Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ 28 июли соли 2021 баргузор гардид ва дар он раиси ноҳия Фатҳиддин Исмонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ маълумот дод.
Маълум гардид, ки иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 106,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 230,4 миллион сомонӣ ба буҷет 245,6 миллион сомонӣ ворид гардид.
Ҳоло дар ноҳия 18295 андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 2018 кас шахси ҳуқуқӣ, 3546 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома ва 12731 нафар соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда мебошанд.
- Дар ноҳия ба рушди саноат ва соҳибкории хурд ва миёна таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Моҳҳои январ — июни соли ҷорӣ 131 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ба маблағи 96,9 миллион сомонӣ фоида ба даст оварданд. Вале баъзе аз корхонаву ташкилотҳо ба зарар фаъолият намуданд, ки маблағи он 9,3 миллион сомониро ташкил менамояд, — афзуд Ф. Исмонзода.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 28 корхона бо сабабҳои гуногун ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам ва 32 корхонаи дигар тамоман фаъолият накарданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 июни соли 2021 дар ноҳия 1988 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ — 1061 ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ 927 ҷойи нави корӣ фароҳам шуд. Инчунин, ҶДММ «Адраси Душанбе» ба истеҳсоли атласу адрас шурӯъ намуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»