- Мақомоти судӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа соли сипаришуда 134612 парванда ва дархосту пешниҳодро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида дар марҳилаи якум 137664 ададро парвандаи гражданӣ, 41104 — оилавӣ, 9749 — ҷиноятӣ, 49210 — парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 6989 — дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 6166 ададро пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ, Хадамоти иҷро ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил медиҳанд, — иброз дошт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки 8 феврали соли ҷорӣ доир гардид.
Дар марҳилаи кассатсионию назоратии судҳои болоӣ аз рӯи шикояту эътирозҳо 7630 санади судӣ мавриди санҷишу баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузашта аз ҷониби судҳо 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, нисбат ба 600 нафар ба маблағи умумии 2599919 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд.
Ҳамчунин, бобати вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» судҳои ҷумҳурӣ 15002 парвандаро баррасӣ намуда, нисбат ба 5929 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 7299 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1176187 сомонӣ таъин карданд.
- Бо мақсади аз байн бурдани камбудию норасоиҳои дар фаъолияти судяҳо ҷойдошта ва беҳтар намудани кори мақомоти судӣ амалӣ намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, муовинони раис, раисони коллегияҳои судии Суди Олӣ, раисони судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки назоратро аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ ҷиҳати баррасии ҳаматарафа, пурра, холисона ва саривақтии парвандаҳо, қабули санадҳои қонунию асоснок ва назорати иҷрои онҳо пурзӯр намоянд. Ҳамчунин, раёсати таъмини ташкили кори судҳои Суди Олӣ вазифадор гардид, ки арзу шикоятҳои нисбат ба фаъолияти судяҳо воридшударо фавран мавриди санҷиш қарор дода, дар хусуси ҳар як ҳолати сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, насупоридани нусхаи санадҳои судӣ, ба суди болоӣ ирсол накардани парвандаҳо аз рӯи шикоятҳои кассатсионию назоратӣ ва ба иҷро нарасонидани санадҳои судӣ ба раиси Суди Олӣ маълумоти мушаххас пешниҳод намояд, — гуфт раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар идома ба саволҳои рӯзноманигорон посух дод.
Аз ҷумла, ба саволи хабарнигор дар бораи то чӣ андоза дуруст будани даъвои собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ки бо ҳукми Суди шаҳри Кӯлоб ба муҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум гардида, баъди шунидани ҳукми суд изҳор дошт: «Дар Тоҷикистон адолати судӣ нест», раиси Суди Олӣ гуфт:
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ пурра таъмин аст. Агар чунин намебуд, Баҳром Иноятзода ҳоло дар курсии судшаванда наменишаст. Ӯ танҳо барои хариду фурӯши замин не, балки бо якчанд ҷиноят айбдор дониста шудааст. Чаро ӯ боре фикр накард, ки барои чӣ дар курсии айбдоршаванда нишастаасту барои аъмоли содирнамуда назди қонун ҷавоб мегӯяд?
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум»