ВМКБ. Муассисаҳои нигаҳдории роҳ ба зимистонгузаронӣ омодаанд

№ 15.12.2021

Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ бо иштироки муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода оид ба масъалаи омодагии муассисаҳои нигаҳдории роҳҳо ба фасли сармо ҷаласаи кории кормандони муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди «Бадахшонроҳ» ва Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт баргузор шуд.

Тавре сардори муассисаи «Бадахшонроҳ» Далер Мукаррамшоев иброз намуд, ҳоло дар тавозуни муассиса 2734 км роҳҳои автомобилгард қарор доранд. Ба мақсади дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани онҳо дар давраи зимистон аз 95 техникаи мавҷуда 90-то омодаи кор мебошанд. Баҳри фаъолияти пурсамар дар фасли зимистон беш аз 16 ҳазор метри кубӣ маводи зиддилағжиш, 68 ҳазор литр сузишвории дизелӣ ва бензин, 76 тонна маводи сухт ва 82 метри кубӣ ҳезум захира гардидааст.

Муовини аввали раиси вилоят кормандони соҳаи роҳнигаҳдорӣ ва танзими ҳаракати нақлиётро даъват намуд, ки техникаи дар тавозуни муассисабударо дар ҳолати доимии корӣ нигоҳ дошта, ба нуқтаҳои хатарзо, ҷойҳои тармафароӣ таваҷҷуҳи хоса намоянд. Дар рафти ҷаласа паҳлуҳои дигари масъалаҳо вобаста ба фаъолияти муассисаҳои роҳнигаҳдорӣ ва муваффақона ҷамъбаст намудани соли 2021 баррасӣ шуданд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»