Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аз 365 иншооти нақшавӣ 338 адади он (92,6 фоиз) бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо бунёд ва таъмиру навсозии 16 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи томактабӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 10 маркази саломатӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 4 дӯкони ҳунармандӣ, 17 иншооти саноатию истеҳсолӣ ва 3 сардхона сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Эркин Туйчиев гуфт, дар шаҳраки Шаҳритус майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии Тус, маркази хизматрасонӣ, тӯйхона ва меҳмонхонаи «Марҳабо», қаҳвахона ва меҳмонхонаи «Чорбед», маркази хизматрасонии сеошёна ва меҳмонхонаи «Ваҳдат», шуъбаи маориф, қаҳвахонаи «Наврӯз» сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин, дар чанд иншооти дигар, аз қабили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №34, №54 ва №40, майдончаҳои варзишӣ, маҷмааи хизматрасонӣ ва нуқтаи шустушӯи нақлиёт корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»