Тасмим дар бобати қабули қонун бар зидди пурхӯрию исрофкорӣ дар Хитой
Мувофиқи маълумоти Оҷонсии иттилоотии «Синхуа», Кумитаи доимии маҷлиси намояндагони халқи Хитой тасмим гирифтааст, ки қонун «Дар бораи мубориза бо партовҳои озуқаворӣ ва истифодаи нодурусти маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Мувофиқи он, муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона)-е, ки ба мизоҷон ғизои бештар гирифтанро тарғиб мекунанд, бори аввал огоҳӣ гирифта, дар сурати такрор намудан 10 000 юан (1530 доллар) ҷарима месупоранд. Муассисаҳои зикршуда ба мизоҷон бояд таъкид намоянд, ки пурхӯрӣ зарар дорад. Агар мизоҷ ғизои гирифтаашро пурра нахӯрад, ҷарима мешавад.
Тибқи қонуни пешбинишуда шабакаҳои телевизиону радио, ки ба бештар харидани озуқаворӣ ё пурхӯрӣ даъват мекунанд, 100 000 юан (муодили 15000 доллар) ҷарима мешаванд.
Ғайр аз ин, мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо, муассисаҳои таълимӣ, бюроҳои сайру саёҳат вазифадоранд, ки сарфаю сариштакорӣ дар интихобу истеъмоли хӯрокро тарғиб намоянд.
Қонуни зикршуда дар асоси даъвати Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин пешниҳод шудааст. Ӯ дар яке аз маърӯзаҳояш исрофкорӣ дар истеъмоли ғизоро маҳкум карда, дар мамлакат маъракаи «Табақи тоза»- ро роҳандозӣ кард. Ин тадбир на танҳо аз лиҳози экологиву иқтисодӣ самарабахш аст, балки аз нигоҳи ахлоқӣ низ аҳамияти калон дорад. Хоса, дар сурате ки миллионҳо нафар дар ҷаҳон азоби гуруснагӣ мекашанду дигарон ғизои хӯрданбобро ба партовгоҳ мепартоянд.
Мувофиқи талаботи ислом низ ҷоиз нест, ки муъмин сер бошаду ҳамсояаш гурусна. Дар «Қуръон» низ таъкид шудааст, ки «Кулу вашрабу ва ло тусрифу» («Бихӯреду бинӯшед, вале исроф накунед!»).
Ғизоро исроф накуну ба дигарон деҳ
Аз рӯйи маълумоти Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (FAO), ҳар сол сеяки маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон ба партов рехта мешавад, мепӯсад ё ғайримақсаднок истифода мегардад. Агар 1,3 миллиард тонна ғизоеро, ки ҳар сол беҳуда талаф меёбад, ба 820 миллион сокини қашшоқу камбизоати ҷаҳон тақсим кунанд, гуруснагӣ аз байн меравад. Аз ин ҳисоб қариб як триллион доллар сарфа мешавад.
Бо мақсади пешгирии талафёбии ғизо чанд сол боз дар ҷаҳон ташаббусе паҳн шуд, ки он «фудшеринг» ном дошта, маънояш «ғизоро бо ҳам дидан (хӯрдан)» мебошад. Ҳаракати фудшеринг ё «шарикӣ дар ғизо» моҳи декабри соли 2012 дар Германия пайдо шуда, ҳадаф пешгирии табдилшавии озуқа ба партов аст. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2020, ба ҳисоби миёна соле дар ИМА ба ҳар як нафар 115 кило, кишварҳои Аврупо — 95, Россия — 56, қитъаи Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ — Шарқӣ 6 — 11 кило озуқа ба партов табдил меёбад.
Раванди ба партов табдил ёфтани озуқа якчанд марҳиларо дар бар мегирад. Масалан, дар Федератсияи Россия 20 дарсади талафёбӣ зимни ҷамъоварии ҳосил, коркарди аввалияи он ва кашонидан (транспортировка) рӯй медиҳад. Нуҳ дарсади дигар ҳангоми риоя накардани қоидаҳои нигоҳдорӣ дар анбору дӯконҳо мушоҳида мешавад. Қариб 12 дарсади маҳсулотро сокинон сари вақт истифода набурда, аз яхдон ба партовгоҳ мепартоянд. Дар маҷмӯъ, 40 дарсади маҳсулоти озуқаворӣ дар ин кишвари паҳновар беҳуда нобуд мешавад, ки бо он имкон буд 30 миллион нафар сер шаванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, теъдоди ашхоси камбизоат дар Россия қариб 20 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар дар пайравӣ бо ҳаракати фудшеринг Бунёди озуқавории «Русь» таъсис ёфтааст, ки ризокорон (волонтёр)-и он ғизои зиёдатиро аз созмону ашхоси хайрхоҳ ҷамъ оварда, ба муҳтоҷон тақсим мекунанд. Ҳамчунин, озуқаи муҳлати нигаҳдориаш ба поёнрасидаро, ки қобили истеъмоланд, ба камбизоатон дастрас менамоянд. Сарвари бунёди зикршуда Юлия Назарова ба хабарнигорон изҳор намудааст, ки агар бо усули фудшеринг соле 1 миллиону 200 ҳазор тонна озуқа аз талафёбӣ эмин монад, дар он сурат тамоми ашхоси камбизоати Россия метавонанд як моҳ бо озуқа таъмин шаванд.
Дар Фаронса соли 2016 қонун қабул шуд, ки мувофиқи он супермаркетҳо барои партофтани маҳсулоти қобили истифода ҷарима месупоранд. Вобаста ба ин, ҳама мағозаи хӯрокворӣ ҳатман бо ташкилотҳои хайриявӣ барои супурдани маҳсулоти муҳлаташон гузаштаю қобили истифода шартнома мебандад. Мувофиқи маълумоти Агентии миллӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва сарфаи энергияи Фаронса, ҳар сол ба ҳар сокини мамлакат 30 кило ғизои талафшуда рост меояд.
Аз исрофкории маҳсулоти озуқаворӣ соле Фаронса 12 — 20 миллиард евро зарар мебинад. Дар ин кишвар шаҳрвандон фаъолона ба ҳаракати фудшеринг ҳамроҳ мешаванд. Масалан, ҳуқуқшиноси фаронсавӣ Ораш Дерамбарш бо супермаркети калони шаҳраки назди Париж шартнома баста, ҳафтае се маротиба аз он маҳсулоти муддати нигаҳдориашон ба поёнрасидаро гирифта, ба оилаҳои камбизоат тақсим мекард. Ташаббуси Орашро 210000 франсузи соҳиби касбу кори гуногун дастгирӣ намуданд.
Бисёр вақт мушоҳида мекунем, ки баъзе аз харидорони назарбаланд ҳангоми интихоб мева ё сабзавоти каме рангу шаклашон ғайримуқаррариро як сӯ гузошта, намегиранд. Ҳол он ки «моли назарногир» аз ҷиҳати таъм аз дигар меваю сабзавоти интихобкардаашон беҳтар аст. Яъне, аксар харидорон маҳсулоти намуди зоҳириашон беҳтарро интихоб мекунанд. Кооперативи «Fruta Feia»-и Португалия ҳар ҳафта чунин меваю сабзавоти аз назари харидорон дурмондаро ҷамъ карда, ба муҳтоҷон тақсим мекунад. Сарвари кооператив хонум Изабел Соарес дар мошини сайёраш чунин шиорро насб кардааст: «Одамони зебо меваю сабзавоти назарногирро интихоб мекунанд». Бо ин роҳ ӯ ҳар ҳафта 10 тонна меваю сабзавотро аз партов шудан ҳифз менамояд.
