Гурӯҳи калони олимони Австралия дар маҷаллаи илмии «Clinical and Experimental Pharmacology and Physiology» (Фармакология ва физиологияи клиникӣ ва эксперименталӣ) натиҷаи таҳқиқоташонро дарҷ намуда, гуфтаанд, ки сиёҳдона (Nigella sativa) метавонад минбаъд воситаи таъсирбахш барои муолиҷаи бемории COVID-19 шавад. Ин адвиётро дер боз дар Шарқ барои муолиҷаи бисёр бемориҳо, аз ҷумла илтиҳоб ва сироят (инфексия)-ҳо, истифода мебаранд.
Роҳбари пажӯҳиш, профессор Каниза Фотима Шод дар натиҷаи таҳқиқоти моделӣ муайян намуд, ки тимохинони таркиби сиёҳдона ба сафедаи шипи вируси COVID-19 часпида, имкон намедиҳад, ки он ба шуш сироят кунад. Тимохинон, инчунин, метавонад «Тӯфони ситокинӣ»-еро, ки ба беморони ҳолаташон вазнини COVID-19 асар мекунад, таскин бахшад.
- Таҷрибаҳои лабораторӣ собит намуданд, ки тимохинон ба системаи муҳофизатии бадан таъсири мусбат мерасонад. Инчунин, озодшавии интерлейкин барин моддаи химиявиро пешгирӣ менамояд. Ин ба тимохинон имкон медиҳад, ки дар муолиҷаи ҳолатҳои аллерогиявӣ, мисли диққи нафас (астма), экзема, артрит (аз ҷумла, ревматизм ва остеоартрит), ҳатто склероз нақши ҳалкунанда бозад, — навиштааст Каниза Фотима Шод.
Дар санади ҳисоботӣ механизми таъсири сиёҳдона зимни муолиҷаи COVID-19 ва дурнамои истифодабарии он дар муқобили бемории зудпаҳншаванда оварда шудааст.
- Чанде пеш давои аз сиёҳдона тайёршуда ба шакли маҳлули пошанда (спрей) ва марҳам дар беморон бомуваффақият санҷида шуд. Собит гардид, ки он барои муолиҷаи фишорбаландӣ, сатҳи баланди холестерин ва диабети қанд давои беҳамтост. Ҳамчун воситаи зиддиилтиҳобӣ сиёҳдона, инчунин, дар муолиҷаи ринит ва синусити аллергиявӣ, экзема, остеоартрит ва эпилепсияи кӯдакона кумак мерасонад, — гуфтааст ҳаммуаллифи таҳқиқот, доктор Виссам Субра.
Сиёҳдона дар шароити лабораторӣ самаранокиашро дар нобуд кардани бактерияҳо, ба монанди стафилакокк, ки боис ба ангезиши сироятҳои сабуку вазнин мегарданд, инчунин, барангезандаҳои вирус (аз ҷумла зуком) исбот намуд.
Ҳаммуаллифи таҳқиқот Денис Кордато гуфтааст, ки мақолаи илмӣ дар бораи сиёҳдона барин маҳсулоти табиӣ маълумоти муфассал додааст. Зиравории он, ки зиёда аз ҳазор сол ҳамчун воситаи шифобахш дар тибби Шарқ истифода мешуд, имкон дорад дар тибби муосир ҷойгоҳи сазовор пайдо кунад.
Расо якуним сол пеш аз чопи ин мақола дорусози навовари тоҷик Саидвалӣ Ҳикматов дар асоси сиёҳдона истеҳсоли нӯшдору ва маҳлули пошандаи «Антиковид — 19» — ро ба роҳ монд. Дар ин бобат, қабл аз ҳама, рӯзномаи «Садои мардум» мақола ба табъ расонд.
Сипас, сомонаи «Спутник» — и Федератсияи Россия, бо истинод ба хабари дар «Садои мардум» чопшуда, аз истеҳсоли давои мазкур иттилоъ дод. Инчунин, дар саҳифаи якуми рӯзномаи «Садои мардум» мақолаи проблемавӣ зери унвони «Нӯшдоруи сиёҳдона барои пешгирӣ ва муолиҷаи коронавирус муфид аст. Ё чаро 5000 намуд гиёҳи шифобахш дорему доруро аз хориҷа мехарем?» (№48 аз 16 апрели соли 2020) ба табъ расонида, аз масъулин хоҳиш кардем, ки бо истифода аз давоҳо муолиҷа ва пешгирии бемории COVID — 19 ба роҳ монда шавад. Мутаассифона, пешниҳод ҷиддӣ қабул нагардид. Ҳол он ки чанд нафар аз он давоҳо истифода бурда, аз бемории сироятнок эмин монданд. Аз ҷумла, ҳафтаномаи «СССР» моҳи ноябри соли 2020 дар мақолаи «Доруҳои ватанӣ ва COVID-19» самаранокии давоҳои арзони аз сиёҳдона тайёршударо аз номи шифоёфтагон таъкид намуд. Дар бораи фавоиди нӯшдору ва маҳлули пошандаи «Антиковид -19» дар нашрияҳои «Ёрии таъҷилӣ», «Даво» ва «Каломи табиб» низ мақолаҳо ба табъ расиданд. Агар он навиштаҳо ба забони англисӣ тарҷума шуда, дар ягон маҷаллаи илмӣ ба нашр мерасиданд, обрӯи соҳаи дорусозии Тоҷикистон баланд мешуд. Метавонистем содироти онҳоро низ ба роҳ монем.
Бо вуҷуди ин, боис ба ифтихор аст, ки Саидвалӣ Ҳикматов ҳамчун ворису номбардори алломаи оламшумули тоҷик — Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон нахустин шуда, истеҳсоли воситаи табиии мубориза бар зидди коронавирусро ба роҳ монд. Ин давоҳо на танҳо ба пешгирию муолиҷаи коронавирус мусоидат намуданд, балки ба эътирофи истифодабурдагон хориши гулӯ, дарди дандон, нафастангӣ, назла (обравии бинӣ), хуншории бехи дандонҳо, зардаҷӯш ва ғайра низ аз байн рафт.
Умед мекунем, ки ихтирои дорусоз Саидвалӣ Ҳикматов дар арсаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ шуда, дар арафаи Рӯзи кормандони соҳаи тиб — 18 август ӯ қадрдонӣ мегардад.
Хуб мешуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоҳои аз сиёҳдона бо тамғаи «Made in Tajikistan» тайёрнамудаи Саидвалӣ Ҳикматовро дар Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO Dubai» ба сифати яке аз давоҳои барои сокинони сайёра муҳим ба намоиш гузорад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»