Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз ҳаёти Ҷомӣ ва Навоӣ филми ҳунарӣ таҳия мешавад

№99 (4361) 31.07.2021

DSC_635023 июли соли 2021 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ доир гашт. Аҳли нишастро директори муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён бо натиҷаҳои фаъолияти эҷодии нимсолаи якум шинос кард.

Зикр шуд, ки дар МД «Тоҷикфилм» банаворгирии филми ҳунарии «Баҳори хазонрез» аз рӯйи романи К. Мирзоев дар таҳияи Раҷабалӣ Пиров ба охир расида, бандубасти он идома дорад.

Нахустнамоиши филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», таҳиягар М. Исмоилов дар кинотеатри «Ватан» баргузор гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо МД «Суғдсинамо», наворбардории филми ҳунарии «Суруди носуруда» дар таҳияи М. Музаффар ба охир расид.

Ҳамчунин, дар «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии кӯтоҳи «Шаммае аз русуми Наврӯз», «Бозӣ», «Насиб», «Додараки фаришта» ва филми тасвирии «Саргузашти гандум» таҳия шуданд. Навгонии дигар он аст, ки кинотеатри «Ватан» аз таъмири асосӣ баромад.

Иттилоъ гирифтем, ки меморандуми ҳамкорӣ миёни МД «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Вобаста ба ин наворбардории филми ҳунарии «Ситораи ноаён» дар таҳияи Муҳаббат Сатторӣ ва «Сангҳо ва об» бо коргардонии Искандар Усмонов дар ҳамкорӣ бо Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид. Сенарист ва таҳиягари ҷавон Зарринаи Қаландар ба таҳияи филми ҳунарии «Таваллуди дигар» дар ВМКБ шурӯъ кардааст.

Тавре ки Маҳмадсаид Шоҳиён қайд намуд, алҳол омодагӣ ба таҳияи сенарияи филм дар бораи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти олии Ӯзбекистону Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бомаром давом дорад. Гурӯҳҳои корӣ аз ҳар ду ҷониб ташкил шудаанд ва боварӣ ҳаст, ки дар ҳамкорӣ филми бадеии тамошобоб таҳия хоҳад шуд. Алҳол Консепсияи филми ҳунарии «Дурахши ахтарон» омода буда, бо пешниҳоду таклифҳои олимони ҷомишинос он мукаммал хоҳад шуд.

Т. НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»