Ду миллион доллар барои ғизои мактабӣ

№ 26.01.2022

271940185_3123233197996803_3620267973652068274_nФедератсияи Россия барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ)-и Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ду миллион доллари ИМА ҷудо менамояд. Ин маблағ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ тақрибан ба 2000 мактаб ҷиҳати бо хӯроки гарм таъмин намудани мактаббачагон сарф хоҳад шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ мушовири Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов ва намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам хабар доданд.

- Россия, аллакай беш аз 82 миллион долларро барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ ҷудо намудааст, — иттилоъ дод Шамил Шамсутдинов.

Адҳам Мусаллам зикр кард, ки тавассути ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии доимии Федератсияи Россия Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ барои таъмин кардани кӯдакон бо маҳсулоти ғизоӣ мусоидат мекунад, ки ба рушду инкишофи солими онҳо аҳамияти калон дорад.

Зикр гардид, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ёрии техникӣ мерасонад ва кӯшишҳои онро баҳри идора ва ҳамоҳангсозии Барнома дар кишвар дастгирӣ хоҳад кард.

 Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Соли 2021 муассисаҳои таълимии кишвар ба андозаи 7 ҳазор тонна маҳсулоти ғизоӣ дастрас кардаанд, ки имкон дод зиёда аз 440 ҳазор хонандаи мактаб бо ғизо таъмин гарданд.

МАФТУНАИ ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»