Суҳбати телефонӣ

№61 (4323) 06.05.2021

5 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯи телефонӣ ­намуданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳисоботи раиси вилояти ­Суғдро дар бораи вазъи кунунии тадбирҳои барқарорсозӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи апрел рухдода хароб гардида буданд, шуниданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ситоди корӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъол буда, дар ин самт чораҳо амалӣ шуда истодаанд.

Сарвари давлат ба раиси вилояти Суғд дастур доданд, ки мунтазам аз аҳволи ­оилаҳои осебдида бохабар шуда, дар муддати як моҳ манзилҳои истиқоматии харобгардида ва осебрасидаро пурра бунёду барқарор созанд ва бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин намоянд.

Ҳамчунин, супориш доданд, ки ба оилаҳое, ки бар асари муноқишаҳои марзии охири моҳи апрели соли 2021 наздиконашонро аз даст додаанд, ёрии моддию молиявӣ расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муваззаф гардид, ки рафти иҷрои супоришҳои фаврии Сарвари давлатро зери назорати қатъӣ гирифта, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал ирсол намояд.

www.president.tj