Оё ҳайвонҳо ҳам ҳуқуқ доранд?

№91 (4353) 10.07.2021

1030495385_175_-1_757_640_1920x0_80_0_0_2b1020eed2335dd4612cf20b0bb1f7a6Вақтҳои охир дар ҷомеа ба масъалаи муносибати масъулиятнок нисбат ба ҳайвонот ва рафтори бераҳмона бо ҳайвонҳои бесоҳиб (беназоратмонда, рондашуда) бештар диққат дода мешавад. Инчунин, ба он ишора мешавад, ки дар қонунгузории кишвар муносибатҳои ҳуқуқии ба нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ алоқаманд ба таври кофӣ танзим нашудаанд. Аз ин рӯ, пешниҳод мегардад, ки ҳуқуқҳои ҳайвонҳо, аз ҷумла, ҳимояи онҳо аз муносибати бераҳмона, ба таври қонунӣ тақвият дода шавад.

Дар робита ба ин савол ба миён меояд, ки оё ҳайвонҳо ҳам ҳуқуқ доранд? Аз нуқтаи назари ҳуқуқшиносӣ ҷавоб манфӣ хоҳад буд. Аммо дар тасаввуроти одӣ ҳуқуқ чизест, ки ба фард тааллуқ дошта, таҳти ҳимояи давлат бе дахолати шахси дигар озодона ихтиёрдорӣ мешавад. Ба ҳар ҳол, ҳуқуқ ва мувофиқан дарки он ба ҳаёти одамон дар ҷомеа вобаста аст.

Пас, барои чӣ дар бораи ҳуқуқҳои ҳайвонот сухан меронем? Ҷавоб хеле одист: ҳуқуқи ҳайвонот ҳуқуқҳои инсоние мебошанд, ки барои муқаррар намудани ҳадди амали одамон лозиманд. Агар ҳудуди муносибати инсонро бо олами ҳайвонот дар шакли ҳуқуқ муқаррар накунем, дар он сурат шахсони дигарро низ ҳангоми вайрон кардани ин ҳудуд ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида наметавонем. Зеро дар қиёс бо инсонҳо, ки қудрати таъсиррасонӣ доранд, ҳайвонот мавҷудоти бештар осебпазиранд. Шахсоне, ки нисбат ба ҳайвонот бадрафторӣ мекунанд, барои ин кирдор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бо ҳайвонот чӣ тавр муносибат ва кадом ҳуқуқи онҳоро эътироф кардан ба доираи одоб мансуб аст ва чунин одоб бояд ба ғамхорӣ асос ёбад? Нисбат ба ҳайвонот ғамхорӣ зоҳир кардан дар замони муосир ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеа буда, риоя намудани ҳуқуқи ҳайвонот дар сатҳи давлат таъмин мегардад. Яъне, ҳифзи ҳайвонот тавассути қонунҳо падидаи нав нест, он маърифати ҳуқуқии дар тӯли солҳо ташаккулёфта мебошад.

Аввалин санадҳои қонунгузории маъмул, ки дар онҳо ҳифзи ҳайвонот аз муносибати бераҳмона дарҷ гардид, охири асри XVII дар Япония аз ҷониби ҳокими (сёгуни) панҷуми сулолаи Токугава, ки Тсунайоси ном дошт ва бо лақаби «Ину кубо» («ҳокими сагон») машҳур буд, қабул шудаанд. Фармонҳои ӯ сагон, аспҳо, говон, гурбаҳо, мурғу сангпуштон, морон ва ҳатто моҳиёнро аз муносибати бераҳмона ҳифз мекарданд ва дар давраи ҳукмрониаш ҳатто хариду фурӯши моҳӣ дар бозорҳо манъ шуд.

Дар Аврупо аввалин санадҳои қонунгузорӣ, ки ҳайвонҳоро аз муносибати бераҳмона ҳимоя мекарданд, оғози асри XIX қабул гардидаанд. Қонуне, ки чорвои калони шохдор, аспу гӯсфандонро ҳифз мекард, соли 1822 дар Британияи Кабир қабул карда шуд. Дере нагузашта, аз соли 1833 то 1850 қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳайвонот дар Олмон ва Швейтсария, кишварҳои Скандинавия қабул гардид. Вале дар ИМА дертар — солҳои 30-юми асри ХХ таҳия карда шуд. Инчунин, дар Канада, Иттиҳоди Африқои Ҷанубӣ ва Австралия низ баъдтар қабул карда шуданд.

Қонунгузории кишвари Олмон солҳои 1933-1945 аввалин маротиба дар таърих намуди ҳайвонотро, ки ба ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ ҷудо карда мешуд, бекор карда, тамоми намуди ҳайвонотро таҳти ҳимоят қарор дод.

