Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки бо суръати ғайричашмдошт ҷараён дорад, мушкилоти амниятӣ дар он, инчунин, роҷеъ ба он ки АП САҲА дар вазъияти баамаломада чӣ гуна метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ёрӣ расонад, аз масъалаҳои меҳварии рӯзномаи ҷаласае буданд, ки 25 августи соли равон бо номи «Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» таҳти раёсати президенти Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, муовини роҳбари ҳайати Шветсия дар АП САҲА Маргарета Cедерфелт аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Финляндия дар АП САҲА, инчунин, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, сафирони ин созмони байналмилалӣ иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода муаррифӣ намуда, аз ҷумла, гуфт, ки Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва муносибатҳои наздики ҳамсоягӣ мепайвандад.
- Мардуми шарифи кишвари бародар бо мо бо як забон ҳарф мезананд ва риштаҳои муштараки таърихии мо дар умқи ҳазорсолаҳо реша доранд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо нисбат ба сарнавишти бародарони афғонамон бетараф нестем. Ҳар дард ва ранҷи мардуми афғон дар қалби мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форумҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон ёрӣ расонанд, зеро буҳрони ин кишвар мушкилоти байналмилалӣ аст, — ёдовар шуд ӯ ва афзуд: — Зиёда аз чил сол аст, ки дар Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои мусаллаҳона идома доранд. Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷанги таҳмилшуда, ки дар натиҷаи мудохилаи беруна ба умури дохилии онҳо оғоз шуд ва то ҳол идома дорад, хеле азоб мекашанд. Мутаассифона, ҷараёни вайронкунии амният дар ин кишвар тайи рӯзҳои охир ранги нав пайдо мекунад, ки ин на танҳо барои кишвари мо, балки барои минтақа нигаронкунанда аст. Умед дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббус ва пешниҳодҳои нав механизми ҳамкорӣ бо Афғонистон ва расонидани кумакро боз ҳам такмил хоҳад дод.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Афғонистон ҳамеша ҳамсояи хуб буда, дар тӯли таърих шарики шодию ғами ҳамдигар мебошанд. Саидмурод Фаттоҳзода гуфт, ки мо ҳамеша истиқрори сулҳи комил ва ваҳдати миллиро дар Афғонистон самимона дастгирӣ мекунем. Мутмаинем, ки таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобаста аст.
- Ман фикр мекунам, ки ҳатто хурдтарин кумак ба ин мардуми пурсабр, қадами кӯчактарин дар роҳи беҳбуди вазъи ин кишвар, ба он мусоидат хоҳад кард, ки як қадами дигар дар пешрафти худ ва рафъи мушкилоти мавҷуда ба пеш гузошта шавад. Вазъияти душворе, ки солҳои охир дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, танҳо бо ин кишвар маҳдуд намешавад. Проблемаи Афғонистон, ки хусусияти минтақавӣ дорад, ҷомеаи ҷаҳонро низ нигарон мекунад. Мо, кишварҳои минтақа, набояд гузорем, ки мардуми дӯсту бародари Афғонистон бо мушкилоти ба дӯши онҳо гузошташуда танҳо бимонад. Ҳоло шоҳиди фаъол шудани гурӯҳҳои гуногуни террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, мебошем. Гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон фаъолияти харобкоронаро густариш медиҳанд, — таъкид кард Саидмурод Фаттоҳзода.
Дар хотима аз рӯи масъалаи баррасишуда қарор қабул гардид.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон