Дар Бадахшон 658 иншоот ба истифода дода шуд- Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду таъмири 613 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ҳол 339 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, инчунин, берун аз нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ 319 иншооти дигари ҷашнӣ сохта шуданд. Дар ин бора раиси ВМКБ Ёдгор Файзов зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, аз ҷумла, гуфт:
- Соли 2020 ҳаҷми сармояи асосӣ барои корҳои иҷрогардидаи сохтмониву меъморӣ дар вилоят 376 миллиону 746 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 127 миллиону 475,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз он, 122,2 млн. сомонӣ маблағгузории давлатӣ буда, 201,1 млн. — сармояи хориҷӣ ва 53,4 млн. сомониро бахши хусусӣ ташкил медиҳад.
Раиси вилоят афзуд, ки ҷиҳати омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ дар сохторҳои хоҷагидории вилоят ба миқдори 825 тонна ғалладона, 2 тонна ҷуворимакка ва 3095 тонна тухмии картошка захира шудааст. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли 2020 ба вилоят 20 тонна тухмии картошкаи навъи «Элита» аз Аврупо, 54 тонна тухмии картошкаи репродуксияи якум аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва миқдори муайяни тухмӣ аз ноҳияи Деваштич ба вилоят ворид гардид.
- Дар умум, истифодаи замин соли 2020 нисбат ба солҳои пеш хеле хуб ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва шарикони рушд аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳо 78 га замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳолати мелиоративии зиёда аз 250 га майдони замини корам бо усули тоза намудани заҳбуру заҳкаш ва гузаронидани қубурҳо беҳтар карда шуд, — гуфт раиси ВМКБ.
Ба таъкиди Ё. Файзов таъмини аҳолии вилоят бо ҷойи кор асосан тавассути бахши хусусӣ, ташкили корхонаҳо, нуқтаҳои гуногуни хизмати маишӣ, сайёҳӣ, иншооти сохтмонӣ ва ғайра сурат гирифт. Аммо ташкили шакли нави кор ба монанди ба роҳ мондани хизматрасонӣ аз тариқи онлайнӣ барои ширкатҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ривоҷ ёфта, айни ҳол дар «Маркази инноватсионии Помир» 70 ҷавони забондон соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 216,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 6,6 фоиз, саноати коркард 45,5 фоиз кам гардид.
- Бинобар сардии ҳавои оғози моҳи декабр ва ях кардани оби дарёҳо, зиёд гардидани талабот ба қувваи барқ, камчинии барқ дар вилоят ба назар расида, маҳдудияти барқ дар ноҳияҳои вилоят аз 10 то 12 соат ҷорӣ карда шуд, ки ба истеҳсоли саноати коркард таъсири манфӣ расонд. Илова бар ин, кам дохил шудани ғалла ба комбинати коркарди ғалла, истеҳсоли нокифояи нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб ва коғаз сабаби дигари коҳишёбии соҳаи саноат маҳсуб меёбад, — афзуд Ё. Файзов.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»