Тағйирёбии иқлим

Зимистони сард, вале камбориш

№6 (4268) 16.01.2021

8bb786e50ffd5cd51e0249fca8f0bee2Ё чаро буҳрони иқлимӣ нисбат ба пандемияи COVID — 19 хатари бештар дорад?

Рӯзҳои охири соли 2020 ва ибтидои соли 2021 ҳаво дар кишвар сард шуда, дар водиҳо шабона то 8-20 ва дар кӯҳҳо то 20-22 дараҷа паст гардид. Дар мавзеи Булункӯли ноҳияи Мурғоб ин нишондиҳанда 59 дараҷа сардиро ташкил дод, ки аз минтақаҳои қаҳратуни Федератсияи Россия дида, сардтар мебошад.

Мувофиқи маълумоти сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити ­зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамила Байдуллоева, солҳои пеш дар Булункӯл хунукӣ 35-36 дараҷаро ташкил медод. Фақат соли 1960 дар ин нуқтаи сардтарини кишвар ҳаво то 63 дараҷа хунук шуд.

Ҳама шоҳидем, ки дар давоми се ҳафта як маротиба барф борид, вале сардии ҳаво дер боз идома ёфта, чанд маротиба туман мушоҳида гардид. Солҳои гузашта дар водиҳо барф аз 2-3 рӯз зиёд наистода зуд об мешуд. Соли равон аз 10-уми январ ҳаво рӯзона гарм шуда, боиси обшавии барфу ях гардид.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, сабаби сарду хушк омадани ҳаво ва ба амал омадани туманҳои шиддатноки дурии бинишро то 100 метр пастгардонанда ба фазои кишвар омадани фишори баланди атмосферӣ ё «антисиклон»-е мебошад, ки аз Сибири Ғарбӣ ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва қисми зиёди Қафқоз даромада, сипас, то нимҷазираи Арабистон ҳаракат намуда, муддати зиёд муқими ин минтақаҳо гардид. Бинобар ворид гардидани ҳавои нисбатан гарми ­намнок ба ҳавои сард «конденсатсия» (буғшавӣ) авҷ гирифта, туманнокии зиёд ба мушоҳида расид.

Ҳавои сарду камбориш бори охир моҳи январи соли 2008 мушоҳида шуда буд. Он сол, бинобар яхбандии шадиди дарёҳо, таъминоти неруи барқ дар ҷумҳурӣ хеле мушкил шуда, сокинони деҳот шабонарӯз 3-5 соат бо барқ таъмин буданд. Он вақт мушкилоти таъмини гармӣ ва неруи барқ дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон низ ба назар расид.

Иқлимшиносон сардиҳои ғайримаъмулиро, дар баробари гармиҳои шадид, натиҷаи тағйирёбии иқлим медонанд. Аз рӯи маълумоти олимони факултети метеорологияи Донишгоҳи Сиэтли ИМА, солҳои 80 — уми асри XX дар сайёра соле ба ҳисоби миёна 100 — 120 офати табиӣ ба қайд гирифта мешуд. Пас аз соли 2000-ум ин рақам солона ба 500-600 ҳодиса расид. Яъне, нисбат ба 40 соли пеш ҳодисаҳои селу обхезӣ, хушкию беборишӣ, гармои шадид, сардии аз меъёр зиёду тӯлонӣ, боронҳои муссонии давомдор 5 маротиба зиёдтар ба қайд гирифта мешаванд. Зимистони сард ҷояшро якбора ба ҳавои гарм медиҳад. Ё баръакс, баъди тобистони гарм ҳаво дар тирамоҳ якбора сард шуда, боис ба мондани зироатҳо аз нашъунамо ва талафёбии ҳосили боғу токзор мешавад.

Сабаби дигаргуншавии иқлим сол то сол афзуншавии истифодаи сӯзишворӣ дар неругоҳҳои ҳароратӣ, корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт мебошад. Олимон ҳисоб кардаанд, ки ҳангоми сӯхтани 1 миллиард тонна сӯзишвории шартӣ ҳар сол ба фазо 500 миллион тонна оксиди карбон, 150 миллион тонна дуоксиди сулфур, зиёда аз 50 миллион тонна оксиди нитроген, 110 миллион тонна метан ва ғайра хориҷ мешавад. Соле дар натиҷаи фаъолияти инсон ба фазои сайёра ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 миллиард тонна партов хориҷ мешавад, ки 15 миллиард тоннаи он гази карбонат мебошад. Афзоиши газҳои парникӣ (гази карбонат, метан, оксиди нитроген) боис ба гармшавии фазои замин шуда, обшавии пиряхҳоро метезонад. Экологҳо бонги изтироб мезананд, ки дар натиҷаи авҷгирии обшавии пиряхҳои Гренландия ва Антарктика ҳар сол миллионҳо тонна захираи тозаи оби нӯшокӣ бебозгашт ба оби шӯри баҳру уқёнусҳо ҳамроҳ шуда истодааст.

