- Соли гузашта вобаста ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 маротиба қабули шаҳрвандон роҳандозӣ шуда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиати хаттии 4015 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
Ба «Телефони боварӣ»-и вазорат 395 занги телефонӣ ворид шуда, муроҷиатҳо асосан фарогири масъалаҳои азхудкунии заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ, аз меъёр зиёд талаб намудани маблағ дар боғчаҳо, пардохт нашудани музди меҳнату рухсатипулии омӯзгорон, барзиёд талаб кардани маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, рафтору муносибати дағалонаи баъзе аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон, ҷамъоварии маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ва харидории лавозимоти зарурӣ барои синф, шаффоф нагузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагон ва озмуни квота дар даври ноҳиявию вилоятӣ, аз ҷониби волидон пардохт нагардидани маблағи моҳонаи муассисаҳои таълимии хусусӣ ва амсоли инҳо мебошанд, — иброз дошт, аз ҷумла, зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ва идомаи вақти нишастро, ки беш аз якуним соатро фаро гирифт, ба ихтиёри намояндагони воситаҳои ахбори омма гузошт, то ин ки онҳо роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон аз роҳбарону масъулини соҳа посух гиранд.
Азбаски таҳсилоти томактабӣ самти афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳи рӯзноманигоронро аз ҳама бештар ҷалб намуд. Шумораи муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба онҳо тадриҷан дар ҳоли афзоиш бошад ҳам, вале он ҷавобгӯи талаби рӯз набуда, бунёд, баргардонидан, барқарор намудан ва таъмири муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла марказҳои инкишофи кӯдак, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, вазъу сифати таҳсил дар мактаб — интернатҳо, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, нақшаи чорабиниҳои вазорат оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ» дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040», таъмини муассисаҳои таълимию илмӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ бо технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, маблағгузорӣ дар соҳа, муносибатҳои байналмилалӣ ва таъминот бо китобҳои дарсию бадеӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки роҷеъ ба онҳо шарҳу тавзеҳоти муфассал дода шуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»