Таҳдидҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ

№8 (4428) 08.01.2022

Таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо ба шумор меравад. Дарки амиқи ин ­масъала Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ водор сохт, ки масоили таъмини амнияти миллӣ ва минтақавиро ҳамчун вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсат дониста, бар зидди зуҳуроти нангини аср, аз ҷумла ифротгароиву терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муборизаи беамон барад. Дарёфти роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, пешгирӣ намудани хатару таҳдидҳо яке аз муҳимтарин ҷанбаҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Ҷараёни рӯйдодҳои ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дода истодааст, ки ҳеҷ як давлат дар танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидҳои муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин раванд, танҳо кӯшишҳои муштараки давлатҳо метавонанд муассир бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, СААД, ИДМ, САҲА ва ғайра хуб ба роҳ монда, ҷонибдори таъмини амният дар ҷаҳон мебошад.

Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти на танҳо давлат, балки ҷомеа ва ҳатто ҳар як фарди он дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ ва амалисозии онҳо бетараф нестанд.

Яке аз хатарҳое, ки алҳол ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид менамояд, вазъи бесуботӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Баҳри таъмини амният Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон аз минбарҳои сатҳи байналмилалӣ вазъи мавҷударо ба ҷаҳониён расонида, аз онҳо тақозо менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар ба пойдор гардидани сулҳ дар он кишвар ёрӣ расонанд.

Чунон ки дар яке аз суханрониҳо Пешвои миллат иброз доштанд: «Мусаллам аст, ки амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама, бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад».

Ташкилотҳои ифротгаро ва террористӣ вазъи Афғонис­тонро барои расидан ба ҳадафҳояшон басо қулай дониста, барои ҳамсоякишварҳо таҳдиди бузург эҷод менамоянд. Терроризм ва ифротгароӣ сарчашмаи барангезандаи таҳдиду зӯрӣ, расонандаи зарари вазнини рӯҳию ҷисмонӣ, таҷовуз, бенизомӣ, тағйи­ри сохтори конститутсионӣ, ғасби ҳокимият, ташкилкунандаи низоъҳои миллӣ, динӣ ва иҷтимоӣ гардидаанд.

Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, аз хатару таҳдидҳои муосири терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эмин нест.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки «Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» — ро татбиқ намуда, барои давраи то соли 2025 стратегияи навро дар ин самт қабул намуд. Дар баробари ин, Тоҷикистон «Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020», «Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экстремизм» ва дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ»-ро қабул намудааст, ки ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамоянд.

Таҳдиду хатарҳо ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти фаромиллӣ дошта, инчунин, ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таъсир мерасонад.

Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназар­дошти манфиатҳои милливу минтақавӣ минбаъд низ сиёсати пешгирифтаро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода, ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баҳри таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ бо мақсади аз байн бурдан ва кам кардани таъсири манфии зуҳуроти нангини аср тақвият мебахшад.

Абубакр МАҲМАДСАИДЗОДА,

мутахассиси МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон