Ба истиқболи 110 - солагии Мирзо Турсунзода

Ду моҳи кории Турсунзодаи донишҷӯ дар Шаҳринав

№Ду моҳи кории Турсунзодаи донишҷӯ дар Шаҳринав 29.04.2021

Мирзо ТурсунзодаБо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба  110-солагии муборизи матини сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода боиси бештар рӯ овардан ба зиндагӣ ва осори пурғановати адиби соҳибноми тоҷик гардид. Олимон мекӯшанд, ки паҳлуҳои нави осори ӯро кашф кунанд, зиндагияшро бештару амиқтар омӯзанд.

Оғози фаъолияти меҳнатии устод соли 1932  ва ҷойи аввалини кории ӯ — газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон» нишон дода шудааст.  Пас аз хатми Дорулфунуни муаллимтайёркунии шаҳри Тошканд Мирзои ҷавон корро дар ҳамин рӯзнома оғоз кардааст. Шояд на ҳама медонанд, ки Мирзо Турсунзода дар давраи донишҷӯӣ барои пешбурди зиндагӣ муддате дар ноҳияи Шаҳринав кор кардааст.

Бояд қайд кард, ки зодгоҳи шоир — деҳаи Қаратоғ аз ҷиҳати тақсимбандии ҳудудҳои марзию маъмурӣ солҳои  1924 — 1927  ба тумани Қаратоғи вилояти Ҳисор,  солҳои 1927-1959 ба ноҳияи Шаҳринав ва аз соли 1959 ба марзию маъмурии ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода) дохил мешуд. Турсунзода дар даврони донишҷӯӣ барои  «каме пул захира» кардан дар Шаҳринав кор мекунад. Раҳим Ҷалил дар хотираҳояш «Бахти баланди шоир» даврони ба Хуҷанд (соли 1933) рафтани шоирро ба хотир оварда, аз забони вай чунин менависад: «Соли бисту ҳаштум дар вақти таътили тобистонӣ ман кор кофта ба Шаҳринав омадаму ба комиҷроияи район рафтам. Ҳаким Карим дар он ҷо муовини раис буд. Ӯ куҷоӣ ва дар куҷо хонданамро пурсида гуфт:

- Монанди Хоҷаи Хизр пайдо шудӣ. Котиби ­масъуламон як рӯз ба кор ояд, ду рӯзи дигар намеояд. Ин коғазро мегирӣ ва ба меҳмонхонаи мо меравӣ. Одам ҳамроҳ мекунам. Туро мебарад. Аз он ҷо ҷой мегирӣ.

Ҳамин тариқ, ду моҳ вазифаи котиби масъулро иҷро кардам. («Турсунзода дар ёдҳо», Душанбе, 2011, саҳ. 176).

Дар Шаҳринав кор кардани устод Мирзо Турсунзодаро рафиқи наздикаш устод Боқӣ Раҳимзода дар хотираҳояш чунин овардааст:

«Рафиқ Турсунзода гуфтанд, ки ман аз Тошкент («Тоҷикпрос») ба Шаҳринав, ба Қаратоғ ба таътил  омадам ва мехостам, то оғози таҳсил дар ягон ҷо кор кунаму каме пул захира намоям. Аз деҳа ба комиҷроияи Шаҳринав омадам. Ба ман гуфтанд, ки раиси комиҷроия Ҳаким Карим ном шахс аст. Ин ном ба назарам шинос намуд. Эҳтимол ягон  асари ӯро аз газетаҳо хонда будам. Ӯ маро ба наздаш даъват кард, ҳолу аҳволамро пурсид. Мақсадамро гуфтам. Ҳаким Карим ба ман як варақ дод, ки чизе нависаму ҳусни хатамро бинад. Ман бо ҳуруфи арабӣ навиштам, хатам ба ӯ маъқул шуд.

- Бача, бисёр хушхат будаӣ, — гуфт ӯ ва ба китфам зада, ҳамон лаҳза фармон дод, ки муваққатан котибӣ  кунам. Чанд муддат кор кардам».

(Боқӣ Раҳимзода: «Дӯсти ба ҷон баробарам», китоби «Турсунзода дар ёдҳо», Душанбе, 2011, саҳ. 193-194).

Дар робита ба таҷлили ҷашни  110 — солагии устод Мирзо Турсунзода пешкаши хонандагон намудани хотираҳои ҳамқаламу дӯстони ин абармарди адабиёт ва мунодии сулҳу дӯстӣ барои боз пурратар бозгӯйӣ шудани зиндагии ӯ муҳим ва муфид хоҳад буд.

Султонмурод ОДИНА,

Корманди шоистаи Тоҷикистон