Ашхоси ҷиноятпеша доимо хавотиранду таҳлуказада. Зеро аҳдофашон муғризона, аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ аст. Табиати ин тоифа чунин аст, ки ҳама гуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба «девори намкаш» табдил меёбанд. Агар тавассути расонае дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилоъ паҳн гардад, филфавр саркарда «вокуниш» мекунаду «булбулак»-и обсофкунакҳо ба хондан медарояд ва нохудогоҳ мардумро ба «таги коса нимкоса будан» муътақид менамояд. Ин гуфтаро дар «кор»-у «пайкор»-и наҳзатиҳои террорист хуб метавон мушоҳида кард.
Далел меорам: Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ки 18-уми феврал оид ба натиҷаҳои «Конфронcи минтақавии мубориза алайҳи терроризм» сухан мегуфт, дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ), «Ансоруллоҳ»-и Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (ҲИТШ) аз Ҳизби наҳзати исломӣ (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) низ ном бурд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ аст. Зикр шуд, ки афроди шомили ин гурӯҳҳо асосан дар шимоли Афғонистон ҷойгиранд. (https://www.ozodi.org/a/31110837.html).
Ин хабар имкон дошт бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар вокуниш намудани саркардаи наҳзатиҳо ва «тӯтӣ»-и ин ташкилоти террористӣ боис гардид, ки бори дигар мавриди истеҳзо қарор гиранд. Савол пайдо мешавад, ки агар чунин набошад, чаро ба такопӯ даромаданд?
Мебоист онҳо ба ҷойи инкор намудани иттиҳоми масъули Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон иқрор мешуданд, зеро ин суханон аз ҷониби яке аз нафарони комилан огоҳ ва барои ҳар ҳарфаш масъулиятдошта садо дода, ба ҳеҷ ваҷҳ «таблиғоти тарафи сулҳшикан» (ҳамон тавре ки «тӯтӣ»-и наҳзатиҳо навишт), нест. Моҳиятан ин изҳорот ба мухотаб чунин паём дорад: «инро ба касе гӯй, ки туро нашносад».
Ашхоси мавриди назар «бо ҳамин аҳвол» (таъбири Аловиддин Абдуллоев) даъво доранд, ки «муборизаро бо роҳҳои мусолиматомез ва бидуни хушунат идома хоҳанд дод».
Гӯё фаромӯш кардаанд, ки садҳо аъзои ин ташкилоти террористӣ, бинобар даст доштан ба ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, аз қабили иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Магар метавон куштори 25 хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаро дар водии Рашт (соли 2010) аз ҷониби аъзои иттиҳоди террористии «Ҷамъияти Ансоруллоҳ» таҳти роҳбарии Мулло Абдулло бо иштироки раиси бахши ҲНИ дар ноҳияи Рашт Ҳусниддин Давлатов инкор кард? Ин мисолҳо қатрае аз баҳранд.
Ин навбат низ иштибоҳ карданд ва вокунишашон такрори амали қаҳрамони яке аз саҳначаҳои «Лаҳзаҳои гуворо» (майзадаи дар даруни лойу об хобида) маҳсуб мешавад, ки баҳри пешгирии «аз дилаш нагузаронидан»-и роҳгузар «иқдом» карда буд.
Саркардаи наҳзатиҳо як рӯз пас ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки «ҳеҷ гуна бахши низомӣ, аз ҷумла дар Афғонистон, надорад». Аз «шарҳу тавзеҳ»-и шахси мавриди назар иқтибос намеорам, зеро бознашр намудани чунин сафсатаҳо моҳиятан таблиғи ин персонаж маҳсуб мешавад.
Дар ин раванд аз ҷониби ӯ ягон далеле, ки ақаллан аз «кӯчаи воқеият гузашта бошад», ироа нагардид. Ноболиғеро шабеҳ буд, ки ҳарфаш пеши қозӣ қадр надорад. Дар қалби Аврупо ҷониби ҳамватани худ барои ибрози андешаҳояш тирандозӣ кардани «нӯкарон»-и ин ташкилот, ки чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс аст, воқеияти суханони «устод»-и наҳзатиҳоро зери суол мебарад.
Ба ибораи дигар, агар дар яке аз абарқудратҳо — Ҷумҳурии Федеративии Германия ба чунин амал даст зананд, пас дар Афғонистон, бо дарназардошти ҷанбаҳои ба шарҳу тавзеҳ ниёз надошта, таъсиси гурӯҳҳои мусаллаҳ барояшон саҳлу сода аст.
Дар ин робита бамаврид аст аз «иштирок»-и ин «чеҳраҳои ошно» дар яке аз ҷаласаҳои САҲА ёдовар шавем. Он вақт худро шармандатар карданд. Аз ҷониби дастандаркорони ҷаласа зиёд эрод шуниданду мунтазам ба суханрониашон луқма партофта шуд.
Ин омил далели бебаҳси он аст, ки «пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад». Шоҳидони ҳол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки масъулини САҲА дар рафти ҷаласа наҳзатиҳо, аз ҷумла, онҳоеро, ки чанд рӯз пеш ба ҷони ҳамватани худ қасд карданд, аз толор барои риоя накардани одитарин талаботи роиҷ берун карданд.
Боиси шармандагии ашхоси зикршуда бояд бошад, ки маҳз барои рафтори номақбули онҳо ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс аст, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ворид карданд. Аз ҷумла, кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро маҳдуд менамояд.
Дар пасманзари ин изҳорот иддао карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон «сахт талош намуд, ки кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ ҳизби наҳзатро ҳамчун созмони террористӣ эътироф кунанд, аммо муваффақ нашуд».
