Рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 7 сентябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир гардид, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ»-ро фаро гирифт. Онҳо, баъди шарҳу тавзеҳи ҳамаҷониба, аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар мақомоти марбута пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок ва таклифҳои судманд баён дошт.
«Садои мардум»