Тасмим барои таъмини истифодаи оқилонаи энергияи атомӣ

№7 (4427) 06.01.2022

vygodna-li-atomnaya-energetikaПас аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) (соли 2004) бори аввал дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» қабул гардид. Он замон қонуни мазкур масъалаҳои умумии танзими истифодаи энергияи атомиро фаро гирифта, асосан ба ҷанбаҳои гуногуни истифодаи иншооти ҳастаӣ, ба монанди неругоҳҳои атомӣ, тааллуқ дошт. Дар аввали даҳаи дуюми асри ХХI пас аз садамаи ядроӣ дар неругоҳи Фукусимаи Япония санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншооти ядроӣ такмил ёфта, аз ҷониби АБНА якчанд санади дахлдор қабул гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо ин созмони байналмилалӣ ба роҳ монда, такмил додани қонунгузории миллиро дар ин соҳа афзоиш дод. Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» дар таҳрири нав соли 2018 оғоз гардида, бо дарназардошти шароити замони муосир, омӯзиши таҷрибаи беҳтарини давлатҳои пешрафта, уҳдадориҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳадафҳои стратегӣ такмил дода шуд.

Масъалаи аввале, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим медарорад, дар бар гирифтани марҳилаҳои ҳаёти иншооти ядроӣ, аз интихоби майдонча то лоиҳакашӣ ва ба истифода додани он мебошад. Тавре маълум аст, аз саноати коркарди маъдани уран дар замони шӯравӣ зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ва майдончаҳои ифлосшуда «мерос» мондаанд. Он барои кишвар бори гарон маҳсуб шуда, дар танҳоӣ ҳал карданаш ғайриимкон аст. Чунин муносибат дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ набояд дигар такрор ёбад. Бинобар ин, дар марҳилаи банақшагирӣ бояд истифода ва солимгардонии майдончаҳо ба назар гирифта шаванд.

Масъалаи дигар, таъмини кафолатҳо оид ба паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва муҳофизати маводи ядроӣ мебошад, ки ин уҳдадориҳо аз Созишнома дар бобати паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва Конвенсия оид ба таъмини муҳофизати маводи ядроӣ бармеоянд ва Тоҷикистон ба онҳо ҳамроҳ шудааст. Дар қонунгузории ҷорӣ доир ба ин масъала муқаррарот мавҷуд набуд, ки татбиқи ин уҳдадориҳоро муайян намояд. Муқаррароти дар лоиҳаи қонуни мазкур пешбинишуда муносибатҳои байни мақомоти гуногуни кишварро вобаста ба татбиқи кафолатҳо ба танзим медарорад. Баҳисобгирӣ ва таъмини муҳофизати маводи ядроӣ, пешниҳоди эъломияҳо ба АБНА вобаста ба маводи ядроии дар кишварбуда, ки бо мақсадҳои осоишта истифода мешаванд, муносибат бо нозирони байналмилалии АБНА пешгирии истифодаи ғайриқонунии маводи ядроӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Омодасозии кадрҳои баландихтисос ва муайян намудани сатҳи касбияти онҳо ҳадафи дигари такмили қонуни мазкур мебошад. Дар муассисаҳои таълимии олии мамлакат ихтисос ва касбҳое, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ истифода мешаванд, гуногун ва бе ҳам­оҳангсозӣ муайян шудаанд. Инчунин, баъзе аз ихтисосу вазифаҳои марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ вуҷуд надоранд.

Ба омода намудани барномаи эътино ба садамаҳои ядроӣ, аз ҷумла,  садамаҳои ядроӣ дар иншооти кишварҳои ҳамсоя, таъсиси мониторинги ядроӣ ва радиатсионии муҳити зист барои ошкор кардани садамаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан лозим аст, то ин ки зарари камтар дошта бошанд.

Умуман, лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаро гирифта, шароит фароҳам меорад, ки оқилона истифода бурдани онҳо назорат шавад.

Алишер САФАРОВ,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия