Симчӯбҳои фарсударо кӣ бояд иваз кунад?

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

столбаСимчӯбҳое, ки тавассути онҳо неруи барқ ба аҳолӣ расонида мешавад, дар аксар ноҳияҳои кӯҳистон солҳои 70 — уми асри гузаш­та насб шуда, бо мурури замон фарсуда гаштаанд. Як симчӯб чанд сол бояд мавриди истифода қарор дода шавад? Барои бехатарии симчӯбҳо   кӣ масъул аст?

Дар ноҳияи Ховалинг хатҳои барқии 04 КВТ ва 10 КВТ дар масофаи 717 километр тӯл кашида, тавассути онҳо 60 деҳа бо қувваи барқ таъмин мешавад. Дар он хатҳо беш аз 13 ҳазор симчӯб насб шудаанд, ки 663 – тояш фарсуда аст.

Зимни суҳбат сардори Шабакаи барқи ноҳия Сайвалӣ Судуров изҳор дошт, ки ин проб­лема онҳоро низ дар ташвиш гузоштааст. Бино ба гуфти ӯ, соли гузашта аз симчӯбҳои пӯсидаю каҷгашта  60 ададашро иваз кардаанд, ки ниҳоят кам аст.

столба4Дар ноҳияи Темурмалик низ аҳвол ҳамин аст. Аз 13 ҳазору 835 симчӯби зерпояаш бетонӣ 3503 — тоаш фарсуда буда, ба ивазшавӣ ниёз дорад. Агар ҳар сол дар ноҳия 10-15-то иваз шавад, барқароркунии симчӯбҳо чанд сол давом мекарда бошад?

Дар ноҳияҳои  Муъминободу Восеъ баъзе аз симчӯбҳо «умр» — и 50-60 — сола доранд. Мушкилоти мазкурро сардори Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Маҳмурод Ғайратшо Мерган чунин тавзеҳ дод: — Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб лозим аст ҳазорҳо симчӯби муҳлати истифодаашон гузашта иваз карда шаванд. То ҳол дар минтақа 350 симчӯби фарсуда ба пояҳои бетонӣ иваз гардид. Ҳоло ин иқдом идома дорад. Ба роҳ мондани истеҳсоли симчӯбҳо дар ноҳияҳо метавонад интиқоли неруи барқ ва хизматрасониро беҳтар кунад. Ё дар ноҳияҳо  бо ноқилҳои зеризаминӣ интиқоли қувваи барқро ҷорӣ бояд кард.

Таркиби симчӯбҳои бетонӣ мураккаб набуда, аз семент, регреза ва арматур истеҳсол мешавад. Онро пештар дар ҶСК «Комбинати хонасозӣ»  мувофиқи шартнома бо  ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» истеҳсол мекарданд.  Акнун, ки фаъолияти ин корхона «бо ду по мелангад» ин корро метавон ба воситаи соҳибкорон дар ноҳияҳо ба роҳ монд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»,

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор