Дар низоми давлатдории миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии мамлакат, барномаи мукаммали кории ниҳодҳои давлатӣ ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки дар Паём дода мешаванд, аз ҳар шаҳрванди кишвар заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро тақозо менамояд. Зеро таъмини нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистон қадами ҷиддӣ хоҳад буд.
Дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, муҳимтарин бахше, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат зикр гардид, рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Пешвои миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати мамлакат ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаи таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Доир ба вазъи инфросохтори соҳаи маориф ва илми кишвар таъкид карда шуд, ки умуман, аз соли 1991 то ба ҳол дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шуд. Инчунин, паҳлуи дигари баррасии соҳаро ташкили имкониятҳои тоза дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои таҳсилот ташкил намуда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва хосатан омӯзгоронро муваззаф намуданд.
Албатта, субъектони марказии тарбия дар ҷомеа, пеш аз ҳама, оила ва маориф мебошанд, ки дар меҳвари он падару модар ва омӯзгорон қарор доранд. Аз ин хотир дар Паём низ ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ҷодаи таълиму тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавобгӯи талаботи замон ба онҳо масъулияти муайян гузошта шуд.
Дарвоқеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурӣ буда, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад.
Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин, таълими одоб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин ҷанба бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул мебошад.
Бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳар сол барои рушду инкишофи соҳаи маориф ва илм аз буҷети давлат маблағи зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш муҳайё гардад. Аз ин хотир, ба тарбияи кадрҳо ва тақвияти неруи зеҳнӣ низ дар Паём эътибори аввалиндараҷа зоҳир шуда, пайваста маблағгузории соҳаи маориф ва илм, ки ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона шудаанд, зиёд мегардад.
Вобаста ба рушди соҳаи илм ва тақвияти тафаккури техникии хонандагону донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 ҳамчун «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» ёдовар шуда, зикр карданд, ки бо мақсади татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақша — чорабиниҳо барои солҳои 2020 — 2025 таҳия шудааст. Бинобар ин, вазорату идораҳои дахлдор, алалхусус, вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизоти нав муҳайё кардани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.
Аз ҷониби дигар, татбиқи ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат низ, пеш аз ҳама, ба тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ ва рушду нумӯи илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ вобастагии амиқ дорад. Бо ин мақсад, яъне омода намудани мутахассисони соҳа, хосатан дар самти илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар Паём чунин таъкид гардид: «…ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм — фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».
Дар доираи ин дастур масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи иштирокчиёни озмунҳо, зиёд намудани маблағи барои ҷоизаҳо пешбинигардида ва сатҳу сифати баргузории озмунҳо низ зери таваҷҷуҳ қарор гирифта, вазорату идораҳо ва масъулини соҳа, аз ҷумла, Маркази миллии тестӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус, Академияи ВКД дар баробари ихтисосҳои равияи гуманитарӣ, инчунин, бо ихтисосҳои «Муҳандис», «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода» мутахассисонро омода месозанд. Ҳоло дар академия барномаи таълимӣ ва низоми таҳсил тибқи муқаррароти стандарти давлатӣ амал намуда, дар асоси супоришҳои вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати татбиқи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ», озмунҳои «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» чораандешӣ намуда истодаем.
Вазъи муассисаҳои олии таълимӣ, бунёду навсозии онҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ, таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ, сифати омодасозии кадрҳои соҳа, баланд бардоштани стипендияи донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантону докторантҳо аз мавзӯъҳои асосии Паёми имсола буд. Бахусус, Роҷеъ ба таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ чунин зикр шуд: «…ҳоло дар хориҷи кишвар зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр ва аспирантҳои мо ба таълим фаро гирифта шудаанд». Дар ин замина Пешвои миллат мушаххасан ба мақомоти масъули соҳа супориш доданд, ки «…мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем».
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки «…бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад».
Зиёд намудани нафақаи табақаҳои алоҳидаи ниёзманди ҷомеа ва стипендия дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати одилонаву инсонпарвар ва маорифпарваронаи Пешвои миллат дарак медиҳад. Ҳамин таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки ҷалби ҷавонон ба илм рӯз аз рӯз меафзояд. Мисоли равшани чунин гуфтаҳо таҳлили муқоисавие, ки дар Паём оварда шуд, буда метавонад. Зикр карда шуд, ки «…агар соли 1991 дар зинаи аспирантураи Академияи миллии илмҳо ҳамагӣ 148 нафар ҷавонон таҳсил карда бошанд, соли 2020 шумораи онҳо ба 1200 нафар расида, қариб 8 баробар зиёд шудааст. Шумораи аъзои Академияи миллии илмҳо низ ду баробар зиёд гардидааст».
Ҳамчунин, дар Паём таъкид гардид, ки ҳар сол аз институтҳои Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар то 500 омӯзгор ва олиму муҳаққиқон барои табодули таҷриба, бозомӯзӣ, таҳсил дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура сафарбар карда мешаванд, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Дар ин асос ба масъулини соҳа, алалхусус, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш доданд, ки «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 — 2030»-ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимони кишвар вазифаҳои мушаххас, аз ҷумла, ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотиро дар доираи самтҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян кардааст, гузоштанд, ки иҷрои саривақтии онҳо таҳрикбахши рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин, расидан ба ҳадафҳои миллии Давлату Ҳукумат ва таъмини шароити зиндагии арзандаи мардуми кишвар мебошад.
ШАРИФЗОДА Файзалӣ Раҳмоналӣ,
сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори милитсия.
САИДЗОДА Зикрулло Алӣ,
муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия