Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 июли соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акарро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни вохӯрӣ густариш ва таҳкими бештари робитаҳои байни кишварҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкории ниҳодҳои мудофиавии ҳар ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз сатҳу муҳтавои муносибатҳо бо Туркия, ки бар усули бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ менамояд.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳои муштаракро дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт, зарур шумурданд. Дар робита ба ташаннуҷи вазъи амниятӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъкид гардид, ки зарурати муттаҳидии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат ба онҳо тақозо мегардад.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, дар бораи вазъи ташвишовари Афғонистон мубодилаи афкор намуда, дарёфти роҳҳои сулҳомези қазияи кишвари ҳамсояи Тоҷикистонро ҷавобгӯи манфиатҳои кишварҳои минтақа номиданд.
Аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ҳар ду кишвар, ҳамкории босамари кишварҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
www.president.tj