Китобиёт

Эҷоди содиқонаву бериё

№33 (4295) 12.03.2021

Нахли хакикатбор ОЛБМатбуот мисли оинаест, ки одамон дар он на танҳо симо, балки ҳақиқати рӯзгорро мебинанд. Аз ин ҷост, ки хонандагон ба рӯзноманигор бовар доранд, навиштаи ӯро айни ҳақиқат медонанд. Хабару мақола, очерку лавҳа, фелетону памфлет… аз қалами журналист рӯи саҳфа мерезаду ҷаҳони андешаи мухотабро такон мебахшад. Аз ин рӯ, рӯзноманигорон бори сангини масъулиятро бар дӯш доранд. Охир намешавад бо сухан шӯхӣ кард, бо ин абзори аз теғ ҳам бурандатар бозӣ намуд, чунки дар пушти ҳар вожа сарнавишт, ҳақиқат, сиёҳию сафедӣ, ростиву кажие пинҳон аст. Рӯзноманигор бояд ҳамаро ташхис диҳад ва неруи қаламро ба манфиати халқу Ватан истифода барад.

Далер Мерганов солҳо дар ҷодаи матбуот заҳмат кашида, бо қалам аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва армонҳои мардуми тоҷик пуштибонӣ мекунад. Дар муқобили онҳое, ки бо Давлату Ҳукумати Тоҷикис­тон душманӣ меварзанд, мубориза мебарад.

Чанде пеш китоби нави ӯро бо номи «Нахли ҳақиқатбор» нашриёти «ЭР-граф» аз чоп баровард. Он матолиби дар жанр­ҳои гуногун эҷоднамудаи муаллифро фаро мегирад. Вай зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расидааст.

Муаллиф сабаби нашри «Нахли ҳақиқатбор»-ро дар матлаби «Муҳовара бо хонанда» ба тариқи зайл баён кардааст: «Дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, фаъол будани аҳли зиё хеле муҳим аст. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд».

Китоб аз панҷ боб иборат аст. Боби аввал матолиберо дар бар мегирад, ки ҷонибдориву тарғиб ва ташвиқи сиёсати Роҳбари давлат меҳвари он қарор дорад. Муаллиф ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат содиқ аз пешрафту дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ сухан дар миён оварда, ба даҳони бадгӯёну бадхоҳон мушти обдор мезанад.

Зимни мутолиаи китоб хонанда ҳис мекунад, ки мавқеи интихобкардаи Далер Мерганов устувор аст. Лағшиш дар афкори ӯ вуҷуд надорад. Вай устуворона ба сӯи ҳадаф меравад, ки бо амри дил интихоб кардааст. Ин воқеиятро академик Фарҳод Раҳимӣ дар матлаби «Ба ҷои сарсухан», ки барои «Нахли ҳақиқатбор» навиштааст, чунин баён месозад: «Ҳар як журналист бо мақолаҳои нашркардааш дар ҷомеа мавқеву нуфуз пайдо мекунад. Тавре Дебора Поттер гуфтааст: «Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст». Мунтазам нашр шудани маҳсули эҷоди Далер Мерганов дар аксар рӯзномаву ҳафтанома, маҷалла ва дар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи собитқадам буданаш дар ҷодаи интихобкарда мебошад».

Боби дувуми китоб «Бетарафӣ иллати наҳс аст, бидон!» ном дорад. Муаллиф дар оғози он таъкид мекунад: «Ифтихормандам, ки ба ҳаводиси ҷомеа бетараф набудаму ­нестам ва нахоҳам буд. То ҷон дар рамақ дорам, аз манфиатҳои милливу давлатӣ таври шоиста ҳимоя хоҳам кард». Ҳамин тавр, Далер Мерганов мавқеи касбиву шаҳрвандиашро муайян мекунад ва дар матолибе, аз қабили «Ҳақ ниҳон нест…», «Бо тафаккури шарқӣ дар орзуи зиндагии ғарбӣ», «Дар Шарқ дину ақл ба ҳам ҷанг мекунанд», «Террорист Ватан, миллат ва дин надорад», «Ҳақ омад, ботил нобуд шуд»… сиёҳу сафедро аз ҳам ҷудо мекунад.

Матолиби таҳлиливу танқидии муаллифи китоб, ки бевосита ба ин ё он соҳа, тарзи тафаккур, мушкилоту роҳи ҳалли он, чӣ гуна задани набзи ҷомеа иртибот дорад, дар боби сеюми маҷмӯа «Пайи ҳақ гуфтану ҳақ ҷуста рафтан» ҷой гирифтаанд. Боби чорум «Дарси номус маро суҳбати аҳбоб бувад» ном дошта, суҳбату муҳовараҳои муаллифро бо чеҳраҳои шинохта дар мавзӯъҳои гуногун фаро мегирад.  Боби охирини китоб «Номашон достони нанги мардон аст» номгузорӣ шуда, меҳрномаҳои муаллифро дар бораи шахсиятҳо дар бар мегирад. Дар ин боб муаллиф кӯшидааст ба умқи зиндагӣ, кор ва шахсияти қаҳрамононаш фурӯ рафта, корномаи ҳаёти онҳоро бозгӯ кунад. Дар ин самт низ журналист муваффақ аст. Дар ин хусус академик Фарҳод Раҳимӣ менависад: «Метавон гуфт, ки рӯзноманигори ҷавону шинохта Далер Мерганов дар тамоми жанрҳои журналистика комёб аст. Содиқонаву бериё эҷод менамояд. Бо мутолиаи нигоштаҳои ин қаламкаш пеши назар симои шахсиятҳое ба ҷилва меоянд, ки дар рушди такомули ҷомеа нақши бориз доранд. Ба ибораи дигар, мавсуф бо қалам ҳақиқати зиндагиро бозгӯ намудааст».

Матолибе, ки дар «Нахли ҳақиқатбор» ба чоп расидаанд, маҳсули заҳмати чандсолаи журналистанд, ки чун намунае аз хирвори эҷодиёти ӯ манзури хонанда гаштааст. Он дар ғанӣ гардонидани дунёи маънавӣ ва боз кардани равзанаҳои тафаккури хонанда саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

ВОРИС,

 «Садои мардум»