Дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба косташавии ахлоқи ҷавонон, камшавии эҳтиром миёни аҳли хонавода ва бемеҳрии волидайну фарзандон зиёд мегӯянд. Дар бораи даъвоҳои судӣ миёни бародарон, зарбу лат ва ҳатто куштори падару модар аз ҷониби фарзандон низ хабарҳо нашр мешаванд. Аз ин рӯ, суҳбат бо сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов доир ба мақому манзалати падару модар ва сабабҳои беэҳтиромии фарзандон нисбат ба онҳо сурат гирифт.
- Аз нигоҳи дини мубини ислом ҷойгоҳи падару модар чӣ гуна аст?
- Посух ба саволатонро бо ин гуфтаҳои Фаридуддин Аттори Нишопурӣ оғоз менамоям:
Тоати Ҳақро ба ҷон фармон кунӣ,
Баъд аз он бо волидайн эҳсон кунӣ.
Волидайн аз ҳар касе хушнуд шуд,
Он кас аз шоистаи маъбуд шуд.
Волидайн аз ҳар кӣ дар озор шуд,
Осӣ аст, аз вай Худо безор шуд.
Дар «Қуръон»-и маҷид таъкид шудааст, ки «Парвардигорро ибодат кунед ва ба падару модар эҳсон (некӣ) намоед!». Ин ҷо баъд аз итоати Худованд эҳтироми волидайн таъкид шудааст. Пас падару модар муқаддас ҳастанд. Агар фарзанд ба волидайн беэҳтиромӣ кард, маънои онро дорад, ки ба муқаддасоти худ беэҳтиромӣ намуд.
Вақте фарзанд ҳаққи падару модарро риоя намекунад, аз чор чизи муҳим маҳрум мешавад. Якум, розигии Парвардигорро аз даст медиҳад. Дуюм, дар зиндагӣ шахси бебаракат шуда, ба кадом коре, ки даст занад, аз он баракат намеёбад ва аз мақому мансабаш низ бебаҳра мемонад. Сеюм, аз фаровонии ризқ ва чорум аз дуои неки падару модар маҳрум мешавад.
Дар ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) таъкид шудааст, ки «розигии Парвардигор ба розигии волидайн вобаста буда, хашму ғазаби Парвардигор низ ба хашму ғазаби волидайн вобаста аст».
- Чӣ сабабҳо боис ба ранҷиши волидайн мегардад?
- Нахустин омили боиси ранҷиши волидайн шудани фарзанд ҷоҳилию бесаводии ӯст. Омили дуюм, надонистани паёмади фаврии ранҷиши падару модар аст. Яъне, фарзанд намедонад, ки дар сурати ранҷонидани падару модар чӣ балое ба сараш меояд. Омили сеюм, нозпарвард (эрка) намудани фарзанд аст. Фарзанди нозпарвард волидайнашро ҳамеша мадюни хеш мепиндорад. Фикр мекунад, ки волидайн аз ӯ қарздор ҳастанд ва бояд ҳар гуна рафтори фарзандро таҳаммул намуда, ӯро наранҷонанд. Чунин фарзанд бо падару модар бо нозунуз рафтор мекунад, на бо ахлоқу одоб ва андешаву тафаккур.
- Яъне, дар баъзе ҳолат худи волидайн низ дар нозпарвард шудани фарзанд айбдоранд?
- Воқеан, тарбияи фарзанд ба волидайн сахт марбут мебошад. Падари саодатманд ҳамонест, ки аз дари хонааш, ки даромад, муҳтарам бошаду боиси хушҳолии аҳли оила гардад. На ин ки аз дар барояду аҳли хонадон хурсандӣ кунанд, ки «аз шарраш халос шудем».
Дар ин хусус Паёмбари гиромӣ (с) фармудаанд: «Беҳтарини шумо касест, ки барои аҳли байт ва хонаводааш беҳтар бошад. Ман дар байни шумо беҳтарин нисбат ба хонаводаам ҳастам».