Инчунин, қонунҳое қабул карда шуданд, ки ҳайвонотро ҳифз менамуданд ва тибқи онҳо, одамон барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонҳо бо ҷойгир намудан дар лагери консентратсионӣ (конслагер) ҷазо дода мешуданд. Дар мактабу донишгоҳҳо фанни ҳатмии «Ҳуқуқи ҳайвонот» ҷорӣ шуд.

Дар асри XX зарурати ҳимояи ҳайвонот аз муносибати бераҳмона дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Аз ҷумла, Аҳдномаи Аврупо оид ба ҳифзи ҳайвоноти хонагӣ аз 13 ноябри соли 1987 қарзи маънавии инсонро дар назди ҳайвонот эътироф намуда, аҳамияти ҳайвоноти хонагиро барои ҷомеа қайд менамуд. Принсипҳои асосии муносибат бо ҳайвоноти хонагӣ аз манъ будани азобу шиканҷаи ҳайвонот ва бе нигоҳубин намондани онҳо иборат мебошад.

Айни ҳол таъмин намудани ҳуқуқи ҳайвонот ва ҳифзи онҳо ба мавзӯи танзими санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногун табдил ёфтааст ва қонунгузории кишварҳои алоҳида, инчунин, баробарии ҳуқуқҳои одамонро бо ҳуқуқҳои ҳайвонот эътироф менамояд. Масалан, Испания соли 2008 ҳуқуқи ҳар як маймуни одамшаклро ба ҳаёт, озодӣ ва ҳимоя гардидан аз муносибати бераҳмона эътироф намуда, бо ин амал аввалин маротиба дар ҷаҳон ҳуқуқи инсон ва ҳайвонотро баробар кард.

Ҳиндустон дар ҷаҳон аввалин кишваре гардид, ки ҳуқуқи делфинҳоро эътироф намуд. Дар он ҷо ин ҳайвонро чун «шахсияти ғайриинсонӣ» эътироф мекунанд ва ба онҳо ҳуқуқи ҳамчун фард шинохта шудан дода мешавад.

Моҳи апрели соли 2016 Зеландияи Нав расман ­эътироф намуд, ки ҷонварон мавҷудоти боақланд. Олмон аввалин давлатест, ки дар он ҳуқуқи ҳайвонот аз соли 2002 бо Конститутсияи кишвар ҳифз мегардад. Нидерландия ягона кишвар дар ҷаҳон мебошад, ки дар он ҷонварони бесоҳиб комилан вуҷуд надоранд.

Дар Белгия, Дания, Финляндия, Олмон, Норвегия, Шветсия, Швейтсария умуман сагони бесоҳиб дида намешаванд, зеро сатҳи назорат маъмулан хеле баланд (бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ) ва қонунгузорию масъулияти иҷтимоии аҳолӣ хеле фарогир мебошад.

СагВазъият дар кишварамон чӣ гуна аст? Қонунгузории мамлакат бештар ба танзими муносибатҳои вобаста ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ва умуман таъмин намудани шароит барои олами ҳайвонот, гуногунии биологии онҳо, истифодаи устувори объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти экологӣ, иқтисодӣ, эстетикӣ ва эҳтиёҷоти дигари инсон, бо дарназардошти манфиати ­насли имрӯзу фардо, нигаронида шудааст.

Мутобиқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами ҳайвонот моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи босамари онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ҳайвонот ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият пурра таҳти ҳимояи муқаррароти моддаҳои 12 ва 32 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фасли II Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари танзимкунандаи муносибатҳо оид ба ҳуқуқи моликият қарор мегиранд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ» ва ғайра асосан муносибатро бо ҳайвоноти ваҳшии дар шароити табиии озодӣ қарордошта, инчунин, ҳайвоноте, ки бо мақсади хоҷагидорӣ истифода мешаванд, танзим менамоянд.

Дар ин ҳол, танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои бо нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ, инчунин, ҳайвоноти бесоҳиб алоқаманд, хусусияти ҷузъӣ ва пошхӯрда дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» мафҳуми «ҳайвоноти хонагӣ» шарҳ дода шудааст, лекин дар баробари ин, ягон меъёр нест, ки ба ҳайвоноти хонагӣ дахл дошта бошад. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба нигоҳдории ҳайвоноти хонагӣ низ норавшан мебошанд. ­Масъалаи доштан, нигоҳдорӣ ва безараргардонии ҳайвоноти бесоҳиб ҳангоми зарурат, ба таври аниқ танзим нашудаанд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набудани принсипи муносибати ғамхоронаро нисбат ба ҳайвонот ҳамчун ба мавҷудоте, ки эҳсоси тарс ва дардро дороянд, махсусан қайд намудан лозим аст, вобаста ба ин, уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба қонеъ гардонидани талаботи физиологӣ ва рафтории ҳайвонот, ҳимояи онҳо аз муносибати бераҳмона низ муайян нашудааст.

