Нуҳуми майи соли 2014 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.
Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазори онҳо фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо гузошта шуд.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.
Сипас, гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва аз номи ҷавонони кишвар гузошта шуд.
Маросими поси хотир бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ хотима ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз наздик суҳбат намуда, ба ин пирони барнодил арзи қадрдонӣ намуд.
www.president.tj