Истиқлолият ва рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ

№116 (4378) 16.09.2021

Без имени-1Яке аз  самтҳои муҳими фаъолияти парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари эҷоди қонун, равобити байнипарлумонию муносибатҳои хориҷӣ мебошад, ки ба рушди ҳамкориҳои судманд бо парлумонҳои кишварҳои дигар ва созмону ташкилоти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкорӣ бо парламентҳои кишварҳои олам ва созмонҳои гуногуни байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Бо мақсади таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои парламентӣ бо як қатор парламентҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Федератсияи Россия, Хитой, Япония, Малайзия, Сингапур, Шри Ланка, Ветнам, Венг­рия, ҷумҳуриҳои Исломии Покистону Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Индонезия, Қазоқис­тон, Ӯзбекистон, Куба,  Қирғизистон, Туркманистон, Урдун, Марокаш, Беларус, Арманистон, Руминия, Словакия, Олмон, Корея, Озарбойҷон таъсис дода шуд.

Хусусан, ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рушди муназзам дорад. Аз октябри соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи доимӣ кор мекунад, ки бо Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Вохӯриҳо, махсусан, аз ибтидои солҳои 2000-ум доир гаштанд: сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Россия С. Миронов ба Тоҷикистон (3 — 5 апрели 2003 ва 24 — 26 августи 2006), вохӯрии Интер — Комиссияи Маҷлиси федералии парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Федератсияи Россия (30 ноябри 2005, 11-13 авгус­ти 2006), сафари расмии Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Б. Гризлов ба Душанбе (14 — 15 декаб­ри 2005), сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев ба Мас­кав (2007) аввалин Форуми байнипарлумонӣ: «Тоҷикистон — Россия: потенсиали ҳамкории байниминтақавӣ» (25 августи 2006) сафари расмии Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия С. Наришкин ба Душанбе (6-7 октябри 2013) ва ғайра.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ самаранок инкишоф меёбанд. Ба ин ифтитоҳи намояндагии «Россот­рудничество», ду маркази иттилоотӣ ва фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат мекунад. Ҳоло дар Тоҷикистон, дар баробари Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, инчунин филиалҳои донишгоҳҳои Москва (Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ва МИСиС) фаъолият доранд.

Муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, бо кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон низ рушд мекунанд. Аз соли 1991 зиёда аз 20 сафари мутақобилаи намояндагони парлумонҳои ҳар ду кишвар сурат гирифтааст. Гурӯҳҳои байнипарлумонии Сенат ва Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуданд. Намояндагони парлумони Ӯзбекистон дар ҳайати нозирони байналмилалӣ дар миссияҳои ИДМ ва СҲШ дар интихоботҳои парлумонӣ (2010 ва 2020) ва президентӣ (солҳои 1994, 1999, 2013 ва 2020) дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

7 октябри соли 2019, Раиси Сенати Олий Мажлиси Танзила Норбоева бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуда, таъкид кард, ки дар натиҷаи робитаҳои наздик ва эътимодбахш, муколамаи мустақим ва мунтазами сарони давлатҳо, тайи се соли охир дар рушди робитаҳои дуҷониба динамикаи назарраси мусбат мушоҳида шуд. Равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон ба сатҳи шарикии стратегӣ афзоиш ёфтааст. Ин кумак мекунад, ки муносибатҳои дутарафа дар ҳама соҳа ба манфиати халқҳои бародар асос ёфта, ба зинаи сифатан нав бароварда шаванд.

Ҳамкорӣ байни парлумонҳои Ӯзбекис­тон ва Тоҷикистон яке аз механизмҳои муҳими амиқсозии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, баланд бардоштани самаранокии робитаҳои амалӣ, инчунин, назорати самараноки иҷрои созишномаҳои дуҷониба мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикис­тон ва Япония 2 феврали соли 1992 барқарор шудааст. Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони парлумони Япония соли 2008 таъсис ёфта, ҷаласаи нахустини он бо иштироки ҳайатҳои парлумонии ҳар ду кишвар 6 марти соли 2019 дар Токио баргузор гардид.

Ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Япония (соли 2014) ва вазири корҳои хориҷии Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2018) низ мусоидат намуд.

Асоси ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикис­тону Туркманистон беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад. Дар ин замина, яке аз муҳимтарин санадҳои танзими муносибатҳои кишварҳо Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон мебошад, ки сарони давлатҳо моҳи ноябри соли 2017 имзо карданд.

Бо мақсади рушди робитаҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Туркманистон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин, комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар густариши шарикии тиҷоративу иқтисодии ҳар ду кишвар нақши муҳим дорад. Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар чаҳорчӯбаи СММ, САҲА, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲИ, ТРАСЕКА, инчунин форматҳои C5 + 1, Осиёи Марказӣ + ИА, Осиёи Марказӣ + Япония, Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея, Осиёи Марказӣ — Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ — Чин рушд мекунанд. Мавқеи кишварҳо дар ҳалли мушкилоти тезутунди байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳам наздиканд.

17 январи соли 2019 собиқ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркия Аҳмад Узер мулоқот намуд. Дар ҷараёни он ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳо ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла, ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои гуногунҷанба буданд. Дар ин раванд ҷонибҳо ба зарурати тақвияти робитаҳои дуҷониба, ташрифи ҳайатҳои байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба ҳамчун ҷанбаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Тарафҳо нақши муҳими гурӯҳҳои дӯс­тии байнипарлумониро дар рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия қайд карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои олам дар ҳоли густариш буда, то ин давра Маҷлиси намояндагон бо зиёда аз 60 кишвар ва созмони байнипарлумонӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»