Суҳбати телефонӣ

№56 (4318) 27.04.2021

orig-1561955289_dushanbe_tadzhikistan_dvorec-nacii_0_9e36f268b61f94b3154ee02f636a566a23 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Зимни он маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Сарвари давлат ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бахусус дар арсаи мубориза бо панде­мияи COVID — 19, диққати махсус доданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Россия ибрози ақида намуданд. Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвози тайёраҳо миёни ҳар ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сарварони ҳар ду кишвар зарурати андешидани чораҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани имкониятҳои васеи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия бо шумули ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои ҳар ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич дар омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷом Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвар некуаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

www.president.tj