Дар сӯги узви Маҷлиси миллӣ дар даъвати дуюм (солҳои 2000 – 2005) ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати сеюм (солҳои 2005 – 2010) Наҳтулло Назаров
Бо номи Худои ҳар ду олам,
Созандаи ҷисму ҷони одам.
Бинмуда ба номи ӯ сухан сар,
Гӯшам бинамо ту, эй бародар!
Ман қисса кунам зи дӯсти ҷонӣ,
Аз рӯи вафою меҳрубонӣ.
Будем ба ҳам азизу дилбанд,
Гӯӣ зи азал будем пайванд.
Аз дидани рӯи ҳамдигар ҳам,
Хурсанд будему дур аз ғам.
Буд номи накӯш Наҳти Аллоҳ,
Ҳам марди шарифу поку огоҳ.
Марде, ки накӯву хоксор аст,
Озодадилу банангу ор аст.
Дар илми замона ку назираш,
Тобанда чу шед ҳам замираш.
Хушчеҳраву ҳам ширинсухан буд,
Ҳарфи хуши ӯ аз ин Ватан буд.
Ҳар хастадиле, ки шод мекард,
Мебахшиду хайру дод мекард.
Пайғом ба мо зи Боғ* овард,
Бар деҳаи худ чароғ овард.
Ӯ пайрави кори Пешво буд,
Доим ба канори Пешво буд.
Сад вою дареғи зиндагонӣ,
Рафт аз бари мо рафиқи ҷонӣ.
Мардона бизисту рафт чун мард,
Он ёри азизи беҳамовард.
Ҳар лаҳза варо ба ёд орам,
Сӯзад дилу ҷони беқарорам.
Дӯст аст зиёд, эй бародар,
Аммо набувад ба ӯ баробар.
Тақдир чунин будаст моро,
Тадбир чӣ сон кунам қазоро.
***
Ҳар гоҳ равам сари мазорат,
Бо дасти дуо кунам зиёрат.
Хоҳам зи Худованди ягона,
Бошӣ ба биҳишти ҷовидона.
То ҷон бувад марову то ҳуш,
Ҳаргиз насозамат фаромӯш.
*Боғ — Боғистон номи деҳаи навбунёде, ки Наҳтулло Назаров солҳои охири умрро дар он ҷо гузаронидааст.
Наврӯз СУЛТОНОВ