19 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди «Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Бо бунёди мактаби нав 80 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки 54 нафарашон омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд. Таълим дар муассиса бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, он дорои 48 синфхонаи замонавӣ, инчунин, синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, толори маҷлис бо 460 ҷойи нишаст ва ошхона барои 280 нафар мебошад.
Барои омӯзиши фанҳои дақиқ дар таълимгоҳ озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ сохта шуда, барои гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ насб гардидааст.
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш толори калони варзишӣ, ки 500 метри мураббаъ масоҳат дорад, бунёд шудааст. Ҳамчунин, толори бозии тенниси рӯимизӣ баҳри тарғиби ин навъи варзиш дар миёни ҷавонон сохта шудааст.
Китобхонаи замонавии муассиса дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти дарсӣ ва бадеӣ буда, барои хонандагон китобхонаи электронӣ низ ташкил шудааст.
Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои таълими меҳнат ташкил гардида, ҳамчунин, духтарон дар синфхонаҳои алоҳида нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро аз бар мекунанд.
Дар доираи солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар муассиса маҳфилҳои математика, физика, биология ва бозии шоҳмот ташкил шудааст, ки ба рушди зеҳнии наврасон мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои таълимии муассиса ба омӯзгорон дастур доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида дар тарбияи насли ояндасози миллат ҳама қувваю малакаи касбиро ба харҷ диҳанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди «Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҷалби ширкатҳои сохтмонӣ ва мутахассисони ватанӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои омӯзгорону толибилмони ин даргоҳи илму маърифат мебошад.
Бояд гуфт, ки муассисаи таълимии тозабунёд дар заминаи собиқ бинои мактаби рақами 14, ки таъмирталаб гардида буд, бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Масоҳати умумии иншоот 90 садяк ва масоҳати зери сохтмон 3186 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мактаб дорои маркази махсуси гармидиҳӣ буда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки 9 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир дар шаҳри Душанбе шинос шуда, ба корҳои сохтмонии 7 мактаби нав бо 17080 ҷойи нишаст оғоз бахшиданд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълиму тарбия, дар шаҳри Душанбе соли 2021-ум 9 иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифт ва соли 2022-юм боз 22 мактаб бо 2135 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро ифтитоҳ карданд.
Бинои нуҳошёнаи замонавӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир бунёд гардидааст ва дорои 61 ҳуҷраи кор, ду толори маҷлис мутаносибан бо 360 ва 130 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад. Дар он барои 500 нафар имкони хуби кору фаъолият муҳайё гардидааст.
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардид.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии лоиҳакашии — «Душанбешаҳрсоз» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ дар он моҳи апрели соли 2020 оғоз ёфт ва дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Масоҳати умумии иншоот 1,27 гектарро дар бар гирифта, бинои маъмурии он дар майдони 1817,5 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бино барои кормандон ошхона бо 88 ҷой, анбор ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ бунёд ёфтааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави маъмурӣ барои кормандони зерсохторҳои вазорату идораҳои дар ноҳияи Сино фаъолияткунанда, аз ҷумла Раёсати молия, Шуъбаи маориф, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил», Шуъбаи хизматрасонӣ-иҷтимоӣ дар хона ва Муассисаи давлатии «Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона», ки қаблан дар биноҳои иҷора фаъолият мекарданд, шароити беҳтари кор муҳайё гардид.
Ёдовар мешавем, ки бинои қаблии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино соли 1958 сохта шуда, аз ду ошёна ва 37 ҳуҷраи кор иборат буд, ки бо гузашти замон зарурати мутобиқ намудани кору фаъолияти кормандон ба талаботи замон ба вуҷуд омад. Ҳамин тариқ, дар асоси тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат бунёди бинои нави муҳташами маъмурӣ амалӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити муосири муҳайёгардида барои хизматчиёни давлатӣ ва дигар зерсохторҳои вазорату идораҳо дар бинои нави маъмурӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандонро ҷиҳати фаъолияти пурсамару назаррас ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат ҳидоят намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Он ба ифтихори 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Зоир Боқиев ва Наврӯз Юнусов дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат бунёд гардидааст.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 900 метри мураббаъ доман густурдааст ва барои зинаи «Ахтарон», яъне таҳсили 384 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4 пешбинӣ шудааст. Он аз синфхонаҳои фаннӣ, толори варзишӣ, китобхона, ошхона барои 240 нафар, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, маҳфилҳои рақс, шоҳмот, расмкашӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва маҳорати актёрӣ иборат буда, бо аёниятҳои муосири хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Баъди бунёди муассиса дар он 80 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, таълим бо системаи «Стим эдукейшн» (Steam education) ки яке аз бонуфузтарин низоми таълим дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст. Ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкоронро ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ва ободонии диёр намунаи ибрат хонданд.
Дар назди мактаб, ҳамчунин, майдончаи варзишии болопӯшида бо 150 ҷойи нишаст бунёд шудааст, ки барои гузаронидани мусобиқаҳои футбол ва волейбол мувофиқ аст.
Саҳни муассиса дар масоҳати 2300 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, атрофи он бо панҷараҳои мунаққаш иҳота шудааст. Ҳамчунин, ҳудуди муассиса дар масоҳати 2500 метри мураббаъ майсазор шуда, бо гулу дарахтони ҳамешасабз оро ёфтааст.
Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» бо хати алоҳидаи барқ ва системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад. Пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дақиқ» буда, маҳсулоти сохтмонии истифодашуда истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад.
Соҳибкорон уҳдадор шуданд, ки давоми ду соли оянда дар доираи мукаммал кардани низоми таълим, дар марҳилаи дуюм бо сохтмони бинои асосии таълимгоҳ шумораи хонандагонро ба 1280 нафар расонанд. Ҳамин тавр, баъди татбиқи ҳар ду марҳила имкон аст, дар муассисаи таълимӣ хонандагон аз синфи 1 то 11 ба таълим фаро гирифта шаванд.
Мувофиқи иттилои масъулин, бинои бунёдшаванда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад. Дар маҷмӯъ, қитъаи ҷудогардида барои сохтмони ҳар ду бино 2,5 гектарро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бинои нави таълимгоҳро бо тарҳ ва сифати баланди меъморӣ бунёд намуда, синфхонаҳоро мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир муҷаҳҳаз созанд ва омӯзгоронеро ба кор ҷалб намоянд, ки касбияташон баланд бошад.
Муассисони мактаби таълимии хусусӣ ваъда доданд, ки дастурҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, минбаъд низ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушд ва пешрафти Тоҷикистон саҳми муносиб мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино бинои нави Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Он аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва унсурҳои миллии шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта шуд.
Бино аз 71 ҳуҷраи кор, се маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Барои фаъолияти пурсамари кормандон ҳуҷраҳои кор бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта, аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин аст. Мувофиқи лоиҳа, дар таҳхонаи бинои асосӣ ҳуҷраҳои техникӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст. Шумораи умумии кормандони агентӣ бо ҳайати хизматрасонӣ 775 нафарро ташкил медиҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ маркази обуҳавошиносӣ, ҳуҷраҳои кор, маркази омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва дигар имкониятҳои фароҳамгардидаро аз назар гузаронида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бинои озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ дуошёна буда, 20 утоқи корӣ дорад. Дар он таҷҳизоти замонавӣ барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати фазои ҳаво ва санҷишу таъмири асбобҳои обуҳавосанҷӣ васл шудааст.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дорои 3 шуъба, 5 раёсат ва 5 маркази муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обуҳавосанҷӣ мебошад. То ин вақт кормандони он дар бинои куҳна, ки шароиташ ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд.
Дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги иттилоотӣ ва дорои инфрасохтори замонавӣ табдил ёфт ва бо дастгоҳҳои соҳавии навтарин таъмин гардид.
Маркази обуҳавошиносӣ яке аз сохторҳои муҳими агентӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он асосан ба омӯзиш ва пешгӯии равандҳои обу ҳаво марбут мебошад. Пешгӯӣ, асосан ба таври машваратӣ сурат гирифта, дурустии онҳо то 90 фоизро дар бар мегирад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 54 шабакаи давлатии обуҳавосанҷӣ, 96 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон ва саноатии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии агентӣ дар шаҳрҳои Бохтари вилояти Хатлон, Гулистони вилояти Суғд ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудаанд.
Дар шуъбаи пешгӯии обу ҳаво 56 нуқтаи бодуҳавосанҷӣ ва 29 нуқтаи худкор мавҷуд аст, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, боришот, самту суръати шамол, чангу ғубор, тормеғ, туман ва ғайраро коркард менамоянд.
Инчунин, барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «METEOSAT-8» — Маркази моҳворагии аврупоӣ, истифода бурда мешавад. Айни ҳол мутахассисони шуъба дар ҳамкорӣ бо дигар кормандон маълумоти фавриро мавриди омӯзиш қарор дода, коркард карда, огоҳиҳоро дар самти сар задани хатари ҳодисаҳои табиӣ пешниҳод менамоянд.
Дар Агентии обуҳавошиносӣ Маркази танзиму таъмири асбобҳои ченкунӣ фаъолият дорад. Дар он дастгоҳи муосири истеҳсоли давлатҳои Шветсария, Финландия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Олмон барои ташхису танзимкунии дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст.
Дар сохтори Агентии обуҳавошиносӣ фаъолияти як бахши муҳим ба омӯзиш ва ошкор кардани табиати пиряхҳо равона гардидааст. Он дар ҷумҳурӣ аввалин сохтор маҳсуб меёбад, ки бевосита омӯзиш, мониторинг ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатиро дар соҳаи омӯзиши барф ва ях ҳамоҳанг менамояд. Мутахассисони он ҳар сол ҷиҳати омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо корҳои экспедитсионию хатсайрӣ, барфченкунӣ ва ҳаракати пиряхҳоро анҷом медиҳанд. Аз тарафи онҳо дар 30 пирях корҳои омӯзишии физикӣ — ҷуғрофӣ гузаронида шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони Агентии обуҳавошиносӣ таъкид карданд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим бо фароҳам гардидани шароити муосир, муҷаҳҳаз гардондани бинои нав бо таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ бояд кормандон фаъолияти пурсамар дошта бошанд, ҳамчунин, омӯзиши ҳолати пиряхҳоро дар сатҳи лозима ба роҳ монда, оид ба вазъи обу ҳавои кишвар ҳар рӯз ба аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ маълумоти дақиқу саривақтӣ пешниҳод намоянд.
Бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ дар оянда ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тадқиқотӣ дар самти омӯзиши ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», пешгӯйӣ, огоҳӣ оид ба вазъи обу ҳаво дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» бо санъати баланди меъмории миллӣ ва аврупоӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат буда, майдони умумиаш зиёда аз 3,5 гектарро дар бар мегирад ва бинои иншоот дар масоҳати 24 000 метри мураббаъ сохта шудааст.
Ҳадаф аз бунёди Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл», пеш аз ҳама, пешниҳоди хизматрасонии муосир дар самти таъмин ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти баландсифати ватанию хориҷӣ, сарулибоси шинаму зебо барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, мардону занон ва калонсолон, дилхушии кӯдакон, истифодаи босамари вақт ва дар маҷмӯъ, мутобиқ намудани хизматрасониҳо ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташкили ҷойҳои нави кор ба шумор меравад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани «Сиёма молл» 700 ҷойи нави кор таъсис ёфта, барои кормандон шароити арзандаи фаъолият фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси маркази муҳташаму замонавии савдову хизматрасонию фароғатӣ ва фароҳам овардани имконияти васеи интихобу харидории молу маҳсулоти гуногун, ки истеҳсоли ватанӣ ва воридотӣ мебошанд ва барои қонеъ кардани талаботи аҳолӣ пешниҳод гардидаанд, ба муассисон изҳори сипос намуда, ҷиҳати истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба масъулон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонӣ асосан, дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» ҷойгир мебошанд. Дар он ҷо ширкату мағозаҳои маъруфи хориҷӣ молу маҳсулоти брендӣ, аз ҷумла, либосҳои мавсимии мардонаву занона ва кӯдаконаро бо интихоби васеъ ба фурӯш гузоштаанд. Илова бар ин, дар марказ фурӯши маҳсулоти аълосифати хӯрокворӣ ва лавозимоти рӯзгор низ ба роҳ монда шуда, мизоҷон аз хизматрасониҳои муосири бонкӣ, мобилӣ, дорухонаҳо, толорҳои барҳавои мебел, техникаи маишӣ, таҷҳизоти барқӣ, нуқтаҳои фурӯши атриёт ва маҳсулоти ороишӣ бархӯрдор мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои фароҳамгардидаро дар чанд нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ аз назар гузаронида, бо соҳибкорону фурӯшандагон суҳбати самимӣ оростанд.
Даромадгоҳи асосии бино бо атриуми болокушода ва қандилҳои замонавӣ оро ёфтааст. Роҳравҳо, нуқтаҳои фурӯш ва толору мағозаҳои он васеъ ва барҳаво буда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон дар дохили бино 6 эскалатор ва 4 лифти замонавӣ насб гардидааст.
Дар ошёнаи 2-юми бино маркази дилхушии кӯдакона, нуқтаҳои ҳозиразамони хӯрокҳои зудомодашаванда ва толори муосири синамо мавҷуд аст. Дар маркази дилхушии кӯдакону наврасон таҷҳизоти гуногун барои бозӣ ва фароғати насли оянда гузошта шудааст. Дар қисматҳои вертуалӣ кӯдакону наврасон ба бозиҳои гуногуни шавқовар машғул мешаванд. Маркази фароғатӣ бо завқу салиқаи баланд, бо дарназардошти дунёи зебою афсонавии кӯдакону наврасон, ороиш ёфтааст.
Дар нуқтаҳои алоҳидаи марказ барои мизоҷон хӯришҳои гуногун, хӯрокҳои серғизою болаззат ва таомҳои милливу аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад. Мизоҷон имкон доранд, бо истифода аз 400 ҷойи нишаст озодона ғизои дилписандро фармоиш дода, истеъмол намоянд.
Бояд гуфт, ки барои тамошои филмҳои тозаэҷоди олами синамо кинотеатри барҳавои замонавӣ бо толори бароҳат ва се толори стандарти байналмилалӣ мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, кинотеатри марказ дорои 290 ҷойи нишаст буда, бо насби курсиҳои бароҳат барои дӯстдорону алоқамандони санъати синамо шароити баланди хизматрасонӣ фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи 3-юми бино дафтари маъмурияти Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл», толори вохӯрӣ ва ҳуҷраҳои муосири кори ширкатҳои ватанию хориҷие, ки дар он ҷо фаъолияти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ доранд, ҷойгир мебошанд.
Дохил ва беруни бинои маркази муҳташаму замонавии савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ таҳти назорати доимии масъулони хадамоти бехатарӣ ва муҳофизон қарор дорад. Бо мақсади сарфаи неруи барқ дар марказ аз таҷҳизоти каммасрафи замонавӣ истифода мегардад.
Қобили зикр аст, ки «Сиёма молл» дорои шабакаи муосири таъминоти қувваи барқ, обрасонӣ, тозакунии ҳаво, таъмини гармию хунукӣ, огоҳӣ аз сӯхтор ва оташнишонӣ мебошад.
Дар он ҷо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон маркази забономӯзӣ таъсис дода шудааст, ки бо ҷалби мутахассисони касбӣ барномаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд. Инчунин, дар марказ курсҳои махсуси омода кардани хӯришҳои гуногун ва кулчақанду шириниҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Барои нигаҳдори молу маҳсулот иншооти ёрирасон, ба монанди анборҳои барҳаво сохта шудааст, ки молу маҳсулоти зарурӣ дар онҳо захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод карда мешаванд.
Ҷиҳати вуруди бемамониати сокинон ва меҳмонон ба бинои марказ чор даромадгоҳ, аз ҷумла даромадгоҳи асосӣ, вуруд аз таваққуфгоҳ ва даромад аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил гардида, дастрасии мардум ба воридшавӣ хеле осон мебошад. Барои шахсони дорои ниёзҳои махсус низ дар марказ шароити зарурӣ ҷиҳати воридшавӣ ва истифода аз хизматрасониҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар шафати «Сиёма молл» таваққуфгоҳ барои зиёда аз 350 воситаи нақлиёт мавҷуд буда, нуқтаи муосири шустушӯи нақлиёт низ ташкил гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ ибтидои соли 2019 шурӯъ шуда, наздики 400 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ҷалб гардиданд.
Паз аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои марказ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Маҷмааи хизматрасонии Кохи «Парфенон» дидан карданд.
Он низ иншооти навбунёд буда, барои баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногун бо тарҳи зебо ва санъати баланди меъмории юнонӣ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хурсандӣ сохта шудааст ва дар он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ хизмат расонда мешавад.
Тарҳи бинои Кохи «Парфенон» аз иншооти қадимаи юнонӣ гирифта шуда, нишонаи возеҳи арҷгузории миллати тамаддунофари тоҷик ба таърихи куҳани кишварҳои қадимаи дунё мебошад. Бо мақсади муаррифии таърихи қадима дар пештоқи бино ва дар дохили толор муҷассамаҳои қаҳрамонони юнони қадим гузошта шудааст.
Барои мувофиқ намудани толори баргузории маросимҳо маҳсулоти баландсифати сохтмонӣ бо тарзи рӯйпӯшкунии махсуси деворҳо истифода гардида, бо дарназардошти тақсими баробари овоз ва равшаннамоӣ вобаста ба маросими баргузоршаванда, таъмин карда мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Кохи «Парфенон» 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар даромадгоҳи он долони барҳаво бо минтақаи истироҳатӣ ва нуқтаи нигаҳдории сарулибос мавҷуд аст.
Толори асосии бесутуни Кохи «Парфенон» барои 150 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар он толори хурд, ҳуҷраҳо барои модару кӯдак ва даромаду баромади алоҳидаи ҳайати хизматрасон сохта шудааст.
Дар саҳни бинои Кохи «Парфенон» фаввораи замонавӣ ва ниҳоли дарахти «Зайтун» муносиб ба таърихи бино шинонида шудааст.
Инчунин, бо мақсади баргузор намудани чорабиниҳои гуногун дар ҳавлии байни Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии «Сиёма молл» ва Кохи «Парфенон» бо нақшу нигори меъмории миллӣ ва фаввораи дилрабо саҳнаи кушод бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди маркази муосири савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, ки дар онҳо беш аз 600 ҷойи нави кор барои сокинон таъсис дода шуд, изҳори сипос карда, иқдоми шоистаи соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
www.president.tj