Сафсатаи навбатӣ! Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ворид намудани ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба Феҳристи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СМЗТ СҲШ) матлаб нашр гардида буд. Дар он, аз ҷумла, зикр шуда буд, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мутобиқи Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломиро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид кардааст. Ҳамин тариқ, СҲШ, ки 8 кишвари ҷаҳонро бо қаламрави умумии 3,4 млн. км. мураббаъ ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ дар бар мегирад, ташкилоти террористӣ будани ҲНИ-ро эътироф кард. Инчунин, СМЗТ СҲШ дар сомонаи худ http://ecrats.org/ru/news/6910 изҳороти расмиро дар ин бора ҷойгир намуд.
Ин анҷоми эътирофи наҳзатиҳо минҳайси террорист нест. Барои мисол, дар шаҳри Қоҳира Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» доир гардида буд. Он зери васояти пажӯҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср – Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии «Ҳивор» ва ғайра баргузор шуд. Дар рафти ҳамоиш таърихи созмонҳои террористии «Ихвон-ул-муслимин» ва ҲНИ, шабоҳати вазъи сиёсии ҳар ду кишвар, муштаракот ва аҳдофи ягонаи созмонҳои террористӣ ва ғайра баррасӣ гардид. Натиҷаҳои конфронс қобили мулоҳиза буда, хулосаҳои он ба мақомоти давлатии Миср, аз ҷумла, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, адлия, Маҷлиси Шӯро ва корпуси дипломатии муқими ин кишвар, ироа шуд.
«Технократ»-ҳои наҳзатӣ ҷаҳд доранд бо ҳар роҳу восита аз саркарда — шахсе, ки қасами зансеталоқро «васила» барои исботи сухан медонад, «аллома» созанд. Вале бенатиҷа, зеро «зангӣ ба шустан нагардад сафед».
Дар бораи «созмон»-ҳои дар Аврупо рӯикоромада, аз ҷумла, Паймони миллӣ, зиёд намегӯям. Ба касе пӯшида нест, ки онҳо моҳиятан тифли ғалатии ташкилоти террористии наҳзат буда, ба ғайр аз роҳбару се думрав касе ба онҳо шомил нест.
Алъон саркардаи ташкилоти террористии наҳзат соҳиби чанд мансаб аст. Аз ин бармеояд, ки барои ӯ ин ҷанба ва ба ин васила ба даст овардани маблағи зиёдтар муҳимтар аз ормонҳои дигарон (манзур ҳамсафони зудбовар, ки алъон зиндонианд) мебошад.
Тоҷикону тоҷикистониён бояд дарк намоянд, ки тафаккури динии мадди назари наҳзатиҳобуда, беасос ва сохта мебошад. Зеро аз принсипҳои геополитикии бардурӯғ маншаъ гирифта, мухолифи ислом аст. Ин «бузургон» таносуби дину дунёро ноҷо арзёбӣ ва андешаи тавҳидиро дар боби дину дунё нодуруст матраҳ менамоянд.
Онҳо собит карданд, ки ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надоранд. Барояшон арзишҳои маҳдуди мазҳабӣ ва хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳар нафари бар зидди мардуми осоиштаи тоҷик сангаргирифта метавонад ҳамсафашон гардад ва онҳо хайрхоҳаш бошанд.
Аз «кор»-у «пайкор»-и онҳо оҳанги солҳои 90-уми асри гузашта ба гӯш мерасад, ки мехостанд тарзи зиндагии 1400 сол қаблро эҳё кунанд. «Доҳӣ»-ҳои тозазуҳури наҳзатӣ он солҳо мехостанд идеологияи тоталитариро, ки дилхоҳ андешаи созандаро буғӣ мекунад, ҷорӣ намоянд.
Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш набояд кард, ки бо таъсири ин тоифа солҳои навадуми асри гузашта дар кишвар ришмонӣ, сатрпӯшонии занон, болонишин шудани ашхосе, ки чанд сураро қориазёд кардаанд, эъмори сохтмони масоҷид дар сари ҳар кӯчаву паскӯча ва ғайра «мӯд» шуд.
Шояд ба он назаранд, ки аз ҳодисаҳои солҳои 1992 — 1995 Тоҷикистон вақти зиёд гузашта, имкон ҳаст насли навраси аз даҳшати он солҳо ноогоҳро гумроҳ намоянд. Андешаи хом!
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар кишварҳои режими исломии аз хурофот таркибёфта ҳукмфармо одамон зиндагии орому осуда надоранд. Дар ин мамлакатҳо ҳар рӯз садҳо одами бегуноҳ аз дасти террористон кушта мешаванд.
Биноан, бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ осебнопазир бошад. Ин аст рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии мо!
Дар яке аз мусоҳибаҳояш саркардаи наҳзатиҳо, минҷумла гуфта буд, ки «барои инқилоб сабаб лозим аст». Аз Ленин (ҳайронам, ки наҳзатиҳои террористро бо ин шахс чӣ умумият бошад?) бо мазмуни зайл — «инқилоб замоне сурат мегирад, ки ҳукуматдорон мисли пештара ҳукуматро идора карда наметавонанду мардум таҳаммули ин вазъиятро надоранд», иқтибос овард.
Саволи матраҳ он аст, ки набудани «сабаб барои инқилоб» магар далели бебаҳси он нест, ки ҳукуматдорон рисолатро бояду шояд ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро карда истодаанд?
Афзуда буд, ки «агар хун рехта шавад, бояд ба хотири ҳадаф ё барномаи мушаххас рехта шавад». Аз ин бармеояд, ки ин қабил то ҳол ҳадаф ё барнома надоранд.
Пурсиданиам, ки агар шумо, хоҷаҳо ва думравонатон, ҳадафу барнома надоред, пас чаро афсонапардозӣ ва сафсатапароканӣ мекунед?
Далер Мерганов,
«Садои мардум»