Модаркалонам Муҳаррамхон духтари яке аз бойҳои Хуҷанд — Ҳоҷиохуни румонӣ буданд, ки дар бораашон муаррихи варзидаи тоҷик, Ҳасанбой Шарифов дар китобаш «Манзили аҷдодони мо» маълумоти муфассал додааст.
Соли 1973, баъди вафоти бобоям мани 10 — сола дар хонаи модаркалон зиндагӣ мекардам. Диққати ману укоҳоямро ҳар замон ҷевончаи он кас ҷалб мекард. Медонистем, ки дохили он, албатта, нуқлу наво ҳаст. Модаркалон ҳамеша мекӯшиданд, ҷевончаро дар ғайби мо кушоянд. Калиди онро пинҳон мекарданд. Вақте ки 14 — сола шудам, он кас ба ман дар бобати рӯзгордорӣ насиҳат мекарданд. Мегуфтанд, ки эҳтироми меҳмонро хуб ба ҷо орем. Боре ба ҷевончаашон ишора карда, гуфтанд:
- Медонӣ, ки дар дохилаш чӣ ҳаст?
- Бале, — ҷавоб додам.
Воқеан ҳам, медонистам, ки дар дохили он як лаълӣ қандҳои ҳархела, мураббо, 3 — 4 кило биринҷ, 2-2,5 кило гӯшти пухта ва 2 нон нигоҳ дошта мешуд.
- Дар хотир дор, агар ногаҳон «чашм пӯшида монам», барои меҳмондории шаби сиёҳ сарсон намешавед.
Он вақт ба ин гуфтаҳо чандон сарфаҳм намерафтам. Медонистам, ки маросими азои солҳои 70-уми қарни гузашта маъракаи «шаби сиёҳ» дошт.
12 июни соли 1979 модаркалон аз олам чашм пӯшиданд ва ба шарофати ҷевончаашон «шаби сиёҳ» — ашонро гузарониданд.
Ҳадаф аз нақли ин қисса чист? Мақсад бозгӯйӣ намудани сарфаю сариштакорист.
Раҳматии тағоям Мирзораҳим, ки инсони соҳибмаърифат буданд, мегуфтанд:
- Ҷаҳд кун, ки занат сарфаю сариштакор бошад. Вагарна, миллион сомонӣ орӣ ҳам, зуд исроф мекунад.
Таҷрибаи зиндагӣ инро борҳо исбот сохтааст. Сад афсӯс, ки исрофкории баъзе аз бонувон то вайроншавии оилаҳояшон оварда мерасонад. Биноан, модаронро зарур аст, ки духтаронро рӯзгордорӣ омӯзанд, то дар зиндагии мустақилона сариштакориро пеша намоянд.
М. МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»