Ширкати «Oz Harvest» ҳар моҳ дар Австралия 125 тонна маҳсулоти хӯрданбоб, вале намуди зоҳириашон ба харидорони назарбаланд номақбулро аз талафёбӣ эмин медорад. Соли гузашта сарвари ширкат Рони супермаркете сохта, дар девори он чунин шиорро насб кард: «Бигир, он миқдорро, ки бароят зарур аст. Бидеҳ, он миқдоре, ки қудрат дорӣ». Рони ҳар моҳ ба шогирдони 76 мактабе, ки дар ноҳияҳои мардумашон камбизоат воқеанд, аз ҳисоби меваю сабзавоти «назарногир» хӯроки бепул ташкил мекунад. Илова бар ин, вобаста ба пешгирии исрофкорӣ, интихоби дурусти ғизои солим ва манфиати сарфаю сариштакорӣ семинару конфронсҳо мегузаронад. Ташкилот дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавонавардии «Virdin Australia» хӯроквории аз мусофирон зиёдатикардаро ба кӯдакони ятиму муҳтоҷ тақсим мекунад, ки дар як моҳ ба 8 тонна мерасад.
Хуб мешуд, ки ба ин таҷриба пайравӣ намуда, ғизои аз мусофирон зиёдатикардаи ҳавопаймоҳои ба фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд меомадаро ба хона-интернатҳои кӯдакони ятим ва маъюб тақсим намоянд.
Аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии ҳифзи озуқаворӣ
Яке аз фаъолони ҳаракати Food Waste Тристрам Стюарти британиягӣ зимни як конфронси байналмилалӣ изҳор намуд, ки аксари кишварҳо бо мақсади гирифтани ҳосили баланд захираҳои сайёраро суиистифода карда истодаанд. Аз ҷумла, дар кишварҳои мутараққӣ маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозору дӯконҳо нисбат ба талаботи аҳолӣ 3 — 4 маротиба зиёдтар аст. Парламенти Иттиҳоди Аврупо ҳукуматҳои кишварҳои аъзоро вазифадор намуд, ки то соли 2030 ҳаҷми талафоти маҳсулоти хӯроквориро 50 дарсад кам намоянд.
Бисёриҳо вақте мебинанд, ки нон каме пӯпанак (мағор) бастааст, мавз (банан) сиёҳ шудааст ва ё муҳлати истифодаи ҷурғот тамом шудааст, онро ба сатили партов меандозанд. Ҳангоми ба партовгоҳ партофтани маҳсулоти хӯроквории истифоданашуда мо газҳои парникиеро, ки баъди пӯсидани озуқаворӣ хориҷ мешавад, ба назар намегирем. Бӯйи баде, ки аз партовгоҳҳо мебарояд, натиҷаи пӯсидани маҳсулоти хӯроквории партофташуда аст.
Олимон ҳисоб кардаанд, ки барои рӯёнидани 1 кило сабзавот 322 литр, як кило гӯшти мурғ 4325 литр ва як кило гӯшти гов 15415 литр об зарур аст. Ҳамин тавр дар як сол зиёда аз 66 триллион галлон об барои рӯёнидани парвариши маҳсулоти аз истеъмол берунмонда сарф мешавад. Захираҳои замини кишт дар сайёра маҳдуданд. Зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, аз меъёр зиёд обёрӣ кардан боиси фарсудашавии замин ва камшавии масоҳати ҷангал мегардад. Чунончӣ, 80 дарсади майдони ҷангалҳои буридашудаи Амазонка барои парвариши чорвои калон истифода мешавад. Дар маҷмӯъ, 28 дарсади майдони кишоварзии ҷаҳон барои маҳсулоте банд шудаанд, ки оқибат ба партов мераванд. Илова бар, ин аз шудгор то киштукору ҷамъоварии ҳосил ва ба бозору дӯкон интиқол додани озуқаворӣ миллионҳо тонна соляркаву бензин сарф мешавад. Масалан, соли 2010 маҷмӯи газҳои парникии аз маҳсулоти партовӣ ҳосилшуда 3,3 миллиард тоннаро ташкил дод. «Изи карбонӣ»-и аз тамоми нақлиёти ИМА хориҷшуда бошад, якуним миллиард тоннаро ташкил дод. Метан, гази карбонат ва хлорфторкарбонати аз партовҳо хориҷшуда боиси гармшавии иқлим мешаванд.
Мувофиқи маълумоти Нақшаи амал оид ба коркарди партови маҳсулоти озуқавории Шоҳигарии Британия (WRAP), агар партовҳои озуқа аз партовгоҳҳо сари вақт тоза шаванд, ихроҷи газҳои парникӣ баробари 20 дарсади нақлиёт кам хоҳанд шуд. Масъулини Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) чанде пеш изҳор намуданд, ки баъзе аз харидорон маҳсулоти озуқаро зиёда аз талабот харида, боиси қиматшавии озуқаворӣ ва камчиншавии он мегарданд. Ҳоло 8 дарсади газҳои парникии ҷаҳон, талафоти 24 дарсади оби нӯшокӣ ва 28 миллион тонна нурию заҳрхимикатҳо ба маҳсулоти озуқаи аз истифода берунмонда рост меоянд.
Папаи Рим — Франсиск чунин исрофкориро мазаммат намуда гуфтааст: «Ғизои хӯрданбобро партофтан маънии дуздӣ аз дастурхони гуруснагону камбағалонро дорад».
Сарфакор қашшоқ намешавад
Дар ҷумҳурии мо қисми асосии маош сарфи маҳсулоти озуқаворӣ (орд, нон, равған, сабзавот, макарон, шакар, шир…) мешавад. Аз рӯи маълумоти Оҷонсии иттилоотии «Рейтинг» барои харидани озуқаворӣ дар Қазоқистон 49,4 дарсад, Украина — 47,9, Россия — 29,7, Эстония — 21,5, Туркия — 20,8, Белгия — 14,0, Дания — 12,1, Нидерландия -10,6 ва Люксембург 8,4 дарсади буҷети оила сарф мешудааст. Тавре аз маълумот бармеояд, сокинони кишварҳои нисбатан пешрафта барои харидани озуқаворӣ нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф камтар сарф мекардаанд. Маълум аст, ки дар кишварҳои мутараққӣ ба сарфаю сариштакорӣ эътибори зиёд медиҳанд. Дар як ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Сарфакор қашшоқ намешавад». Яъне, касе ки сарфаю сариштакор аст, муҳтоҷ намегардад.
Ташкилоти байналмилалии озуқа бо мақсади пешгирии ба партов табдилёбии озуқаворӣ чунин тавсия додааст:
1. Ҳаҷми партовро аз замони истеҳсоли маҳсулот бояд кам кард.
2. Аз маҳсулоте, ки муҳлати истифодаашон кам мондааст, кетчуп, шарбат, мураббо ва хушкмева тайёр намоед.
3. Маҳсулотро мувофиқи ниёзи аҳли оила харед.
4. Қоидаҳои нигоҳдории маҳсулотро риоя намоед.
5. Ғизои дар ошхона ё тарабхона зиёдатикардаро бо худ гиред, то исроф нашавад.
6. Нони ду — серӯзаро барои мағор назадан бурида, хушк кунед.
7. Ғизое, ки дигар қобили истеъмол нест, ба парандагон ё чорво диҳед.
8. Пасмондаи ғизое, ки дигар барои истеъмоли одам, паранда ва чорво мувофиқ нест, дар чуқурӣ рехта, бо хок пӯшонед. Баъди 4 — 5 моҳ он барои ғизодиҳии зироат нурӣ мешавад.
Дар китоби «Марворидҳои дурахшон» Мавлоно Анваршоҳи Кашмирӣ фармудааст: «Одоби ҷамъкунии дастархон ин аст, ки устухон, пардаи гӯшт, пӯчоқи мева, мағзи нон алоҳида гирифта шавад. Устухон барои саг, пардаи гӯшт барои гурба, пучоқи мева барои чорво ва мағзи нон барои мурғ (паранда). Коре бояд кард, ки ягон неъмати Худованд беҳуда зоеъ нашавад».
Агар мо ҳам сарфаю сариштакориро дар ҷойи кору таҳсил ва оила шиор гардонида, ба зоеъ шудани неъматҳо роҳ надиҳем, аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ бурд хоҳем кард.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»