Чӣ тавр метавон авҷгирии бештари фалокатро боздошт? Дар Конфронси байналмилалии Париж оид ба иқлим, ки моҳи декабри соли 2018 баргузор гардид, аз роҳбарони кишварҳо талаб карда шуд, ки истифодаи сӯзишвории карбондорро барои тавлиди энергия ва истеҳсоли молҳои саноатӣ кам намоянд. Таваҷҷуҳ ба рушди гидроэнергетика ва истифодаи неруи офтоб зиёд шуд.

Мудири шуъбаи технологияҳои нави Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Ҳаким Аҳмадов мегӯяд, ки 98 фоизи истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Дар баробари ин, истифода аз неруи офтоб ва шамол низ ба нафъи сокинони ҷумҳурӣ хоҳад буд.

Бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Афинаи Юнон соли 2007 ба кишвар 5 обгармкунаки офтобӣ оварда шуд, ки яке аз онҳо дар Бемористони шаҳраки якуми советҳои шаҳри Душанбе насб гардид. Касоне, ки ба ин муассисаи тиббӣ меомаданд, медиданд, ки ба шарофати ин таҷҳизот 24 соат оби гарм дастрас аст. Ба ҳамин минвол, метавон бо истифодаи хеле ками неруи барқ дар манзили сокинони деҳоти мамлакат системаи гармидиҳии хусусӣ (автономӣ) сохт. Дар ин сурат ҳар сол ҳазорон дарахт аз буридан эмин мемонанду манзили ҳамватанон дар мавсими сармо гарм мешавад.

Инчунин, насб кардани панелу обгармкунакҳои офтобӣ дар манзилҳои хусусӣ, мактабу нуқтаҳои тиббӣ сарбории трансформаторҳоро кам карда, садамаҳоро пешгирӣ мекунад. Бояд ҳар як сокини кишвар ба хунукиҳои ғайричашмдошт омода бошад. Зеро ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки сардиҳо дигар такрор намешаванд. Агар рафту дарёҳо аз сардӣ ях банданд, бо неругоҳҳои офтобӣ ҳар оила метавонад худро бо рӯшноӣ ва қисман гармӣ таъмин намояд. Роҳи дигари камкунии таъсири гармшавии иқлим шинонидани дарахту буттаҳо дар заминҳои бекорхобида мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳазорон гектар заминҳои талу теппаи бекорхобида мавҷуданд. Агар дар онҳо ниҳоли дарахту буттаҳои ба гармию камобӣ тобовар шинонем, миқдори гази карбонати изофӣ хеле кам шуда, иқлими мавзеъҳои атрофи боғу ҷангалзор дар гармои тобистон салқинтар мешавад.

Ҳоло, ки ҳама имкони дастрас кардани таҷҳизоти тавлиди барқу обгармкунаки офтобиро надоранд, роҳи ягонаи таъмини рӯшноию гармӣ сарфакорона истифода бурдани неруи барқи мавҷуда мебошад. Яъне, бояд ба талафи беҳудаи барқ роҳ надиҳем.

Мавзӯи сарфаю сариштакорӣ ва кам кардани хатари тағйирёбии иқлим бояд мавзӯи сӯҳбати рӯзмарраи ҳар як хонавода бошад. Чанде пеш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш гуфтаҳои миллиардери амрикоӣ Билл Гейтсро ҷонибдорӣ карда, изҳор намуд, ки буҳрони тағйирёбии иқлим аз пандемияи COVID – 19 дида зиёдтар ба башарият хатар дорад. Ба гуфтаи Антониу Гутерриш, агар мубориза бо гармшавии иқлимро дар сайёра вусъат набахшем, инсоният метавонад то ба асри XXII нарасад.

- Миллиардҳо нафар дар ҷаҳон аз бефаъолиятии мо зарар дида истодаанд. Бо сабаби вобастагӣ ба сӯзишвориҳои карбондор дар як ҷо қадам зада истодаем. Агар ҳамин ҳоло муборизаро оғоз накунем, асри кунунӣ шояд барои инсоният охирин гардад, — гуфтааст Дабири кулли СММ.

Ӯ аз сарварони кишварҳо даъват кардааст, ки бештар ба ҷойҳои кории «сабз» сармоягузорӣ кунанд, аз истеҳсолоти ифлоскунандаи муҳити зист тадриҷан даст кашанд, ҳангоми қабули қарорҳои молиявию сиёсӣ осебпазирии иқлимиро ба инобат гиранд, ба кишварҳое, ки дар самти мубориза баҳри солимии иқлим имконияти иқтисодӣ надоранд, кумак намоянд.

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ (2011) Тоҷикистон аз рӯи Индекси муҳосибавии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим миёни 28 кишвари Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Таъсироти номатлуби тағйирёбии иқлим бештар дар зироаткории лалмӣ ва истифодаи чарогоҳҳо ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, бояд мутобиқкуниро дар сатҳи маҳал вусъат диҳем, то ки расидани осеб ба иқтисодиёти мамлакат ва саломатии сокинони кишвар пешгирӣ шавад.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»