Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз – валиаҳд, муовини раиси Шӯрои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чанде пеш ташаббуси «Арабистони Саудии сабз» ва «Ховари Миёнаи сабз»-ро эълон намуд. Ин ташаббус талошҳои Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар масъалаи ҳифзи муҳити зист собит намуда, собитқадамиро дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим дар бар мегирад.
Дар ин бора аз Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд.
«Арабистони Саудии сабз» ташаббуси миллии пайгиронаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи насли оянда амалӣ гашта, ҳадафҳои зеринро дар бар мегирад: зиёд намудани маъракаҳои ниҳолшинонӣ; коҳиш додани сатҳи партовҳои гази карбон, мубориза бо олудашавии ҳавою замин ва ҳифзи баҳрҳо. Дар доираи ташаббуси мазкур шинондани даҳ миллиард (бех) ниҳол дар Арабистони Саудӣ дар даҳсолаҳои оянда дар назар аст. Ин иқдом масоҳати замини ниҳолшинондашударо 12 маротиба афзоиш медиҳад. Инчунин, коҳиш додани сатҳи партовҳои гази карбон то чор фоиз дар назар аст, ки ин аз меъёрҳои байналмилалӣ бештар мебошад.
Илова бар ин, амалисозии Лоиҳаи неруи барқароршаванда бошад ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқи тозаро дар Арабистони Саудӣ то охири соли 2030 ба миқдори 50 дарсад афзоиш медиҳад.
Ташаббуси «Ховари Миёнаи сабз» барои минтақаи Ховари Миёна равона гардида, бо мақсади ҳамоҳангии талошҳо ва пайгирии навовариҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба масъалаи ҳифзи муҳити зист амалӣ мегардад Шоҳигарии Арабистони Саудӣ онро ҳамчун Нақшаи роҳ барои минтақа эълон намудааст. Ин иқдом баҳри расидан ба ҳадафҳои байналмилалии мубориза бо тағйирёбии иқлим саҳми босазо хоҳад гузошт, ки он дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсти узви Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ ва дигар кишварҳои минтақаи Ховари Миёна, амалӣ мегардад. Ташаббуси мазкур, инчунин, баланд бардоштани самаранокии технологияҳои карбогидрид дар минтақа ва эълони бузургтарин маъракаи ниҳолшинонӣ дар оламро дар бар мегирад, ки тибқи он дар минтақаи Ховари Миёна панҷоҳ миллиард бех ниҳол шинонда хоҳад шуд.
Шоҳигарӣ зери унвони «Ташаббуси Ховари Миёнаи сабз» баргузории ҳамоиши солонаро ба нақша гирифтааст.
Тавре дар баёнияти матбуотии сафорати мазкур омадааст, Арабистони Саудӣ дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои минтақа василаҳои эҷоди механизм ва имкониятҳои маблағгузориро барои кишварҳое, ки аз захираҳои обӣ танқисӣ мекашанд, баррасӣ намуда, ҷиҳати коҳиш додани партови гази гулхонаӣ байни кишварҳо табодули таҷрибаи илмию техникиро роҳандозӣ хоҳад кард.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»