Ғолибони «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» қадрдонӣ шуданд

№78 (4340) 17.06.2021

DSC_2482Понздаҳуми июни соли 2021 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» баргузор шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҳадафи баргузории онро тарғиби сиёсати Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар соҳаи экология арзёбӣ карда, афзуд, ки вобаста ба муҳимияти масъала бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №180 аз 22 июни соли 2020, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо ташаббуси Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид.

Аз 84 нафаре, ки дар он ширкат карданд, 16 кас рӯзноманигор, 8 — доктори илм, профессор, 17 — номзади илм, 8 — унвонҷӯй, аспирант, коршиносони масоили экологӣ, адибон, 2 — донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 12 — мутахассиси Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 — омӯзгор ва 7 — хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназия ва 2 нафар тарбиятгирандаи кӯдакистон буданд.

Аъзои ҳакамон ба хулоса омаданд, ки ҷойи якум бо диплом, 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ ба номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муовини сардори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ барои таҳияи китоби «Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шавад.

Ҷои дуюм (барои ҳар як ғолиб диплом, 1500 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ) ба рӯзномаи «Инсон ва табиат»-у маҷаллаи «Ҳифзи табиат»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, маҷаллаи «Сарзамин» — и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов барои силсилаи мақолаҳо оид ба  мавзӯи экология ва китоби «Нахли  ҳақиқатбор» ва собиқадори соҳаи ҷангал, муовини якуми директори Раёсати хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Мираҳмад Давлатов сазовор дониста шуд.

Соҳиби ҷои сеюм панҷ нафар гардиданд, ки ҳар кадом бо диплом, 1000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд: омӯзгори фанни биологияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Умринисо Каримова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Табиатдӯст»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Азизмад Шерхонов, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров  Мурод Собиров, ҳаммуаллифи мақолаи «Сиёсати экологӣ, нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккул ва рушди соҳаҳои муҳими ояндасоз» Муҳаммадҷон Ҳусейнов ва муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқии рӯзномаи «Садои мардум» Сайфиддин Суннатов.

Барои фаъол будан ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо Сипоснома, 600 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ  Холназар Муҳаббатов, мудири бахши кадрҳои рӯзномаи «Садои мардум» Мирзо Нуралиев, номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулло Давлатов,  номзади илмҳои биология, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилшо Исозода, номзади илмҳои биологӣ, сардори Маркази илмиву тадқиқотӣ ва маърифати экологии назди факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Саидов, нависанда Маҷид Салимзода, муҳаррири шуъбаи ахбор, номаҳо ва робитаҳои байнипарлумонии рӯзномаи «Садои мардум». Бурҳониддин Каримов, котиби илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия»-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафрӯз Раззоқова, хабарнигори рӯзномаи  «Садои мардум» Шариф Атобуллоев, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа» Моҳсафар Яҳёева, коршиноси масоили экологӣ, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикис­тон Ҳасан Асоев, номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими пешбари илмии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистон Фатҳулло Раҷабов, доктори илмҳои кишоварзӣ, мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти илмию таълимии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яраш Пулатов, омӯзгори Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимӣ Фарҳод Насруллоев, муҳаррири шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миё­наи касбии нашрияи «Омӯзгор» Ҳотам Ҳомидов, доктори илмҳои биологӣ, профессор, декани факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон Акобир Каримзода ва рӯзноманигор Сайидаҳмад Акрампур шарафёб гардиданд.

Бо Сипоснома, 225 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ  хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Саида Мухторова, номзади илм­ҳои кишоварзӣ, директори Институти ҷангали Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Ҳисайнов, директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали «Даштиҷум»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Маҳмудҷон Аҳмадзода, тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии таълимии томактабии Ширхоргоҳ — кӯдакистони №141-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мар­ям Шохоҷаева, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова, тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии таълимии томактабии Ширхоргоҳ-кӯдакистони №63-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Амирҷон Абдуллоев, хонандаи синфи 10-и гимназияи № 74 Севара Маматкулова ва мутахассиси пешбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Ғаюрзода қадрдонӣ шуданд.

Хонандаи синфи 10-и литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Бежан Тошев, донишҷӯи соли якуми факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон  Фаридун Қориев,  хонандаи синфи 10-и гимназияи № 9 ба номи Низомии Ганҷавӣ Шаҳзода Искандарова, хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Шоҳмансур Ҷомӣ Шарипов ва хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 Камила Каримова бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ саҳми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев ва мудири шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадато Султоновро дар тарғибу баргузории озмун шоиста арзёбӣ кард ва ба онҳо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Дар хотима муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддин Шоҳинбодов саҳми парламенти кишварро дар ҳалли масъалаҳои экологӣ арзанда арзёбӣ намуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Садои мардум» туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи журналистонро тақдим кард.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев