«Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму оини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмуну моҳияти ҷашни қадимаи мардуми тоҷикро, ки ҳоло эҳё гардидааст, муайян мекунад. Воқеан, аз қадимулайём дар миёни мардуми ориёинажод оини меҳрпарастӣ мавқеи хоса дошт. Ҷашни Меҳргон дар айёме таҷлил мегардад, ки деҳқон ҳосили бо ранҷ парваридаро ҷамъоварӣ менамояд. Баракати заҳмати солона бо фарорасии тирамоҳи зарнисор боис ба фаровонӣ ва шодию нишот мегардад.
Соҳибистиқлолӣ дар радифи ҷашнҳои бузурги Наврӯзу Сада, ба Меҳргон низ умри дубора бахшид. Иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, ҳар сол дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Ба он, пеш аз ҳама, кормандони соҳаи аграрӣ омодагӣ мегиранд. Зимнан, рушди ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии рӯзгори мардум мусоидат мекунад. Бо дарназардошти ин, таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати мамлакат муайян шудааст. Баҳри татбиқи он дар кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешавад. Дар натиҷа, соҳаи аграрӣ сол ба сол тараққӣ карда, комёбиҳо мунтазам афзун мегарданд. Тавре дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид: «Тибқи таҳлилҳо, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 — 2020 — ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.».
Ҳоло дар натиҷаи афзоиши майдони кишоварзӣ, махсусан боғу токзорҳои нав ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, истеҳсоли маҳсулот зиёд гардид. Дар идомаи дастгириву ғамхориҳои пайваста ба кормандони соҳаи аграрӣ, бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод карданд: «…тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.».
Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳо кишоварзони мамлакат саъю талош доранд, то ки боз ҳам комёбиҳоро афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Далели ин гуфтаҳо натиҷаҳои давоми соли ҷорӣ бадастомада мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар мавсими имсола, айни ҳол 187879 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 22925 тонна зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо ба миқдори 839991 тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 21533 тонна зиёд аст. Ҳосили умумии гандум 676309 тоннаро ташкил медиҳад (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41172 тонна зиёд).
Истеҳсоли сабзавот низ афзоиш ёфта, то ин дам ба 1064365,7 тонна расидааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131954,5 тонна зиёд картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ҷумҳурӣ сол ба сол истеҳсоли меваю ангур низ афзоиш меёбад. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то якуми октябри соли 2021 ба миқдори 160313 тонна мева ва 79698,7 тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст.
Кишоварзони мамлакат ин дастовардҳоро ҳамчун туҳфаи арзанда ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва иди Меҳргон пешкаш менамоянд.
Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадааст. Ин ҷашн дар ҳама гӯшаю канори кишвар бо шодию нишот таҷлил мегардад. Дар арафа ва рӯзҳои ҷашн дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, фестивалу озмунҳо баргузор шуда, кормандони соҳаи агросаноатӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Кори пурбаракати кишоварзон дастархони мардумро пурфайз гардонда боис ба пешрафти рӯзгор, ваҳдату ҳамбастагӣ мегардад. Ҳадаф аз ҷашни Меҳргон низ ҳамин аст.
Холбойзода Неъматулло Холбой,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон