Соли сипаришуда аз ҳисоби сохтмону таъмири бинову иншоот дар ташкилоту муассисаҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 193 адад ҷойҳои нави кор муҳайё карда шуд. Дар ин хусус раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев 9 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Номбурда зикр кард, ки корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти ин ниҳод соли гузашта 155 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
- Мутобиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар арафаи ҳамаи ҷашну чорабиниҳо, аз ҷумла, ба муносибати Соли нави мелодӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, моҳи Рамазон, иди Қурбон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра, ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор намуд, ки ба ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулот ва танзими нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе мусоидат кард, — гуфт Ҳусайн Идиев.
Ба гуфтаи ӯ то 1 декабри соли 2020 дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои соҳа 2364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 633 тонна ангишт захира карда шуд. Ҳоло дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 45 адад анбори захираи маҳсулоти кишоварзӣ ба масоҳати 15790 метри мукааб мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 1828 нафар фаъолият менамоянд, ки 767 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд.
С. Суннатӣ,
«Садои мардум»