Ба мо муроҷиат мекунанд

Асои 60–уми бобои Ҳамроқул

№13 (4433) 26.01.2022

271889480_462316628754986_8278652057550314162_nКӯҳансоле вориди ҳуҷраи корӣ шуд ва баъд аз саломуалейк гарму самимона аҳволпурсӣ кард. Агар намегуфт, ки 70 – сола аст, аз симо ва чусту чолокиаш гумон мекардӣ, ки акнун ба шаст қадам мондааст.

- Шукр, ки ба ин синни муборак расидам ва ҳоло ҳам мехоҳам барои Ватан ва мардум кореро анҷом диҳам, то аз ман амали хайр ба ёдгор монад,- гуфт зимни суҳбат Ҳамроқул Қурбонов. Сипас, дурудароз аз рӯзгораш қисса кард. Маълум гардид, ки дар зиндагӣ пастию баландиҳоро тай карда, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст.

Ӯ сокини деҳаи Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав мебошад. Аз нақлаш маълум гашт, ки баъди хатми мактаби миёна бо даъвати комсомол касби булдозерчиро омӯхта, дар участкаи баистифодабарии роҳҳои № 5 ба фаъолият оғоз карда, баъдан, таҳсилро дар Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии №11 ноҳияи Ҳисор идома дода, онро бо дипломи аъло ба итмом расондааст. Баъд аз адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ Ҳамроқулро ҳамроҳи як гурӯҳ ҷавонон барои таҳсил ва аз бар кардани касби металлургӣ ба шаҳри Краснотурински вилояти Свердловск фирис­тоданд. Онро низ соли 1975 бо дипломи аъло хатм карда, ба Тоҷикистон баргашт ва ӯро ба Корхонаи алюминийи Регар ба кор даъват намуданд.

Баъд аз чанд муддати фаъолият роҳбарияти корхона ӯро ба Донишгоҳи металлургии шаҳри Тошканд равон намуд. Бо таҳсил маҳорати касбӣ ва дониши тахассусиаш афзун шуда, дар корхонаи алюминий аз сардори звено то ба вазифаи сардори сех фаъолият кард. Ӯ, ки ҷавони чолок, мутахассиси хуб ва ташаббускор буд, давоми фаъолият дар истеҳсолот навовариҳои зиёд ҷорӣ намуд. Пешниҳодоти вай ба ин корхонаи азими мамлакат манфиатбахш гаштанд.

- Аммо аз куҷо медонистам, ки пешрафту комёбиҳоям ба баъзе аз роҳбарону масъулони нотавонбини беҳунар намефорад. Инро баъдан, вақте ки дар Тоҷикистон нооромиҳо сар заданду кор дар ҳама соҳа фалаҷ шуд ва як гурӯҳ одамон аз пайи қассосу ғоратгарӣ шуданд, фаҳмидам, — мегӯяд ӯ.

Қиссаҳои ҷолиби акои Ҳамроқулро гӯш мекардаму диққатро чанд чизи монанд ба асо, ки ҳамроҳаш оварда буд, ҷалб кард. Ниҳоят, аз вай дар ин бора пурсидам.

- Солҳои охир асо месозам ва дар онҳо асбоби равшанидиҳанда низ насб мекунам, то шахсе, ки аз он истифода мебарад, шабона роҳаш равшан бошад. То ҳол қариб 60 адад асо сохта, ба пиронсолону маъюбон туҳфа кардам, — гӯён дафтари ёддошташро аз ҷузвдонаш бароварда, нишон дод. Дар он рӯйхати шахсони синнашон аз 65 — 70 то садсола ва аз он ҳам боло бо нишониашон сабт шудааст. Вай қайдҳоро шарҳ дода гуфт:

- Чанд рӯз пеш ба Надомат Салимоваи 98 – сола аз шаҳри Панҷакент тавассути наберааш Фирӯза, инчунин, ба Холалӣ Амакови 84-сола (ноҳияи Восеъ) ва бибӣ Соати 94 – сола (ноҳияи Рашт) тавассути наздикон ва шиносҳояшон асо туҳфа кардам.

Дар фарҷом асои 60-умро ба идораи рӯзнома супурда, гуфт, ки шахси пиронсолеро пайдо карда, ба вай тақдим намоем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»