Василаи кушоишу музаффариятҳо

№104 (4366) 17.08.2021

Истиқлолият неъмати бузургест, ки соҳиб­ихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро ифода мекунад. Он мояи сарбаландӣ ва озодии шахc буда, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад.

24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳиб­истиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд. Дар моддаи якуми он омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқ­бунёд мебошад».

Замоне буд, ки таҷлили санаҳои таърихӣ ва солгарди намояндагони фарҳанги асрҳои гузаштаи моро манъ мекарданд. Хушбахтона, ҳоло бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ҷидду ҷаҳди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони ба гузашта рӯ овардан ва аз бузургону фарзандони фарзонаи миллат ёдовар шуданро пайдо намудем.

Хусусан, бо ибтикори Пешвои миллат соли 1999 — ум 1100 — солагии давлати Сомониён, соли 2006 — Соли тамаддуни ориёӣ, соли 2009 — Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, соли 2015 — ум 3000 — солагии Ҳисори Шодмон, соли 2020 — ум 5500 — солагии Саразми Бостон ва дигар ҷашнҳо таҷлил гардиданд.

Ҳоло Тоҷикистонро зиёда аз 180 давлат ба расмият шинохта, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад».

Дар ҳақиқат, истиқлолият талошҳо, муборизаву ҷонбозиҳо ва далериро меписандад. Ҳар як шахс бояд нисбат ба Ватан муҳаббат дошта бошаду сарзамини аҷдодӣ ва муқаддасоти миллиро эҳтиром намояд. Дар ин ҳолат ҷавҳари ҳастии миллат, бақои давлат, ваҳдати миллӣ ва истиқлолият неруманд мегардад.

Тоҷикистон маҳз бо иқдомҳои наҷибонаю ватанпарварона, ҳадафҳои созанда ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Ташаббусҳои муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро СММ фаъолона дастгирӣ мекунад. Зеро онҳо ба тамоми сайёра дахл доранд.

Тоҷикистон дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама соҳа ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Ободкориҳои бадастомада бо ибтикор ва талошҳои зиёди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд.

Ҳамин тариқ, зиёда аз 4 маротиба бо ибтикори Пешвои миллат чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ба замми ин, бо ибтикори Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили оби нӯшокӣ, аз қабили шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои ҳаёт» моҳи июни соли 2010, Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи августи соли 2013 ва Конфронси байналхалқӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» моҳи июни соли 2015 гувоҳи гуфтаҳои болоянд, ки роҷеъ ба иҷрои даҳсолаҳои эълонгардида мисол шуда метавонанд.

Нурулло ҚУРБОНАЛИЗОДА,

мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Истамҷон ОДИНАЕВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон