Оро додани арчаро аслан ба мардуми қитъаи Аврупо, хусусан Олмон, марбут медонанд. Зеро 500 сол боз дар фарорасии соли нав ва рӯзи мавлуди Исо (а) дар ин манотиқ арча оро дода мешавад.
Аслан, ба дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз, хусусан арча, аз қадимулайём мардуми кишварҳои олам таваҷҷуҳи хосса дошта, онҳоро муъҷиза, рамзи ҷавонии ҷовидона ва эҳё қабул намуданд. Боварҳо мавҷуд буданд, ки ин дарахтон аз неруҳои бадӣ, беморӣ ва офатҳо ҳифз менамоянд. Бартарияти ин дарахт аз сӯзанбаргҳои дигар он аст, ки намуди зебои аҳромшакл дорад.
Мегӯянд, ки сабабгори асосии оро додани арча Мартен Лютер будааст. Соли 1513 дар арафаи рӯзи мавлуди ҳазрати Исо ӯ вақти бозгашт ба манзили хеш аз тамошои осмони пурситора илҳом гирифта, баъд аз расидан ба хона, шохаи арчаеро ба рӯи миз гузошт ва онро бо шамъчаҳои хурду ситорае оро дод. То он айём дар Аврупои марказӣ дар шаби мавлуди Исо ба болои миз шохаи ниҳоли дарахти дигар — букро мегузоштанд, ки бо себ, олу ва нокҳои дар асал пухташуда ва чормағзҳои ҷангалӣ оро дода мешуд. Дар нимаи дуюми асри XVII олмониёну швейтсариягиҳо баробари шохаи дарахти паҳнбарг, сӯзанбаргҳоро низ истифода карданд. Дар аввал шохаҳои сӯзанбаргҳо дар шифти хона бо шириниҳо ва себ насб шуд. Дертар оро додани арча низ расм гардид. Баъд аз сад соли дигар ин анъана дар кишварҳои дигари Аврупо низ паҳн гардид. Сокинони Финландия (соли 1800), Дания (1810) ва Норвегия (1828) оро додани арча оғоз карданд. Дар Белгия ва Голландия бошад, ороиши арча нимаи дуюми асри XIX ба ҳукми анъана даромад. Дар пойтахти Франсия арчаи солинавӣ соли 1840, дар дарбори шоҳ Луи Филипп оро дода шуд. Соли 1841 дар Англия низ оро додани арча оғоз ёфт. Дар Россия то давраи Пётри I соли нав 1 сентябр қайд гардида, дарахти санавбар рамзи ҷашн буд. Пётр соли навро мисли халқҳои дигари насронӣ ба 1 январ гузаронд ва 20 декабри соли 1699 фармон содир кард, ки дар ин рӯз иншооти гуногун ва хонаҳо бо дарахтони сӯзанбарг оро дода шаванд. Вале пас аз даргузашти Пётри I ин анъана фаромӯш гардид ва арчаро солҳои 40 — уми асри XIX ҳамчун дарахти солинавӣ ба хотир оварданд. Пас аз анҷоми Ҷанги аввали ҷаҳон императори рус Николайи II оро додани арчаро манъ намуд. Инқилоби Октябр анъанаро аз нав зинда кард. 31 декабри соли 1917 дар омӯзишгоҳи артиллерии Петербург арчаи солинавӣ оро дода шуд. Соли 1926 болшевикон бори дигар ин анъанаро чун расми зиддишӯравӣ манъ карданд.
Соли 1935 бо фармони И. В. Сталин оро додани арчаи солинавӣ эҳё гардид ва то ба ҳол идома дорад.
Аслан, фарорасии соли навро мардуми кишварҳои гуногун, мисли Мисри қадиму Бобулистон ва тоҷикон низ аз даврони хеле қадим ҷашн мегирифтаанд. Тибқи маълумоти таърихӣ, оро додани арча хеле пеш дар байни мардуми тоҷик роиҷ будааст.
Мардумшиноси машҳури рус Дмитрий Константинович Зеленин дар тадқиқоташ бо унвони «Тотемы-деревья в сказаниях и обрядах европейских народов»(«Дарахтони балогардон дар ривоятҳо ва русуми халқҳои Аврупо») анъанаи оро додани арчаро ба гузаштагони тоҷикон марбут дониста, тасвир менамояд: «Дар рӯзҳои нахустини баҳор ҷавонписарони чолоки деҳа, ба кӯҳ мерафтанд ва дарахти арчаи зебоеро интихоб менамуданд. Ба он шаробу равған мепошиданд, дар сояаш нону меваҳои овардаашонро мехӯрданд ва пасон дарахтро бурида, ба деҳа мебурданд. Мардуми деҳа онҳоро бо хурсандӣ ва мусиқӣ истиқбол менамуданд.
Дарахт дар соҳили дарё болои сангҳо гузошта мешуд. Бузеро забҳ мекарданд ва ҳамоно дар атрофи арча хурсандиву шодӣ ва рақсу бозӣ оғоз меёфт. Хурсандӣ ва ид бо шустани сару рӯй ва дасту пой дар дарё ба анҷом мерасид.
Пас аз анҷоми маросим сарвари хонадон шохаеро аз дарахт ба хона мебурд. Занҳо, ки дар хона интизори шавҳарон менишастанд, аз паси дарҳои пӯшида мепурсиданд: «Кист он ҷо?». Дар ҷавоб аз ҷониби мардҳо чунин суханон садо медоданд: «Агар ту хӯрок мехоҳӣ, овардам, агар либос лозим аст, овардам, агар фарзанд мехоҳӣ, овардам, агар чорво мехоҳӣ, онро ҳам овардам ва ҳар чӣ бихоҳӣ, ман онро дорам!»
Пас аз шунидани ин суханон зан дарро боз мекард ва қисме аз шохаро аз дасти шавҳар гирифта, об ва равған пошида, ба оташ мегузошт, шохаи асосиро орд пошида, дар шифти хона овезон менамуд, ки то иди дигар расо як сол овезон меистод. Дарахти арча рамзи баракату серҳосилӣ маҳсуб меёфт».
Мутаассифона, дар тадқиқоти Д. К. Зеленин дар бораи ҷашне, ки барои арча оро дода мешуд, маълумот мавҷуд нест. Вале дар аввали баҳор оро додани арча ва расо як сол дар шифти хонаҳо овезон истодани шохаҳои он далолат ба он мекунад, ки гап дар бораи соли нави тоҷикон – Наврӯз аст. Пас метавон иддао намуд, ки оро додани арча ҳамчун рамзи соли нав — Наврӯзи оламафрӯз аз гузаштагони мо сарчашма мегирад.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»