Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

51279558910_aeb13e1597_o28 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизис­тон Садир Жапаров, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, ҷиҳати шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Баҳор», воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ташриф оварданд.

Дар он ҷо сарони давлатҳо табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффоро тамошо карданд.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосо маънидод гардид.

29 июни соли равон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъа­лаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи cарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди муносибатҳои кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Зимни музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, баррасӣ гардид. Ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Дар чаҳорчӯбаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардид, ки масъала бо дарназардош­ти манфиатҳои ҳар ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.

Вобаста ба рушди муколамаи байнидавлатӣ ҷоннок кардани фаъолияти  механизмҳои мавҷуда, аз ҷумла кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, зарур шумурда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии ҳар ду кишварро бо дарназардошти имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо,  истифодаи захираҳои об, идомаи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ — Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, баррасӣ карданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ, баррасӣ гардид.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оранд.

Пас аз музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки cарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Хадамоти давлатии кад­рии Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар».

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барои доираи васеи хабарнигорон нишас­ти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

www.president.tj