Ин унвони китоби адибаи боистеъдод Шамсия мебошад, ки умри кӯтоҳ дид. Китоб зери назари академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳия шуда, ҳамчунин, зикрномаҳоро дар бораи муаллиф ва эҷодиёташ дар бар мегирад. Китоб бо ин руҷӯъ оғоз ёфтааст: «Дар як умри кӯтаҳи худ чиҳое, ки аз сар нагзарондаам, чӣ шикасту рехтҳо, ки надидаам ва чӣ шаҳду заҳрҳо, ки начашидаам, ба чӣ парвозу уфтодагиҳо, ки дучор наомадаам…
Гар ин ҳамаро дучор намеомадам, намедидам, намечашидам, дарк намекардам, аз сар намегузаронидам, магар гуфта метавонистам, зистаам, умр ба сар бурдаам, зиндагӣ кардаам? Гуфта метавонистам магар?.. Бад буд ё хуб, кӯтаҳ буд ё дароз аз они ман буд, зиндагии ман буд, саргузашти ман буд, ки барои ҳамааш шукри беҳад ба Парвардигор…».
Аз миёни бонувони қаламкаши тоҷик дар асри XX ба Шамсия муяссар гардид, ки эҷодиёташ ҷоизаи ҷаҳонӣ — «Истеъдоди нодир»-ро сазовор гардад. Ҳамчунин, пас аз маргаш бо ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт ва санъат қадрдонӣ шуд ва бо маблағгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобаш — «Дар соҳили зиндагӣ» ба нашр расид.
Дар маҷмӯъ, то ба ҳол 14 асараш нашр ва ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»