Қонунҳои нав ба имзо расиданд

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд қонун, аз ҷумла, «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои зикр­шударо танзим намуда, барои густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолият ва баланд бардоштани ­масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст.

Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави кор ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

www.president.tj