Сеюми майи соли 2021 бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят оид ба вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоят бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷаласа доир шуд.
Вобаста ба ҳолати корҳо муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода гузориши муфассал дод. Бино ба гуфти ӯ, алҳол сокиноне, ки аз минтақаҳои зери хавф қарордошта кӯчонида шуда буданд, ба макони зисти доимиашон баргашта истодаанд. Онҳое, ки манзили истиқоматиашон зарари ҷиддӣ дидааст, дар манзилҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд.
Раиси вилоят афзуд, ки «бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситоди корӣ ташкил гардида, манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, дар муддати як моҳ пурра барқарор карда хоҳанд шуд. Хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидааст, дар фурсати кӯтоҳтарин таъмир мешаванд».
Бино ба гуфти ӯ, ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон аз ҳисоби давлат кумак дастрас хоҳад шуд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, ин ниҳод тасмим гирифтааст, ки якҷо бо комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров хонаҳои зарардидаи се деҳоти Исфара: «Сурх», «Ворух», «Чоркӯҳ» ва деҳаҳои Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро таҳқиқ намоянд.
Бино ба маълумоти пешакии раёсат, дар натиҷаи низоъ дар се деҳоти Исфара 14 бинои истиқоматӣ пурра хароб шуда, ду хона ва иншооти ёрирасон қисман зарар дидаанд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров низ осеб дидааст.
Шабу рӯзҳои даргирӣ комиссияҳои эвакуатсионии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов ва Спитамен якҷо бо масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тақрибан 15 ҳазор сокини маҳаллиро, ки дар минтақаи низоъ қарор доштанд, ба ҷойҳои бехатар кӯчониданд. Айни ҳол онҳо ба ҷойҳои истиқоматии доимӣ баргардонида шуданд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»