Зиёд шудани хабарҳои аз ҷониби муҳофизони ҳайвонот паҳншаванда оид ба муносибати номақбул нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ, бераҳмона рафтор кардан бо ҳайвоноти бесоҳиб (беназоратмонда, рондашуда), инчунин, усулҳои «шубҳанок»-и муборизаи мақомоти маҳаллӣ оид ба танзими шумораи ҳайвоноти бесоҳиб баръало аз пайдо шудани зарурати танзими ҳуқуқии маҷмӯии муносибат бо ҳайвоноти хонагӣ, таҳияи усулҳои пешрафтаю оқилонаи танзими шумораи ҳайвоноти бесоҳиб шаҳодат медиҳанд.

Дар ҷомеа аллакай оид ба таҳияи қонуни нав дар бораи ҳайвоноти хонагӣ ва ба ҷиноят баробар кардани муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот сарусадоҳо пайдо шудаанд. Лекин муносибат ба ҳайвонот мушкилотест, ки на танҳо бо ҳуқуқ вобаста аст. Ҳуқуқ танҳо ҳадди рафтори ҷоизро муқаррар мекунад. Аммо чунин хусусиятҳоро, ба монанди тарбия, одоби экологӣ, муносибати оқилона, зоҳир намудани ғамхорӣ, бо санадҳои меъёрӣ танзим намудан ғайриимкон аст.

Пас аз таҳлили маълумоти омории дастрасшудаи баъзе аз кишварҳо бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки айни ҳол тамоюли устувори робитаи мутақобилаи муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва мушкилоти тарбияи кӯдакон мушоҳида мегардад. Дар аксар ҳолат муносибати бераҳмона бо ҳайвонот аз ҷониби наврасон содир мегардад. Дар шабакаи Интернет наворҳое паҳн карда мешаванд, ки дар онҳо ҳайвонотро азобу уқубат медиҳанд ё онҳо бераҳмона кушта мешаванд ва бо ин васила шабакаҳои иҷтимоӣ фарзандони моро «тарбия» мекунанд.

Пифагор гуфта буд: «Агар кӯдакат ягон ҷонварро кушта бошад, ӯро сахт ҷазо бидеҳ. Оқибат куштори ҳайвон ба куштори инсон табдил меёбад».

Бераҳмии наврасонро танҳо бо додани ҷазо ислоҳ намудан мумкин нест. Ба ғайр аз ҷазодиҳӣ, чораҳои дигари тарбиявиро низ истифода бурдан лозим аст. Шояд кӯдаконе, ки ба бераҳмӣ майл доранд, аз ғамхорӣ ва муҳаббати падару модар дар канор бошанд ва бо зӯроварӣ дучор шудаанд. Агар кӯдак дарк накунад, ки азоб додани мавҷудоти зинда амали бадахлоқона ва номақбул аст, агар нафаҳмад, ки неруро ба корҳои хуб сарф кардан лозим аст, дар он сурат объекти минбаъдаи зӯроварии ӯ одам хоҳад буд. Падару модарон бояд ҷараёни ташаккулёбии шахсияти кӯдак ва муносибати ӯро бо мавҷудоти зинда зери назорат гиранд, чунки баъд ислоҳ намудани чунин камбудиҳо ғайриимкон хоҳад буд.

Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», таълим ва тарбияи фарзанд вазифаи падару модарон, омӯзгор, давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад. Ин моддаи қонун аҳамияти рӯзмарраи тарбияи кӯдаконро барои давлат ва ҷамъият арзёбӣ намуда, ташаккулёбии маънавию ахлоқии шахсияти кӯдакро дар оила, муносибатҳои мутақобилаи оила ва мактабро ҳангоми ба вуҷуд овардани шахсияти том ва фаъоли иҷтимоӣ, ки ба заминаи қабулгардидаи меъёрии ҳуқуқӣ такя мекунад, дар назар дорад.

Ҳамин тариқ, барои ташаккул додани муносибати масъулона нисбат ба ҳайвонот маҷмӯи чораҳоеро андешидан зарур аст, ки он аз танзими меъёрии ҳуқуқӣ, тарбияи экологӣ дар оила ва мактаб, инчунин, тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба муносибати бераҳмона бо ҳайвонот оғоз мегардад. Танзими қонунии ҳифзи ҳайвонот бояд ба муносибати нек ва ғамхорӣ асос ёбад.

Тайи солҳои охир дар ҷаҳон ақида дар хусуси он ки муносибати ғамхорона нисбат ба ҳайвонот яке аз нишонаҳои соҳибтамаддун будани ҷомеа аст, эътирофи бештар касб менамояд. Махатма Ганди ақида дошт, ки бузургии миллат ва сатҳи рушди маънавии онро муносибати он ба ҳайвонот муайян менамояд.

Рустам ШОҲМУРОД,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ,

 мудофиа ва амният