Ҷаннати инсон дар рӯи замин хонадонаш аст, ки дар он бояд сукут, оромӣ, меҳру муҳаббат ва осоиштагӣ бошад. Агар дар хонавода сукуту оромӣ набошад, пас он хона ҷаҳаннами инсон дар рӯи замин аст. Падар ҳамчун сарвари хонадон дар таъмини сукуту оромии хонавода масъул мебошад. Ӯ, пеш аз ҳама, худаш бояд дорои ахлоқи ҳамида бошад ва фарзандонро низ бо истифода аз панди бузургон дар роҳи дуруст тарбия намояд.
Нақл мекунанд, ки марде падари пиронсолашро дар як гӯшаи тангу торики хона дар косаи чӯбин ғизо медод. Рӯзе фарзандаш аз ӯ пурсид, ки чаро бобояшро дар ҷои номувофиқ шинонида, дар косаи чинӣ нею дар косаи чӯбин хӯрок медиҳад?
Падар мегӯяд, ки бобояш пиру нотавон шуда, бинобар ларзидани дасташ чанд маротиба косаҳои чиниро афтонида шикаст ва кӯрпачаҳоро равғанин кард. Аз ин рӯ, барояш косаи чӯбин гирифт.
Фарзанд ба падар мегӯяд: «Баъди вафоти бобоям ин кӯрпачаю косаро нигоҳ доред. Зеро вақте шумо пир шудед, ман ҳам шуморо дар ин кӯрпача шинонида, дар ин коса хӯрок медиҳам».
Мард хатояшро фаҳмида, ҳолату вазъияти нигоҳдории падарашро беҳтар мекунад.
Ин ҷо панди Шайх Саъдиро ёдоварӣ кардан бамаврид аст:
Ту ба ҷойи падар чӣ кардӣ хайр,
То он чашм дорӣ аз писарат.
- Фарзандоне ҳастанд, ки ба ҷойи дар пиронсолӣ такягоҳи падару модар шудан онҳоро ба «Хонаи пиронсолон» месупоранд.
- Мутаассифона, сафи чунин фарзандони бенанг зиёд шуда истодааст. То солҳои навадуми асри ХХ чунин ҳодисаҳо дар мардуми мо қариб, ки набуданд. Ҳоло аксари бошандагони «Хонаи пиронсолон»-ро касоне ташкил медиҳанд, ки соҳиби фарзанданд. Ин ҳолатҳоро дида, гуфтаҳои Сайидо ба ёд меояд:
Дар ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
В-арна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад.
Нақл мекунанд, ки падаре фарзанди нозпарвардашро ба асп шинонда, ба сайри манзараҳои зебо мебарад, ғизоҳои болаззат медиҳаду дар рахти бароҳат хоб мекунонад. Рӯзе барои фаҳмидани андешаи фарзанди наврасаш аз ӯ мепурсад: — Писарам, ту чӣ таманно дорӣ? Беистиҳола бигӯ, то аз дилат огоҳ бошам.
Фарзанд мегӯяд: — Росташро гӯям, мехоҳам, ки шумо набошеду ман аспро зин зада, чобукона савор шаваму босуръат биронам, ки ҳеҷ кас ба ман наздик омада натавонад. Ҳар ҷое дилам бихоҳад, биравам…
Падар мефаҳмад, ки дар тарбияи рӯҳию равонӣ ва ахлоқии фарзанд иштибоҳ кардааст. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолат ба фарзанд бояд илму ҳунар ёд дод. Чуноне ки Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки таваҷҷуҳ ба илму адабу ҳунар зиёд бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт ҳукмфармо мегардад. Барои ин бояд, пеш аз ҳама, худамон пайваста илм омӯзему адабро риоя кунем. Дар сурати нишон додани ибрати шахсӣ сухани мо бештар коргар мешавад. Ба гуфти Мавлоно Ҷомӣ:
Боядат аввал адаб андӯхтан,
Пас дигаронро адаб омӯхтан.
Мусоҳибон Нарзибой АШӮРОВ,
собиқадори матбуот,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»