Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Сино аз ҳисоби Ноҳияи Рӯдакӣ васеъ шуд

№23 (4285) 20.02.2021

U19A5655Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт, ки 16 феврали соли равон доир гардид, раиси ноҳия Нусратулло Салимзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар соли 2020 сухан ронда, аз ҷумла гуфт, ки  бо вуҷуди хавфи паҳншавии бемории коронавирус, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 102,9  фоиз иҷро шуда, ба буҷет 798,5 миллион сомонӣ ворид гардид.

Коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки 191 адад­ро ташкил медиҳанд, дар маҷмӯъ ба маблағи 907,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ба 111,1 фоизи нақша баробар аст.

Н. Салимзода, ҳамчунин, зикр кард, ки дар 64 корхона ё 33,5 фоизи шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзуда, дар 81 корхонаи дигар ҳаҷми он 51,7 миллион сомонӣ кам гардид.

Воридоти маҳсулот 107,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, содирот ба 6,3 миллион доллари ИМА расид, ки 1,8 баробари нақшаро ташкил менамояд.

Корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағгузорӣ ва  сармояи асосӣ ба маблағи 820,3 миллион сомонӣ иҷро шуда, ба 68,6  фоизи нишондиҳандаи соли 2019 баробар мебошад. Дар натиҷаи ба кор андохтани 1406,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ 112630 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки  нисбат ба соли 2019-ум 68,3 фоизро ташкил медиҳад.

- Соли 2020 аз ҳисоби деҳоти «Чоряккорон», «Чимтеппа», «Чортеппа», «Сарикиштӣ» ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳия 77799 нафар ва 2324 гектар замин ворид гардид, — афзуд Н. Салимзода.

Н.НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»