Шаҳодатнома ва нишони вакилӣ нав мешавад
Баъд аз баргузории интихоботи вакилон ба Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст, намояндагони мардумӣ соҳиби шиноснома ва нишони сарисинагии нав мешаванд.
Дар ин бора, зимни яке аз ҷаласаҳои пленарии Думаи давлатӣ қарор қабул гардид.
Барои пешгирии шиносномаҳои қалбакӣ, ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти вакил бо голограмма ва нишонаҳои махсус ҳимоя мегардад. Дар пушти нишони сарисинагӣ навиштаҷоти «даъвати ҳаштум» низ ҷой дода мешавад.
«Парламентская газета»
Валуев: «Дар мактабҳо бояд дарси экологиро ҷорӣ кард»
24 — 25 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Москва таҳти унвони «Экология» Форуми ХII байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он масоили муҳими ҳифзи муҳити зист, вазъи экологии ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба ҳамоиш ва мавзӯи экологӣ «Парламентская газета» андешаҳои раиси Шӯрои ҷамъиятии форум, муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба экология, ҳифзи муҳити атроф Николай Валуевро нашр кард.
- Барои суботи экологӣ, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим, беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳити зист дар мамлакат як қатор масъалаҳоро ҳал кардан лозим. Аз ҷумла, дар оянда барои анҷом додани ин корҳо мутахассисони хуб лозим аст. Бинобар ин, аз ҳоло барои омода кардани мутахассисони баландпоя онҳоро дар муассисаҳои таълимӣ, махсусан мактабҳо бояд ба омӯзиши ҳамаҷониба фаро гирифт. Дарси экологӣ дар низоми маориф бояд ҷои махсусро ишғол намояд. Чунин машғулиятҳо бояд дар нақшаи таълимӣ ворид ва мунтазам гузаронида шаванд. Хатмкунандагони мактабҳо чун физикҳо ва химикҳо бояд дониши экологӣ дошта бошанд, — иброз доштааст Николай Валуев.
«Парламентская газета»
Президенти нахустини Арманистон дар интихоботи парламентӣ иштирок мекунад
Собиқ Президенти Арманистон Левон Тер — Петросян бо ҳизби «Конгресси миллии Арманистон», ки сарвари он мебошад, ният дорад дар интихоботи навбатии парламенти кишвар иштирок намояд.
Аз ин пештар Левон Тер — Петросян гуфта буд, ки мехоҳад номзадиашро барои ишғоли вазифаи Сарвазири мамлакат пешниҳод намояд. Вай солҳои 1991 — 1998 Президенти Арманистон буд.
«ТАСС»
Муҳлати ваколати намояндагони мардумӣ тамдид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки тарафдори дароз кардани муҳлати ваколати вакилони палатаи поёнии парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ аз чор то ба панҷ сол аст.
Ӯ дар ин бора зимни мулоқот бо намояндагони парламент, аъзои комиссияҳои конститутсионӣ ва намояндагони сохторҳои идоракунии давлатӣ изҳорот дод.
- Ман тарафдори онам, ки фаъолияти вакилони парламент ва шӯроҳои маҳаллӣ то ба панҷ сол дароз карда шавад, зеро дар ин муддат таҷрибаи кофӣ ба даст меояд ва ба сифати қонунгузорӣ таъсири мусбат мерасонад. Ин масъаларо бояд таҳлил карда, хулосаи мушаххас баровард, — гуфт сарвари давлати Беларус.
Чанде пеш вакилони ҳар ду палатаи парламенти мамлакат ба Президент муроҷиат карда, пешниҳод намуданд, ки интихоботи шӯроҳои маҳаллиро аз соли 2022 ба соли 2023 гузаронанд. Ин масъала низ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад.
«РИА Новости»
Парламенти Эрон ҳамкориро бо АБЭА маҳдуд карданист
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф изҳор доштааст, ки дастрасии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (АБЭА)-ро ба маълумот оид ба иншооти ядроии кишвар қатъ менамояд. Дар парламенти мамлакат чунин даъват ба амал оварданд, ки ҳамкорӣ бо АБЭА маҳдуд карда шавад.
- Ба ин созмони бонуфуз барои иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифтааш се моҳ муҳлат дода шуд. Он ба анҷом расид, вале уҳдадорӣ иҷро карда нашуд. Барои ҳамин дастрасиҳои АБЭА ба иншооти ядроӣ, аз ҷумла, аксгирӣ ва гирифтани маълумот қатъ карда мешавад, — гуфтааст раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ.
Вобаста ба чунин ранг гирифтани вазъият директори Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ Рафаэл Гросси низ бо изҳорот баромад кардааст.
Агентиҳои «Интерфакс» ва «Синхуа»
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»