Идомаи мавзӯъ

Роҳи осони бо барқ таъмин кардани деҳоти дурдаст

№7 (4427) 06.01.2022

1e65c66dab3d288ab19ce6ad95e1dd76Дар шумораи №146 (4408)-и рӯзномаи «Садои мардум» (аз 7 декабри соли 2021) мақолаи ҳамкорамон Исломи Раҷабалӣ зери унвони «Минтақаи Кӯлоб. Сокинони 93 деҳа аз барқ маҳруманд» чоп шуд. Муаллиф деҳаҳои аз барқ маҳруми ноҳияҳои Ховалинг, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин ва Темурмаликро бо шумораи хонаводаҳо зикр намуда, чунин хулоса кардааст: «Албатта гоҳ- гоҳе қатъ шудани қувваи барқ амри табиист. Вале ба ин ҳад аз барқ маҳрум будани сокинон, хоса бо надоштани трансформатору ноқилу пояҳои сими барқ ва он ҳам дар асри XXI, бисёр аламовар ва боиси таассуф аст».

Дар мақола зикр шудааст, ки баъзе аз сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо панелҳои офтобӣ хонаҳояшонро равшан мекунанд. Ба андешаи ман, ин аз лиҳози иқтисодӣ ва экологӣ беҳтарин интихоб аст. Зеро ба ҷои бо маблағи калон харидани трансформатор даҳҳо километр ноқил ва садҳо симчӯб, панели офтобӣ харидан арзон меафтад. Ин роҳи осонтарини таъмини сокинони деҳоти дурдаст бо неруи барқ мебошад.

Мутаассифона, масъулон ба ҷои ба мардум дар ин ҷода роҳнамоӣ кардан, кӯшиш мекунанд, ки мушкилотро пинҳон намоянд. Хуб мешуд, ки ба ҷои аз набудани маблағ бечоранолӣ кардан дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва ҶСК «Системавтоматика» ба деҳаҳо рафта, дар бораи харидану насби панелҳои офтобии 1-2 — киловатта бо онҳо суҳбат намоянд. Зеро агар сокинони деҳаҳои бебарқ солҳои зиёд маблағи барои шамъу фонусу равғани чароғ сарфнамудаашонро ҷамъ мекарданд, кайҳо соҳиби панели офтобӣ мешуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2007 дар мамлакат «Барномаи комплексии мақсадноки истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2007- 2015» қабул шуд. Мутаассифона, ин иқдоми нек, бинобар норасоии маблағ, пурра амалӣ нагардид. Ҳоло зарурати қабули барномаи нав ба миён омадааст. Зеро бисёр кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон манфиати таҷҳизоти офтобию шамолиро дарк намуда, истифодаи онҳоро вусъат дода истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили 60 — солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин таъкид намуданд: «Яке аз дастрастарин манбаъҳои энергия неруи офтоб мебошад. Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки тавассути истифодаи энергияи офтоб арзиши гармкунии об ва манзилро то 70 фоиз кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, имрӯз дар хонаҳои шахсӣ, иморатҳои баландошёна, мактабу беморхона ва корхонаҳои саноатии кишварҳои пешрафтаи дунё барои гарм кардани об аз коллекторҳои офтобӣ истифода мебаранд».

Як соли охир Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мактабу беморхона, марказҳои ҳунаромӯзӣ ва меҳмонхонаҳоро дар ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Дӯстӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Кӯҳистони Мастчоҳ бо панел, обгарм­кунак ва танӯрчаи офтобӣ муҷаҳҳаз гардониданд.

Истифодабарандагон зимни суҳбат бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки воқеан таҷҳизоти офтобӣ «роҳати ҷон» будаасту бисёриҳо то ҳол дар бораи он тасаввурот надоранд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда, дар ҳамкорӣ бо раисони маҳаллаҳо мутахассисони соҳаро ҷалб кунанду бо мардум вохӯриҳо доир намуда, дар бораи аҳамияти насби таҷҳизоти офтобӣ маълумот диҳанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»