Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҳимҷон Набизода: «Аз натиҷаҳо қаноатмандем»

№102 (4364) 10.08.2021

Рашт- Нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар 6 моҳи соли 2021 гувоҳи он мебошад, ки мардум дар доираи нақшаву барнома ва ҳадафҳои гузошташуда фаъолият карда, сол ба сол ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегарданд, — гуфт раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода аснои нишасти матбуотие, ки 28 июли соли 2021 доир шуд.

Ӯ, инчунин, азҳор намуд, ки бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 15 корхонаи истеҳсолӣ эъмор шуд. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли хишти пухта ва сементӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), хӯроки чорво, дӯзандагӣ, коркарди пашм, мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд.

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли картошка хоҷагидорон тасмим гирифтанд, ки соли ҷорӣ дар 3047 гектар кишти ин зироати муҳимро анҷом диҳанд. Инчунин, дар 858 гектар ғалладона ва 240 гектар сабзавот кишт гардида, дар 23 гектар боғ бунёд шуд.

Боис ба зикр аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, то ба ҳол аз ҷониби онҳо 168 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ 4 толор ва 12 майдончаи варзишии замонавӣ, 14 чоҳи амудӣ ва 8 хати оби нӯшокӣ, 9 бинои нави таълимӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ, 2 беморхонаи хусусӣ ва 4 бунгоҳи тиббӣ, 4 китобхона, 4 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ ва 21 маркази савдову хизматрасонӣ бунёд гашт.

Д. МИРЗО,

 «Садои мардум»