Конститутсия олитарин санади ҳуқуқии кишвар ва роҳнамо барои танзими қонунҳои дигар аст. Он муайянкунандаи усули сиёсӣ, сохтори сиёсӣ ва идоранамоӣ буда, ҳудуду қудрати сиёсии давлат ва таъину танзимкунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар аст.
Моҳияти санади олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ҳеҷ қонуни дигари қабулшаванда набояд дар мухолифат ба қонуни асосӣ қарор гирад. Ба ибораи дигар, қонуни асосӣ қонуни таъинкунандаи низоми ҳоким бар кишвар ба ҳисоб меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ тартиби ҳокимияти сиёсӣ, шохаҳои ҳокимият, салоҳияти онҳо, меҳвари қудрати иҷтимоӣ ва равобити байни шаҳрвандону ҳокимияти сиёсиро муайян месозад. Яъне, агар ба ҷавҳари бунёди давлати дунявӣ назар намоем, бунёди давлати дунявиро қонунсолорӣ ё тааҳуди иҷтимоӣ ташкил медиҳад ва он дар шакли меъёри умумӣ аз тарафи аъзои ҷомеа пазируфта шуда, дар шакли Қонуни асосӣ ё Конститутсия зуҳур менамояд. Бар мабнои ин андеша, Конститутсия дар давлати дунявӣ муҳимтарин василаи танзими иҷтимоист, ки дар он бунёди давлат, ҷомеа дар шакли муҳраҳои асосие, ки баъдан дар заминаи он сохтмони ҷомеа шакл мегирад, амал менамояд. Яъне, Конститутсия бо таркибот, салоҳият, таъсиргузорӣ ва вазифаҳояш манфиат, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандону табаияти ҳар як кишварро ифода менамояд. Он заминаи фаъолияти бонизоми ниҳодҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, сохтори иҷтимоию сиёсиро кафолат медиҳад.
Масъалаҳои меҳварии Конститутсияро мафҳумҳои инсон, шаҳрванд ва халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти кишвар, арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди он, ҳимояи боигариҳои табиии кишвар ва сохтори идоракунии давлатӣ ташкил дода, дигар масоили дарҷёфта ифодакунандаи ин нуктаҳои меҳварӣ мебошанд.
Бори аввал дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол Конститутсия ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ шароит фароҳам овардааст. Ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсон, дахлнопазир эълон гардид ва давлат масъулияти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба дӯш мегирад. Мутобиқи муқаррароти Конститутсия шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ҳизби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ созмон диҳанд, муътақиди ин ё он дину мазҳаби роиҷ бошанд. Айни замон «таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд», мамнӯъ мебошад.
Хусусияти хос ва барҷастаи Конститутсия он мебошад, ки тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст вазифаҳоеро, ки барои танзими ҷамъияти конститутсияҳои дигар миллату халқиятҳо дар дарозои таърих анҷом додаанд, анҷом бидиҳад. Далел ин аст, ки пас аз расидан ба Истиқлолият маҳз ҳамин санади олии ҳуқуқӣ, аз замони қабули он дар соли 1994, дубора тавонист бо меҳвари марказияти қонун будан ҷомеаро аз бенизомӣ берун оварад ва тартибу волоияти қонунро таҳким бахшад, роҳи рушди давлатдории миллиро муайян намояд ва ҳамчун заминаи асосии рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ вазифаашро бисёр возеҳу равшан анҷом бидиҳад.
Аз тарафи дигар, Конститутсияи кишвар раванди давлатдориро муқаррар намуд, ки он сохтори сиёсии кишварро ҳамчун сохтори ҷумҳуриявӣ ва тарзи идоракунии онро низоми дунявӣ эълон намудааст. Дунявияти дар Конститутсия зикршуда ҷумҳуриро аз назари фарогирии илму дониш, муносибат бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон, баробарияти динию мазҳабӣ ва ҷинсию миллӣ, имкон додааст, то бо кишварҳои ҷаҳон робитаи самимию ҳасанаро ба роҳ монда, дар фазои ҷаҳонӣ кишвар ҷойгоҳи муносиб пайдо намояд. Ҳамчунин, дунявияти навъи давлатдорӣ, ки дар Конститутсия зикр гардидааст, ин низоми санҷидашудаи илман асоснокест, ки барои он арзишҳои дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзиши мутлақ зиндагиву саодати инсон ба ҳисоб меравад.
Аз ин нуктаи назар, Конститутсия ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ барои Тоҷикистон дар ҳама соҳаи ҷомеа, бахусус, фаъолияти созандагию бунёдкорӣ шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангиро фароҳам оварда, мардумро ба меҳнати софдилона, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарору қонунҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
АМОНЗОДА Илҳом Темур,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон