25 феврали соли 2021 ҷаласаи якуми Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври фосилавӣ баргузор гардид. Дар он раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода баромад намуда, дуруду паёми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзодаро ба Раиси Шӯрои миллии Федеролии АМА Сақр Ғубош расонид. Инчунин, Ҳукумат ва мардуми АМА-ро барои муваффақона амалӣ шудани барномаи илмии «Мисбор ал-Амал» («Истгоҳи автоматии байнисайёравии «Умед») муборакбод гуфт.
- 9 феврали соли ҷорӣ радиозонди кайҳонии «Умед» ба мадори Миррих ворид гардид. АМА аввалин кишвари араб ва панҷумин кишвари ҷаҳон аст, ки зондро ба Миррих фиристода, ба Клуби кишварҳои кайҳонӣ шомил гардид. Ва аз чунин дастовардҳои АМА дар соҳаи кайҳонӣ бениҳоят ифтихор дорем, — иброз дошт Файзулло Баротзода ва афзуд, ки соли 2020 ҳар ду кишвари бародар ва дӯст 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил намуданд. Дар ин робита, табодули барқияҳои табрикӣ миёни роҳбарони олии кишварҳо ва вазирони корҳои хориҷӣ сурат гирифт, ки аз сатҳи баланди ҳамкориҳо дарак медиҳад.
Файзулло Баротзода, ҳамчунин, иброз намуд, ки дипломатияи парлумонӣ, дар баробари дипломатияи анъанавӣ, баҳри таҳким ва тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаҳои гуногун нақши муассир дорад. Бахусус, роҳандозии ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону АМА борҳо дар вохӯриҳои сатҳи олӣ байни роҳбарони олии ҳар ду кишвар, инчунин, дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону АМА баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва АМА дар таҳким ва рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамчунин, аз номи парлумони Тоҷикистон ба роҳбарияти олии сиёсии АМА барои кумаки хайриявии тиббӣ, ки моҳҳои май ва октябри соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID — 19 расонида шуд, миннатдорӣ баён гардид.
Дар ҷаласа ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи вакилони парлумони Амороти Муттаҳидаи Арабро бори дигар ба мавзӯи таъсиси Шӯрои соҳибкорон байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати АМА ҷалб намуданд. Қайд гардид, ки зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Палатаи савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону АМА ба имзо мерасад.
- Ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба АМА, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал, ки аз лиҳози сифати экологӣ тоза ва органикӣ мебошанд, инчунин, чорвои зинда ва маҳсулоти гӯштӣ, метавонад яке аз самтҳои ҳамкории ояндадор маҳсуб гардад. Дар Тоҷикистон барои фаъол гардонидани ширкатҳои аморотӣ ҷиҳати сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳавасманд мебошанд, — афзуд Ф. Баротзода.
Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонии Амороти Муттаҳидаи Араб бо Маҷлиси намояндагон хонум доктор Низол Муҳаммад Ал-Тунайҷӣ иброз намуд, ки ҳамкории наздик ва талошҳои мақомоти сиёсати хориҷии ҳар ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ, ниҳодҳои махсусгардонидашудаи он ва Созмони ҳамкории исломӣ, на танҳо мавқеи созандаи кишварҳоро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳким мебахшад, балки фаъолияти созмонҳоро низ таъсирбахш мегардонад.
Ҳамчунин, имконияти тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштироки доираҳои фарҳангии ҳар ду кишвар дар чорабиниҳо таъкид карда шуд.