дар нооромиҳои пасазинтихоботии Беларус каналҳои махсуси тарғиботиеро айбдор мекунанд, ки аз шабакаи иттилоотии «Телеграмм» фаъолият мебурданд ва гуфта мешавад, ки рафтори сиёсии мардумро аз хориҷа идора мекарданд. Дар он маврид, яъне, замони авҷи нооромиҳо дар Беларус, издиҳоми мардум таҳти идораи иттилоотии аз чунин шабакаҳо сарозершуда боқӣ монда, имконияти тафовутгузорӣ байни манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагӣ ва ҷомеаро надоштанд.
Зимнан, таъсиргузориҳои густурдаи олами маҷозӣ, ки тайи солҳои охир сурат гирифта истодаанд, зарурати назорати рафтори одамонро дар платформаҳои иҷтимоӣ ба миён овардааст. Яке аз фишангҳои аз нигоҳи фанноварии иттилоотӣ хеле нозукона коркардшудаи назорат дар саҳнаҳои интернетӣ ба таври худкор полоишдиҳӣ ва ё таҳрири матну паём ё шарҳҳои нафарони дигарандеш ва пешгирии паҳншавии иттилооти аз нигоҳи манфиатҳои гурӯҳҳои пасипардагӣ таҳияшуда мебошад. Чунин ҳолатҳо ба таври возеҳ дар чорабиниҳои интихоботии Ҷумҳурии Беларус, ИМА, Ҷумҳурии Қирғизистон, даргириҳои ахири Қарабоғи Кӯҳӣ ва ғайра ба вуқӯъ пайвастанд, ки намунаи барҷастаи он қатъи суханронии роҳбари амалкунандаи давлат аз ҷониби шабакаҳои телевизионии MSNBC, ABC, CBS, CNBC ва NBC мебошад.
Намояндагони шабакаҳои бузурги иттилоотӣ иқрор мешаванд, ки солҳои охир тавассути пуштибонии молиявии ширкату шахсиятҳои гуногун барномаҳоеро таҳия карда истодаанд, ки имкони таҳриру безарар гардонидани ҳар гуна матнро дар интернет соҳиб аст. Ҳоло барномаҳое коркард шудаанд, ки дорои алгоритмҳои махсус мебошанд. Интихоби чунин усули полоиши иттилоот минбаъд имконияти роҳ ёфтани маводи ғаразнокро дар саҳифаҳои интернетӣ метавонад маҳдуд созад ва пахши иттилооти барои суст кардани машруияти низомҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ таҳияшударо пешгирӣ намояд. Ин ҷиҳат низомҳои ҷамъиятиро водор месозад, ки воқеиятҳои навро дарк карда, роҳҳои самараноки идоракуниро ҷустуҷӯ намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун истифодабарандаи хизматрасониҳои шабакаҳои бузурги фаромиллӣ бояд пайваста ба омӯзиши саривақтии паёмадҳои ногувори онҳо таваҷҷуҳ намояд ва дар заминаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳои муносиб андешад. Ҳамчунин, ба омодасозии мутахассисони самти веб-журналистика, барномасозӣ, робита бо ҷомеа ва ғайра дар заминаи фарогирии малакаи истифодаи фанновариҳои пешрафтаи иттилоотӣ ҳар чӣ бештар диққат диҳад.
Тибқи натиҷаи таҳқиқоти яке аз муассисаҳои бонуфузи пажӯҳишӣ, бештар аз панҷсад шабакаю саҳифаи интернетие дар «Телеграмм», «Фейсбук», «Инстаграм», «Твиттер», «Ютуб», «В контакте», «Одноклассники» ва ғайра ошкор шудаанд, ки аз ҷониби ташкилотҳои ифротгаро дар фазои Осиёи Марказӣ мавриди истифода будаанд. Ба онҳо танҳо 174 ҳазор нафар номнавис бошанд ҳам, вале миқёси воридшавии аслии корбаронро натиҷаҳои таҳқиқот бештар аз миллион нафар тахмин кардааст. Мушкилии дақиқ муайян кардани теъдоди онҳо аз он иборат аст, ки бештар аз хизматрасониҳои рамзишудаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз ташкилотҳои ифротгаро аз имкониятҳои фанновариҳои интернетӣ фаъолона истифода мебаранд. Яъне, ифротгароёни онлайнӣ пайваста малакаи корбарии иттилоотиро дар баробари монеаҳои эҷодшаванда такмил медиҳанд. Бинобар ин, ҷомеа низ бояд барои ҳифзи ҳудуди рақамиаш пайваста тадбирҳои муассир андешад. Зеро ҳоло бисёре аз мудохилаю таъсиррасониҳо ба ҳаёти ҷамъиятии кишварҳо дар заминаи рахнасозии ҳудуди рақамии онҳо сурат мегирад ва хисороти чунин амалҳоро пешбинӣ намудан мушкил аст.
Хайриддин УСМОНЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон