Вақте дар мамлакат барои чопи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ омодагӣ оғоз ёфт, ёд дорам, ки он рӯз баррасии масъала хеле тезутунд сурат гирифт ва ниҳоят, масъалаи тарҷумаву нашри китоб ба уҳдаи нашриёти «Ирфон» вогузор шуд. Баъд аз анҷоми ҷаласа ёвари кумитаи тадорукот аз раҳбарияти нашриёт хоҳиш намуд, ки як муддат дар дафтари кории раис монанд. Холмурод Шарифов одат дошт, ки ҳангоми ҳалли масъалаҳои муҳим бо алоқамандон дубора суҳбат меорост ва вазифаи ҳар нафар ва вақти иҷрои онро мушаххас мекард.
Ба зиммаи ман, ки муовини директори нашриёти «Ирфон» будам ва Иброҳим Ғаниев, саррассоми нашриёт, таҳияи маводи ороишии китоб, аз ҷумла, интихоби расму тасвирҳо барои муқоваю саҳифаҳои дигари он вогузор шуд.
Китоби «Тоҷикон» нахустин бор соли 1972 дар шаҳри Москва бо забони русӣ интишор ёфт ва на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар хориҷ аз кишвар низ шуҳрат пайдо кард. Ва то замоне ки ба тарҷумаи китоб ба забони тоҷикӣ азм кардем, «Тоҷикон» аллакай ба чандин забони халқҳои олам тарҷума ва нашр гардид.
Хиҷолатзада аз фориғболиву беэътиноӣ ба таърихи куҳанбунёди тоҷикон ҳама аз пайи иҷрои саривақтии он кори муҳим шудем.
Барои интихоби маводи ороиш маро зарурати сафар ба шаҳри Москва пеш омад, аз ин рӯ, ҷиҳати мусоидат ба раиси кумитаи тадорукот муроҷиат кардам. Холмурод Шарифов маро зуд ба ҳузур пазируфта, инчунин, Муҳаммад Осимӣ — президенти Академияи фанҳои ҷумҳуриро дар бобати сафари кориам ба Москва тавассути телефон огоҳ намуд. Таъкид кард, ки агар ҳангоми сафар мушкиле пеш ояд, ҳатман онҳоро огоҳ созам.
Дар Москва аввал ба нашриёти «Наука» рафтам. Китоби «Тоҷикон»-ро нахустин бор ҳамин нашриёт ба табъ расонда буд. Дар қабулгоҳ котибаи мудири нашриёт баъд аз огоҳ шудани мақсадам посух дод, ки иҷрои чунин кор ба уҳдаи саррассом аст ва мудир маро қабул намекунад, бояд ба шуъбаи ороишот муроҷиат намоям. Он рӯз саррассоми нашриётро пайдо накардам, дар беморхона бистарӣ будааст. Рӯзи дигар ноилоҷ боз ба қабулгоҳи мудири нашриёти «Наука» даромадам. Котиба ин дафъа сард ба рӯям нигаристу омирона хитоб кард: «Танҳо саррассом ба ту ёрӣ расонда метавонад ва аз куҷо пайдо кардани ӯ вазифаи ман нест. Бирав, ба корам халал нарасон!». Бо умеди дарёфти суроғаи беморхона ба шуъбаи ороишот баргаштам, то ба аёдати саррассом равам, аммо кормандонаш намедонистанд, ки ӯ дар кадом беморхонаи Москва бистарӣ шудааст. Бояд тадбире меандешидам, ки мудири нашриёт маро ба ҳузур пазирад, вагарна сафарам бебарор меанҷомид.
Як харбузаи аз Душанбе бурдаамро дар тӯрхалта гирифта, аз мағозаи шафати меҳмонхона ду баста конфети шоколад харидаму ба қабулгоҳи нашриёт шитофтам. Ин бор котиба дастовезамро дида, бо чеҳраи кушод онро аз дастам гирифт ва ваъда дод, ки дараки саррассомро ёфта ба ман хабар медиҳад. Субҳи рӯзи дигар котиба мувофиқи ваъда хабар дод, ки саррассомро дидааст ва ӯ имрӯз ба кор меояд.
Ба ҷониби шуъбаи ороишоти нашриёт шитофта, воқеан, саррассомро дар ҷойи кор пайдо кардам, вале ӯ мактуби расмии аз Тоҷикистон овардаамро ба ҷурме, ки дар он иҷозати раҳбари нашриёти «Наука» мавҷуд нест, рад кард. Ночор сӯйи қабулгоҳи мудир давидам. Котиба номаро аз дастам гирифта, афсӯсхӯрон посух дод, ки сарварашон ба сафари хидматӣ рафтааст. Баъд аз ин ҳама даводавиҳои бесамари чандрӯза маъюсона ба меҳмонхона баргаштам ва ба хулоса омадам, ки бояд ба Душанбе хабар диҳам. Пас аз як соати дархост танзимгар алоқаро бо Душанбе пайваст ва гӯшакро бардоштам. Устод Осимӣ маро шинохта, пурсиданд:
- Лаббай, писархонд, корҳоятон чӣ хел?
Ман воқеаро муфассал нақл кардам.
- Осуда бошед. Рақами телефонатонро ба ман гӯед, — гуфтанд устод, — Ман имрӯз ба шумо занг мезанам.
Айнан бо ҳамин хабар ба Холмурод Шарифов ҳам телефон кардам.
Он кас «Илоҷаш ёфт мешавад», — гӯён маро рӯҳбаланд карданд.
Хеле маъюс будам, аз гулӯям об ҳам намегузашт, ҳатто тамошои телевизор ба дилам намегунҷид. Бо ҳазору як хаёл дар меҳмонхона интизори садои телефон нишастам. Баъд аз ду — се соат садои телефон маро ҳушёр кард. Аз гӯшак овози Холмурод Шарифов шунида шуд.
- Ману Муҳаммад Сайфиддинович бо устод Бобоҷон Ғафуров телефонӣ ҳамсуҳбат шудем. Ба наздашон дароед. Аз натиҷааш моро огоҳ созед. Ба шумо барори кор мехоҳам, — гуфтанд Холмурод Шарифов.
Гӯшаки телефонро ба ҷояш гузоштаму арақи сард вуҷудамро пахш кард. Ба изтироб афтодам. Аз чӣ гуна сурат гирифтани дидорбинӣ бо шахсияте чун Бобоҷон Ғафуров, ки то он лаҳза боре ҳам шарафманд нашудаам, дар ҳаяҷон будам.
Дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров нахустин маротиба солҳои таҳсилам дар Университети давлатии Тоҷикистон аз Меҳрубон Назаров — устоди таърихи Тоҷикистон, дертар вазири фарҳанги ҷумҳурӣ шунида будам. Шарҳи ҳоли ин алломаи тоҷик барои мо — донишҷӯён шавқовар буд. Баъдтар муаррих Усмонҷон Ғаффоров ба мо дар бораи китоби ӯ «Таджики» (чопи нашриёти «Наука»-и Москва), ки миёни олимони ҳасуду нотавонбини давлатҳои ҳамсоя шӯру валвала ангехта буд, нақл кард. Ғарқи андешаҳои бесару нӯг хоб аз сарам парид ва шаби дароз дамидани субҳро интизор шудам. Баробари расидан ба қабулгоҳи Бобоҷон Ғафуров ёвари устод маро ба ҳуҷраи корашон даъват намуд. Устод, ки дар назди мизи корӣ рост истода буданд, дастонамро самимона фишурданд. Ман аз ин вохӯрӣ чунон ба ҳаяҷон омадам, ки шиддати ларзиши дастонамро эҳсос менамудам. Бо ишораи устод дар курсие нишастам. Дар ин асно марди ситорагарми қоматбаланде вориди ҳуҷраи устод гашта, дар рӯ ба рӯяшон нишаст. Устод он мардро ба ман муаррифӣ намуданд. Директори нашриёти «Наука» будааст. (Афсӯс, ки ному насабаш аз ёдам рафтааст).
- Ҳамроҳашон ба нашриёт меравед, барои дарёфти маводи зарурӣ ба шумо ёрӣ мерасонад. Ронандаи мошини хидматиам шуморо роҳбалад мешавад, — гуфтанд Бобоҷон Ғафуров.
Бо роҳбари нашриёт ба дафтари кориаш рафтем. Котибаи шинос маро хуш пазиро шуда, як қадаҳ қаҳва низ дар наздам гузошт. Директори нашриёт саррассомро наздаш даъват намуда, супориш дод.
Сипас, ба меҳмонхона рафта, бо Душанбе дар тамос шудам ва барои иҷрои давоми корҳо Иброҳим Ғаниев — саррассоми нашриёти «Ирфон»-ро ба Москва даъват намудам. Барои интихоби дурусти харитаю расмҳои таърих, ҳуҷҷатҳои қадима ва дигар ашёи ноёб аз бойгонии нашриёти «Наука» дар ороиши муқоваву саҳифаҳои дигари китоб ба машварати ӯ, ки коршиноси соҳа буд, ниёз доштам. Бегоҳӣ, вақте ки ман хушҳол дар меҳмонхона дам мегирифтам, занги телефон баланд шуд, гӯшакро гирифтам, овози устод Ғафуров:
- Ман Ғафуров, домулло, маҳсулоти оши палавро равон намудед, лекин ошпаз нест, ман мошинаро ба меҳмонхона фиристодам, бо ронанда ба хона биёед ва оши тоҷикиро ҳамроҳ мепазем, — гуфтанд. Маҷолам хушк шуд, чунки ман боре ҳам оши палав напухта будам. Бо маслиҳати Холмурод Шарифов дар як қуттичаи майда сабзии резакарда, биринҷи Панҷакент, сабзавоти ҳархела ва як харбуза бо ронанда равон карда будам. Бо ҳаяҷон ба хона ворид шудам ва то ошро омода сохтан хеле суҳбат кардем. Устод фаҳмиданд, ки ман аз шаҳри Конибодом ҳастам, дар бораи кадрҳои шаҳрамон хеле бо эҳтиром ҳарф заданд. Хусусан, дар бораи Қаҳрамони меҳнат Абдураҳмонов Неъматҷон, солҳои зиёд котиби якуми шаҳри Регар (ҳоло Турсунзода), Пахтаобод ва Ҳисор, дар бораи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Сироҷиддин Исоев, ки зиёда аз 34 сол роҳбари Колхозобод (ҳоло Ҷалолиддини Балхӣ), калонтарин ноҳияи пахтакори ҷумҳурӣ буд, сухан ронданд. Дар бораи аз худ намудани водии Вахш хизмати Исоевро бениҳоят бузург арзёбӣ карданд. Ман аз зодаи Конибодом буданам ифтихор доштам. Зеро онҳоеро, ки устод Бобоҷон Ғафуров номбар карданд, яке аз ҷониби падарам, дигаре аз тарафи модарам ба ман хеши наздик буда, нисбат ба ҳамдигар бо эҳтиром рафтор менамудем ва ба хонаҳои ҳамдигар рафтуомад доштем.
Рӯзи дигар Иброҳим Ғаниев ба Москва омад. Ҳамроҳ ба бойгонии нашриёти «Наука» рафта, ба ҷустуҷӯи маводи зарурӣ шурӯъ кардем. Баъд аз даҳ рӯзи ҷустуҷӯ ба мо муяссар шуд, ки ҳама супоришро иҷро намуда, ба Душанбе баргардем.
Вақте ки ба Душанбе баргаштем, аз тарҷумаи китоби «Таджики» ҳанӯз дарак набуд. Академияи илмҳои Тоҷикистон бояд онро зуд ва дар муҳлати кӯтоҳ дар ду нусха ба нашриёт пешниҳод мекард. Муҳаррири нашриёт дастнависи тарҷумаро аз нав таҳрир менамуд ва мусаҳҳеҳ низ ғалатҳои онро ислоҳ мекард. Бехато ва бо сифати баланд тарҷума ва ба нашр расонидани чунин китоби ҳаҷман бузургу нодир кори хеле масъулиятнок буд.
Ман дар як суҳбат масъаларо ба Холмурод Шарифов фаҳмондам. Устод масъулони чопи китобро ба наздашон даъват карда, ҳар чӣ зудтар анҷом додани корро хоҳиш кард. Пешниҳод кардам, ки дастнависи бобҳои ба итмомрасидаро мунтазири тарҷумаи пурраи китоб нашуда, пайи ҳам ба нашриёт овардан гиранд. Ҳамин тариқ, кор пеш мерафт. Китоб барои ҳуруфчинӣ тайёр ва дар асоси ҷадвали махсус ба Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе супурда шуд. Баъд аз ҳуруфчинӣ муҳаррирон ба таҳрири он сар карданд. Дастнависҳо тадриҷан шакли китобро пайдо менамуданд. Масъалаи дар кадом Комбинати полиграфӣ чоп намудани «Тоҷикон» пеш омад. Дар нашриёти мо бо теъдоди зиёд ва босифат чоп кардани китоб мушкил буд. Бинобар ин, ба хулоса омадем, ки китобро аз матрисаи полиграфӣ гузаронда, шаҳри Қазон бурда чоп кунем. Тарҷумаи китоб хеле кашол ёфт, танҳо соли 1983 китобро ба чоп ҳозир намудем. Афсӯс, ки устод нашри тоҷикии асарашонро надиданд, зеро дар қайди ҳаёт набуданд.
Сипас, Х. Шарифов ба ман занг зада гуфтанд:
- Се рӯз аст, ки ба як хулоса омада наметавонам. Хоҳари устод Бобоҷон Ғафуров ба ман телефонӣ хоҳиши устодро расонданд. Устод пеш аз вафоташон хоҳиш карда будаанд, ки китобашонро аз 50000 нусха зиёд чоп накунем. Вай аз фурӯш нарафтани теъдоди зиёди китоб ва сарфи беҳудаи коғаз андешидаанд.
Мо аллакай барои нашри китоби «Тоҷикон» бо теъдоди 150000 нусха, ки дар нақша буд, садҳо тонна коғаз, картон ва дигар лавозимотро ба Қазон фиристода будем. Аз ҷониби дигар, агар теъдоди нашри онро коҳиш медодем, нақшаи солонаи нашриёти «Ирфон» ва ҳам нақшаи комбинати полиграфии Қазон иҷро намешуд. Ин масъаларо низ мебоист ба эътибор мегирифтем.
Бо роҳбарияти полиграфкомбинати Қазон дар тамос шудам. Гуфтугузорамон дар аввал ниҳоят тезутунд шуд, сипас ба қароре расидем, ки аз ҳисоби нашри китоби «Тоҷикон» чопи китоби дигареро ба роҳ монем, ки ҳаҷму шаклаш ба он мувофиқ бошад ва коғазҳои ба Қазон фиристодаамон истифода шаванд. Бо ин пешниҳод рӯзи дигар ҳамроҳи сармуҳаррир ба назди раиси кумита рафтем. Пешниҳоди аз ин беҳтар набуд ва илова ба «Тоҷикон» китоби «Ҳазору як шаб» — ро низ ба чоп тавсия кардем. Ин таклифро Х. Шарифов дастгирӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо бояд ба хонандагон хотиррасон намоям, ки дар тарғибот, фурӯхтан ва чоп намудани китоби муқаддас саҳми собиқ раиси «Идораи иттиҳодияи ҷумҳуриявии фурӯши китоб» («Тоҷиккитоб»), яке аз фидоиёни фарҳанги тоҷик Бобохон Маҳмадов бениҳоят калон мебошад.
Ман бо матрисаҳои китоби «Тоҷикон» ва «Ҳазору як шаб» ба Қазон парвоз кардам. «Тоҷикон» бо теъдоди 50000 нусха чоп шуд ва чунон зуд ба фурӯш рафт, ки баъди чиҳил рӯз дар мағозаҳои Тоҷикистон онро пайдо кардан амри маҳол буд. Ба унвони нашриёт бо хоҳиши чопи такрории он аз хонандагон ҳазорон нома омад. «Тоҷикон»-ро бори дуюм бо теъдоди 150000 нусха чоп кардем.
Китоби нодир боз чандин бори дигар ба табъ расид. Академик Бобоҷон Ғафуров бошад, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд.
Шоистаи дастгирист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон соли гузашта таъкид намуданд, ки китоби академик Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Ҳукумат бознашр карда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳар хонаводаи тоҷик ройгон туҳфа карда шавад.
Ин амали созандаи Пешвои миллат андешаи донишмандеро дар зеҳнам таҳрик медиҳад, ки барҳақ гуфтааст: «Ҳар касе, ки таърихи гузаштаи худро намедонад, ояндаи худро низ сохта наметавонад». Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи асли хеш бошем ва расму русум ва дину оинамонро пайгирӣ намоем. Мавлонои бузург низ хеле бамаврид фармудааст:
Ҳар касе, к — ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Нозимҷон ФОЗИЛОВ,
раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансур,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон