Фурӯши агишти босифат ва арзон дар Кўлоб

№ 16.12.2021

IMG_317314 декабри соли равон мошини пурбори ангишт, дар ҳаљми 300 -тонна ба шаҳри Кӯлоб расид. Мақсади ин иқдом иҷрои  дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   оид ба таъмини талаботи аҳолии кишвар бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин  ҷиҳати ба  танзим даровардани нархи он дар бозор мебошад, ки  аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияи нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар ярмарка-фурӯши ангишт, ки 15 декабр дар шаҳри Кўлоб ташкил шуд, шаш корхонаи истеҳсолии   КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Ангишти Камароб», ҶДММ «Вена», ҶДММ «Тако Ресурс» ва ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» ангиштро бо нархи ҳар килограм аз 50  то 80 дирам пешкаш намуданд.

- Аз ин ва дигар дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хусусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  хуш пазироӣ намуда, аз номи сокинони шарафманди шаҳр изҳори сипосу миннадории беҳисоб менамоянд,- зикр шудааст дар хабари бахши  матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»